Thursday, February 6, 2020

"Паринамо" ё "Парвиннамо"

Таронаи маъруфи равоншод Муборакшо Мирзошоев ки дар замири қалби ҳамаи мухлисонаш ҷо гирифтааст, дар сабтҳо ҳамеша бо номи "Парвинамо" меояд. Худи Муборакшо, ёд дорам, дар яке аз кунсертҳояш вақте мехост таронаи навбатиашро хонад, ба сӯи Иқболшову Анваршоино назар афканда бо садои паст "Аҷаб ранг аҷаб ҳаво" гуфта ба он ном ниҳода буд. Аз мазмуни шеър, албатта, ман ҳамеша ин таронаро "Нола Дорам" меномидам. Новобаста аз он ки номи тарона чист, яке аз вожаҳояш то ҳол бароям номаълум аст. Яъне чуноне ки мардум мегӯянд, "Парвинамо", ин вожа ягон маъние надорад. "Парвиннамо" ки маънии хуб ҳам дорад (яъне шабеҳи Парвин, маҷмӯи ситораҳои Ҳафт Хоҳарон) саҳл дағалтар садо медиҳад. Чун Муборакшо бештари вақт "и" ро дарозтар мекашад, фикр кардам шояд ин "Паринамо" бошад. Хонандагон ба чӣ назаранд? Матни тарона дар поин:

"Паринамо"
Аҷаб ранг, аҷаб ҳаво,
Аҷаб шӯхи нораво,
Ба қадат чӣ нозанин,
Ба сурат паринамо!
Ба сурат паринамо!
(2 бор)
Бевафоӣ аз ту шуд.
Дилҷудоӣ аз ту шуд.
Ин куҷо бошад раво?
Аз кӣ пурсам?
(2 бор)
Ооооооооооо, нола дорам, нола дорам, нола дорам!
Ооооооооооо, нола дорам, нола дорам, нола дорам!
***
Аҷаб ранг, аҷаб ҳаво,
Аҷаб шӯхи нораво,
Ба қадат чӣ нозанин,
Ба сурат паринамо!
Ба сурат паринамо!
(2 бор)
Ҳанӯзам ёдӣ манӣ,
Ёди барбоди манӣ,
Ин куҷо бошад раво?
Аз кӣ пурсам?
(2 бор)
Ооооооооооо, нола дорам, нола дорам, нола дорам!
Ооооооооооо, нола дорам, нола дорам, нола дорам!
***
Аҷаб ранг, аҷаб ҳаво,
Аҷаб шӯхи нораво,
Ба қадат чӣ нозанин,
Ба сурат паринамо!
Ба сурат паринамо!
(2 бор)
Ба сурат паринамо!

Saturday, January 4, 2020

Филмҳои тоҷикӣ

Чанд соле аз ин пеш, фикр кунам 14-15 сол аз ин қабл, ҳангоме ки интернет акнун густарда мешуду, Ютуб ҳанӯз моли Гугл набуд, як сомонае ба ном http://baxtier.mylivepage.ru фаъолият мекард, ки дар он филмҳои зиёди истеҳсоли "Тоҷикфилм" гузошта мешуд. Аз рӯи сомона маълум буд, ки соҳиби ин архиви филмҳо ҷавонмарде бо ном "Бахтиёр" буда, аз дӯстдорони филмҳои "Тоҷикфилм" буд. Мутаасифона, чанд солест ин сомона дигар кор намекунад. Гарчанде чанде аз филмҳои гузоштаи ин ҷавонмардро ҳоло дар ин ҷову он ҷо метавон пайдо кард, бештари ин филмҳо дигар дар сафҳаҳои интернет нестанд. Аз ҷумла, филми "Фиғонаи Нафрат" ро, ки чандест боз меҷӯяму наметавонам пайдо кардан. Ба худ гуфтам, ин ҷо як қайдномае нависам, шояд ин бузургмард ба мо номаи ошкоро бинависаду ин филмҳоро боз ба ширкат гузорад. Қаблан хеле сипосгузорам! 

Saturday, July 20, 2019

Панҷаи Кушод (дар "Овози Самарқанд" нашр шуда)


Панҷаи кушод
(ҳаҷвия)
          Субҳидам аз хоб хеста, сару либосамро пўшидам ва як нўг нонро ҳам насия гузошта пой дар даст сўи факульта шитофтам. Ғайр аз муаллим Тамаъ Ҳарисович аллакай ҳама ҷамъулҷамъ. Ҳамин лаҳза муаллим низ саросемавор аз автобус фуромада сўи мо нигоҳи ҳарисонае партофту шояд дар гулўяш луқмае дармонда буд, ки онро қултӣ фурў бурд ва ба ман ишорати «аз пасам биё» кард. Худ шитобон аз даҳлез ба даруни бино даромада ғоиб гашт. Ман низ ҳаққи муаллимро, ки аз бачаҳо бо сад машаққат рўёнида будам, «вақт ғанимат» гўён зуд зери бағал гирифта аз паси муаллим шудам.
           - Ку, даро! – бо баробари дар долон дидани ман номураттаб нафаскашон хитоб кард ў ва давом дод: - Дарро аз қафоят пўш!
          Қафаси синаам аз ҳаяҷон меларзиду пасу пеш мебаромад. Худро илоҷе ба даст гирифта наздиктар рафтам. Тамаъ Ҳарисович гулўи қозгирашро як-ду афшонда, сўям ишорати нишастан намуд ва ба пурсиш сар кард:
          - Хўш, Гадоев, тайёриҳо чӣ тур?
          Азбаски иқтисоди бозаргонӣ фанни дўстдоштаам буд, хостам «аъло» гўён ҷавоб диҳам, аммо сари вақт аз ин беадабие, ки нўги забонамро ба хориш оварда буд худро нигаҳ дошта, бо чашмони илтиҷоомез сўи муаллим нигаристам, то хотири он касро мағшуш насозам. Тамаъ Ҳарисович аз вақтхушӣ қариб буд, фарьёд занад ва чашмони барқзадаашро аз ман наканда, ҳатто даст-даст карда дид, то ин ҳама дар хоб набошад. Сипас аз ҷайбаш як қогази дарозеро бароварда сўям дароз намуд ва бо савлату шукўҳе ки қаҳрамононро хос бошад, хондани маро мунтазир шуд. Рўйхати либосу афзоли писарчаи мактабхонаш будааст; аз қаламтезкунак то шиму ҷуроб ҳамаро як-як пеш оварда буд. Таби сўзоне баданамро вараҷа занонда бошад ҳам барои хотири муаллим пинҳон доштам ва ҳатто болои он табассуми фарохе ҳадя намудам.
          - Шогирди олиҷаноб! – Тамаъ Ҳарисович ҳаяҷонашро нигоҳ дошта натавонист ва илова намуд: - Тезтар ин корҳоро ба сомон расону наздам баргард, он тарафашро сонӣ мепазонем.
          Ҳангоми гусел панҷ ангушташро сўям кушода дошт. Аз чашми мани зирак ин чиз пинҳон намонд, албатта. «Ана ин гапи дигар. Ба қавле таги ҳар меҳнатро роҳатест, мо низ «5» гирем чӣ шудааст? Зиёдатар аз ин олиҳимматӣ вуҷуд надорад».
          Бо баробари дидани бачаҳо ман низ панҷ ангушт кушода доштам. Дар лаби ҳама табассум…
          То пешин мағозадавӣ карда саг барин монда шудем. Тўҳфаи янгаамонро низ фаромўш накардем, албатта. Ҳамаи бор, ки тахт шуд, таксиеро киро карда чизҳоро ба хона дасти янгаамон супоридем ва пешинӣ мондаву шалпар ба факульта баргаштем.
          Муаллим Тамаъ Ҳарисович чун мурғи посўхта аз ин тараф он тарафи даҳлез давида роҳи моро поида истода будааст, зуд маро ба кабинеташ бурд ва ин дафъа дарро аз дарун қулфак зада монд. Сипас панҷаашро аз пештара калон кушода, бо баробари он даҳонаш ҳам воз шуд ва сўям чашмакӣ зад. «Фаҳмо!» Бесабаб маро Зирак наменоманд, дар лаҳза пай бурдам, чӣ мегўяд. Бачаҳоро бо баҳои «5» як хурсанд накунам, намешавад. Аз ҷой хеста барои дафтарчаҳои рейтинг сўи дар равона будам, ки муаллим аз остинам дошт:
          - Исто, ки ту аз ҳар яки онҳо панҷҳазорӣ ғундоштӣ, ё яку нимтааш монд? – ва боз панҷаашро васеътар кушод.
          Ба маънои панҷаи кушод акнун сарфаҳм рафта, дуд аз димоғам баромад, сарам чарх зада дилам беҳузур шуд ва садои муаллимро, ки «Ба ту чӣ шуд?» гўён маро нихта мекард, лаҳзае дар ёд дораму дигар чашм кушода худро дар беморхонаи шаҳрӣ дидам. Аҷоиботро бинед, ки он рўз муаллим Тамаъ Ҳарисович сумкаи паси дар гузоштаи дафтарчаҳои рейтингро пул пиндошта аз шодӣ қариб дилкаф мешаваду ў низ ҳамшафати ман меафтад. 
(1999 сол)
********

Monday, February 18, 2019

20 сол аз ин қабл...

Аз қафои дурру марҷон сарсарӣ
Меравам ман, сарви хандон, таъҷилӣ.
То ки бахшад бўсае аз шаккараш,
Мешитобам баҳри ҷонон, таъҷилӣ.
Накҳати он ёсуман сархуш намуд,
Баҳри накҳат, ҳамчу мастон, таъҷилӣ.
Зулфи анбар нури гавҳар баргирифт,
То харам, ку нури чашмон, таъҷилӣ?
Васли Лайло хоҳаму Маҷнун шавам,
Хезу афтон, дар биёбон, таъҷилӣ.
Соатест чанд ёди ҷонон мекунам,
Раҳм бахшо, эй худоҷон, таъҷилӣ!

(1999 сол)

Sunday, February 3, 2019

Гардиш

Гардиш
         
          Анвар оби ҷўйро ба охирин пайкали ҳамсоя равон сохту худ дасту пой шуста либосҳояшро каме ба тартиб даровард  ва ба хонаи хоб  даромада рўи каташ дароз кашид. Гарчӣ рўзи дароз ҷунбуҷўл карда сахт монда шуда буд, фикру андешаҳои гуногуни бепоён намегузоштанд, то даме ғанаб карда шалпарии рўзонаро аз тан рафъ кунад. Он чӣ ки ў имрўз шоҳидаш гашта буд ва илова ба ин нақлҳое ки модараш дар бораи кампири Саидбибӣ мекард ўро водор сохтанд, то дергаҳ аз олами қайду андешаҳо бадар наояд…
          Ба Саидбибӣ аз шавҳар танҳо ду писар ёдгор монд. Бемории чандрўзаи дарди шикам шавҳари харобу хазонгаштааш Нарзуллоро охир ба коми аҷал кашид. Дар рўзҳои аввал Саидбибӣ аз ночорӣ хуб азият мекашид. Ба маслиҳати ҳамсоягон, ки дубора шавҳар карданашро маъқул мешумориданд, надаромад. «Писаронамро худам калон мекунам» мегуфт. Аз хурдӣ онҳоро бо нозу нуз ва эркагӣ тарбият намуд. Ҳар чизе, ки мехостанд, гирифта дод, ба қавле нонашонро аз даҳонашон наканд. Ёрдампулии аз тарафи давлат медода бошад ночиз буд ва он ҳам дар вақтҳои охир пой аз остонаи онҳо канду яку якбора қатъ гардид; худи Саидбибӣ кор кунад, будааст.
        Рўзе писари калониаш Карим  «велосипед харида диҳед» гўён ба ҳолу ҷони Саидбибӣ намонд ва ў маҷбур шуд аз ҳамсоягон қарз бардошта ба писараш велосипед харад. Аз шодӣ ба куртааш нағунҷидани писарашро дида вай ҳам гўё болу пар баровард. Аммо тангии оила ва нодорӣ Саидбибии беваро маҷбур сохт, то ба колхоз ба кор барояд. Чанд сол дар меҳнатҳои пурмашаққати колхоз хуб корнамоӣ зоҳир кард. Кам дар хона мешуд ва аз аҳволи писаронаш низ дигар дуруст хабар надошт, ки рўзона онҳо ба чӣ корҳое машғуланд. Акояш Саидбек ҳафтае як бор омада аз ҳотаву марзаашон хабар мегирифт, боғашонро ба тартиб оварда аз аҳволи оғилу ҷои гўсфандон огаҳи мешуд. Корҳои боқимондаро бошад худи Саидбибӣ дасташ расад шабона, нарасад саҳарӣ пеш аз ба кор рафтанаш анҷом медод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда писаронаш ба ягон кори хона даст намезаданд, баръакс рўзи дароз дар куҷое сар-сарӣ мегаштанд ва танҳо шабона чун саги дайду баногоҳ пайдо мешуданд.
          Рўзи занги охирини мактаб буд; ҳамсинфони Умар ҳама либосҳои хушнамуд пўшида назди якдигар аз зебоии либоси хеш худнамоӣ мекарданд. Умар низ аз куҷое бо шиму камзўли нави итолиёвӣ омада таваҷҷўҳи ҳозиронро ба худ ҷалб кард ва нуқтаи нави диққату эътибори онҳо қарор гирифт.
          Он бегоҳ тағои Умар Саидбек ба хонаи онҳо омад, то ҷиянашро баҳри ин кораш танбеҳу сарзаниш кунад, чаро ки охир ў аз ҳеҷ кас напурсида ягона гови ҷўшоияшонро фурўхта буд ва он шиму камзўли эътибори ҳамаро афзуда низ аз пули ҳамон буд. Аз ин рў тағояш сахт андўҳгин гашта буд:
          - Ҷиян, охир аз падарат танҳо ҳамин як гови ҷўшоӣ мерос монда буд. Онро аз гўштӣ ба даст оварда буд, раҳматӣ. Қуввати шерро дошт, таҳамтан… - лаҳзае ба сукут рафта боз давом дод: - Акнун, ки пир шуда буд, мо ният доштем ўро фурўхта ба ҷояш ягон модагови ҷавон гирем, ту бошӣ бо сари худат хеста онро фурўхтӣ. Магар дар дўкон дигар либос кам буд магар, ки ту маҳз ҳамин хелашро харидӣ?
          - Писари Абдуллои магазинчиро бинед, падараш барояш аз ин ҳам зўрашро гирифта додааст. Ман бошам, ду сол боз фақат як шимро мепўшам, илова бар ин беҳтар мебуд, ки ба молу дунёи мо кордор намешудед!
          Суханони Умар ба мағз андар мағзи устухони Саидбек  расида қалбашро ба ҷароҳат даровард. Модар, ки то ин дам каноре истода ба гапи байни онҳо гўш меандохт, дарҳол ба «ҳай-ҳай» гўӣ даромада писарашро ором кард, сипас узромезона ба акояш нигариста ўро аз ин ҳолати ногувор бароварданӣ хост.
          - Бача-дия, дилаш кашидааст. Як гов садқаи сар, пул ёбем, боз мегирем…
          Ва боз ким-чиҳо гуфтанӣ буд, ин лаҳза Саидбек даст афшонда бо як оҳанги маслиҳатомезона миёни сухани ўро бурид:
          - Саидбибӣ, аз ҳад берун бепарво будан ҳам аз рўи ақл нест, ба бача бояд аз хурдӣ сахтгирӣ бояд кард, вагарна имрўз говро фурўшад, фардо даст ба хона мезанад ва фадои дигар кӣ медонад боз чӣ гуна «корҳои  олиҷаноб» ро ба сомон мерасонад.
          - Назди ёру дўстон бепадариаш маълум нашавад, мегўям-дия, акаҷон. Набошад худатон дида истодаед, пули аз колхоз гирифта истодаам низ ба ҳеҷ чиз кор намеояд.
          Саидбек аломати маҳзуниеро дар чашмони хоҳараш дида, дилаш ба ҳоли ў сўхт ва дигар дар ин бора дигар сухан накушод…
     Аз рўи нақли модар паиҳам ду тўи пурдабдабаву бошукўҳ гузаронидани кампири Саидбибӣ ўро хонавайрон кардааст. Зеро ў чизу чораи зиёдатие, ё ин ки пули казоие барои ин тўйҳо надошта, ҳамаро аз ҳамсояҳои дуру наздик қарзу қавола карда будааст. Пас аз ҳамон тўйҳо қомати кампири Саидбибӣ дучанд хамида гашта, мўйҳояш низ ба куллӣ сафед гашта ранги ҳозираро гирифта будааст. Хусусан аз воқеоти дирўза, ки то ҳол аз пеши чашмони Анвар дур намерафт, ў то ҳол як хулосаи ҷиддие бароварда наметавонисту ҳайрон буд, шояд ниҳоят қасд ба қасддораш расид, ё ин ки ҳамту…
          Дирўз Анвар аз пеши хонаи Салимино гузашта истода кампири Саидбибиро дид, ки дар лаби ҷўйбор нишаста дар оби он як пора нони хушкшудаи мағорбастаеро тар карда мехўрд. Пойҳои кампир урьёну лойолуд буданд, наздаш каланде хоб мерафт. Аз ин ҳолати кампир дар дили Анвар нисбати ў эҳсоси тараҳҳум пайдо шуд ва назди кампир рафта:
          - Бибиҷон, хезед, ба хона гузаред, як пиёла чои гарм нўшед. Очаам имрўз нон пухта…
        Боқимондаи гапи Анвар дар даҳонаш монд, чунки ин лаҳза аз дарвоза Умари буқа, ҳамон Умаре, ки ҳангоми буқаи колхозро дуздида истоданаш даҳ тан базўр ба ў бас омада буданд баромад ва бо як ваҷоҳати ғазаболуде сўи Анвар нигарист.  Аз чашмони Умар гўё хун мебориду нигоҳаш чун гурги чашмгурусна, ҳамин ҳозир мехўрам, мегуфт. Анвар зуд худро аз он ҷо канора гарифтанро авлотар донист ва ба хонаашон даромада аз тарқиши дарвоза пойид, ку бубинад, ў чӣ кор карданист.
          - То нон хоидана ба обат нигоҳ кунӣ мемурӣ ту, кампири айёр. Ҳар обмонии ту, маккора, барои ман як рўзи наҳс меоварад. Хез аз ҷоят,  ки ҳавлиро об зер кардааст.
          Умар чанди дигар аз ин қабил калимаҳои таҳқиромез сухан гуфта охир рўй ба сўи кўчаи калон оварду калон-калон қадам гузошта ба ҷои ҳамешагиаш, назди мағоза, барои картабозӣ ё ягон бозии дигар, ки ҳамеша дар ин гуна бозиҳо ў дастболо буд, роҳ пеш гирифт. Ба модараш «ту-ту» гуён  муроҷиат кардан ба Умар аз хурдӣ касб шуда буд, аз ин рў ин рафтори ў барои Анвар ҷои тааҷубе надошт.
          Анвар мунтазири тамоман аз он ҷо дур гаштани Умар шуда, дақиқаи дигар дар ҷои пинҳоншудааш истод, пас аз он оҳиста-оҳиста сўи кампири таҳқирдида наздик омад.
          - Бибиҷон, ба дил нагиред, феъли вай ҳ… ҳамин, - мехост ҳайвон гўяд, боз худдорӣ намуд, ҳар кӣ ҳам бошад охир фарзанди ўст. – Шумо ба хона равед, ман худам об мемонам.
          - Ҷони бибеш, ту наметавонӣ, роҳу равишашро намедонӣ.
     - Метавонам, бибиҷон, - исрор мекард Анвар. – Ман об монда метавонам, шумо равед, дам гиред.
          Сиришк дар чашмони кампири Саидбибӣ ҳалқа зад ва ба рўи пурожингаш таровид. «Илоҳӣ, ба сад дароӣ, бачем, рўи камиро набинӣ» гўён дар ҳаққи Анвар дуо кард. Сипас як-як қадам партофта сўи хона акои раҳматиаш Саидбек равон шуд.
          Аз бозе ки писари дуввумиаш ўро аз хона рондааст, кампири Саидбибӣ дар хонаи акояш умр ба сар мебарад. Азбаски дилкашолие ба кори колхоз дорад, гоҳо-гоҳо омада боғу ҳотаашонро об медиҳад, шохҳои дарози дарахтонро қайчӣ мекунад, ҷўйборҳоро ба қадри имкон тоза мекунаду боз  ба манзилаш бармегардад. Ба ивази ин аз писараш фақат дашном мешунаваду халос. Аслан гап ҳамин гапи келини дуввумиаш шуду, писараш ба ҳар як гапу ҳарф ўро озо медодагӣ шуд. Пас аз дуввумбора зан гирифтани писари калонӣ зани писари хурдӣ бо ў муросо карда натавонист ва низое дар байни ҳеварзанон ба вуқўъ пайваст. Гарчанд писари калонӣ хонаву дари алоҳида дошт, зани писари хурдӣ аз ҳар як гапу калоча ғавғое бармесохт. Чун модарарўс хост дами муноқишаи байни онҳоро паст кунад ва рўзе ба мобайн даромад, келини хурдӣ бадтар аланга гирифт. Баҳонае барои ў тайёр шуд, то дар ҳаққи модарарўс назди  шавҳар бо муболиғаҳои зиёд бадгўӣ кунад. Аз худ лофу газоф ҳамроҳ карда гуфт, ки гўё ў зиндагии оромонаи онҳоро намехоста бошад ва маҳз худи ҳамон сабабгори ҷангу ҷидоли ҳаррўза бошад. Шавҳари беақл бошад, бе ҳеҷ як истиҳола модари худро зери шаттаву шаллоқ гирифт.
          Ҳамаи инро Анвар соле пеш аз болои дарахти чормағз медид ва ҳеҷ гумон накарда буд, ки фарзанди одамӣ то бад-ин дараҷа сангдил мешуда бошад. Умари девонаавзоъ кампирро ба як хориву зиллате аз мўяш рў-рўи ҳавлӣ кашола мекард ва аз даҳонаш кафк парронда наъра мезад:
          - Ту, модасаг, тарафи келини навата гирифтӣ? Зани ман дар ин хона ба ту чӣ бадӣ кард, малъуна? Ё осмон хеста ба сарат парў афтод? Ғундор бору бунаатрою каш аз ин ҷо, ки дигар рангатро набинам! Дафъ шав ба ҳамон хонаи келини нават!
          Кампири Саидбибӣ бадани аз зарбу лагад абгоргаштаашро базўр аз ҷой бардошта, нолакунон сар ба сўи осмон боло карду номи писари кайҳо ба ҳолаш гузоштаашро гирфта танҳо чунин нидо кард:
          - Илоҳо аз фарзандонат бинӣ, балам!
    Сипас мўи сарашро қадре дуруст карда тарафи хона калавида-калавида як-ду қадам партофт ва ин дафъа пасттар илова намуд:
      - Дигар ба ту ҳеҷ чиз намехоҳам, фақат он чӣ ки ба ман рафтор намудӣ, аз фарзанди худат бинӣ!
         
          Ин ҳодиса як сол қабл рўй дода буд. Воқеаи дирўза бошад Анварро сахт дар шигифт монд. Тааҷҷуби Анвар бештар аз он буд, ки шояд «оқибат гургзода гург шавад» ро амалан медид ё…
         
          Пас аз рафтани кампири Саидбибӣ Анвар оби ҷўйро, ки банди худро зада рўи ҳавлӣ баромад буд ба роҳи худ равон сохт. Сонӣ ҳар як пайкали обхўрдаро бо дастонаш зер карда қаноат ҳосил карданӣ мешуд, ки марза хуб об хўрдааст, ё не ва пайкали навро барои обмонӣ муҳайё месохт. То   як соат ҷунбуҷўл дошт ва ҳатто надониста монд, ки офтоб ба қиём омада, вақти пешин фаро расидааст. Ҳамин дам садои тараққос зада ба ҳам расидани дари дарвоза шунида шуд. Анвар як қад парида ба он сў нигарист ва Умарро дид, ки авзои аз саҳара ҳам беҷотар дошт ва рост ба сўи писараш Салим меомад, ки парвои дунёро надошта ба дулунҷа задани оши рўи дастархон машғул буд. Аз афташ маълум буд, ки Умар бозии имрўзаро бохтааст ва қасдашро аз дару девор гирифтанист.
          - Салим, чаро имрўз ба мактаб нарафтӣ?
      Салим осмон омада ба замин часпад ҳам бехабар, ҳамон беэътиноёна даҳонро аз ош пур мекард ва суханони падарро, ки ба ў нигаронида шуда буданд, гўё аз як гўш қабул мекарду аз дигар мебаровард.
          - Аз ту мепурсам, лаънатӣ! – ва як шаппотӣ ба рўи Салим фуровард. Салим, ки инро чашмдор набуд, дар лаҳзаи аввал ба ҳайрат афтод, сонӣ аз ҷой хесту то ҳол ҳарфе ҷавоб нагуфта, банохост ба рўи падар мушт кашид ва тирсон аз ҳавлӣ ба берун гурехт.
          Умар биннии хунолудашро боло дошта истода аз қафои ў:
          - Ҳумъ, падарлаънати аз саг шуда! – гўён дашном дода фиристод ва ҳатто пайхас накард, ки ў худ киро дашном медиҳад…

          Анвар дар ҷойгаҳ аз паҳлў ба паҳлў ғелида истода, ҳамаи ин воқеотро чун навори кино як-як аз лавҳи хотир мегузаронид ва ниҳоят байни онҳо як равобите пайдо кард, ки аз гардиши чархи фалак огоҳӣ медод. 

(2001 сол)

Monday, January 21, 2019

Mан озодихоҳам, вале на босмачӣ!

На ҳамаи босмачиҳо озодихоҳон будаанд. Дуруст аст ки шуморе кам аз озодихоҳон ба босмачиҳо пайвастаанд вале ин босмачиҳоро ҳаргиз сафед намекунад. Дар ин бора Саттор Турсун романи хеле хонданибоб дорад, "Се рӯзи як баҳор". Ва ё повести "Ятим"и Садриддин Айнӣ ки худ низ озодихоҳ аст аз воқиоти он рӯзҳо ошкоро менависаду босмачиҳоро аён. Аз ин рӯ "озодихоҳ" ва "босмачӣ" ин як чиз нест. Ва мисоли ҳамин, мафкураи ҷомеаи иҷтимоӣ ва мафкураи сталинӣ низ чизҳои аз ҳам тамоман дигаранд. Аз ин рӯ ман озодихоҳам, вале на босмачӣ! Ман тарафдори сохтори ҷомеаи иҷтимоиям ва на сохтори диктотурии сталинӣ.

Wednesday, October 10, 2018

Ёддоште аз полигон - навишта аз шабзиндадорӣ

Бўи ошу гўштбирён ояд ҳаме,
Ёди хўрди макарон ояд ҳаме,
Оби ҷумрак бо ҳама суръатпарӣ,
Дер-деру ҳам ниҳон ояд ҳаме.
Дашт рафтан хуб азобу офатест,
Аз давидан ҳалви ҷон ояд ҳаме.
Ҳафтаву рўз месупорем мо «зачёт»
Бўи пул аз имтиҳон ояд ҳаме.
Сабру тоқат ку дигар, эй дўстон?
Кас тавон бар полигон ояд ҳаме.

(2001 сол)

Monday, September 17, 2018

Доир ба "банда"ву "камина"

Дар адабиёти тоҷик истифода аз вожаҳои "банда" ва "камина" ки ҷойгузини вожаи "ман" ба ҳисоб меравад, ба назар мерасад, гӯё аз андоза каме бештар аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, вақте рӯзноманигоре мехоҳад дар бора худ чизе нависад, аз лиҳози камтарӣ шояд бисёртар аз "банда" ва ё "камина" истифода мебарад. Агарчанде асолатан ин вожаҳо маънии дигар доранд, имрӯз онҳо маънии "ман"-и камтару ҳақиртарро медиҳанд. Бо истифода аз ин вожаҳо нависанда гӯё гуфтанӣ мешавад ки ӯ лофзаниро намеписандад ва худ низ намехоҳад мардум бо овардани номи ӯ аз он хидмате ки кардааст (агар хидмате карда бошад) ёдовар шаванд. Вале вақте ин тавозуне ки байни "ман"у "банда" мавҷуд аст вайрон шуд ва гуфтаву навиштаҳо ҳамеша аз "банда"ву "камина" шурӯъ мегардад он гоҳ ин вожаҳо маънии худро ки "камтар"-и "ман" аст аз даст медиҳанд ва баръакс "ман" ба як вожаи самимӣ мубаддал мегардаду "банда"-ву "камина" ба вожаҳои худситоӣ. Мутаасифона, имрӯзҳо ҳар гоҳе ки аз касе чизе мехонам ва онҳо аз "банда" ва ё "камина" истифода мекунанд ҳаминро эҳсос мекунам, ки гӯё худситоӣ мекарда бошанд. Кош "ман" менависандӣ то навиштаашонро бо завқи тамом бихонам...

Tuesday, February 14, 2017

Оё Инсоният ба Дин Эҳтиёҷе Дорад?

Ҳамин ҳоло видиюеро тамошо мекардам, ки дар он Ричорд Доукинз то чӣ гуна бемантиқу бепоя будани динҳои мавҷударо исбот мекард ва "донишманд"они диниро шарманда. Доукинз бо баҳсҳову мунозираҳои худ ки ҳамеша аз илми табиӣ ҳимоят мекунад ва динро танқид, хеле маъруф аст. Қаблан ман ҳам ҳамфикри Доукинз будам ва мегуфтам чӣ хуб будӣ агар инсоният бо ақлу хирад сари кор гирифт, на бо дин. Вале имрӯз вақте ба ин сӯҳбатҳо гӯш медодам, ба худ гуфтам, шояд беҳтар аст дин ҳанӯз побарҷо монад. Агарчанде дин аз ибтидои худ то ба ҳозир сабабгори милюнҳо муаммо гаштааст ва бар сари инсоният ваҳшонияту харобкориҳои зиёде овардааст, он боз ҳам тавонистааст милюнҳо нафари дигарро аз ин гуна ваҳшоният боздорад. Фарз кардем, аз 7 миллиард инсони рӯи Замин 4 миллиард нафар пайрави кадом як дине ҳастанд. Аз миёни ин 4 миллиард, 20 милюн шояд харобкору қаттолу дузду дигару дигар бошанд (атрофи 0.5%), вале 99.5% дигари пайравони дин, одамони ба қавле "хуб" ҳастанд ва ба назар мерасад, ягона монеъаи ки онҳоро аз "бад" будан бозмедорад, ин фармудаҳои дин аст. Бо як ҷумла, ин тоифа зомбиҳое ҳастанд ки аз чаҳорчӯбаи дин берун намебароянд. Акнун биёед фарз кардем, дин аз байн бардошта шуд (яъне дигар ин чаҳорчӯба нест). Яку якбора ин 99.5% и бо ин мантиқи зомбиёнаи худ дунёро валангор хоҳанд кард, ҳамту не? Пас, фикр мекунам, инсоният ҳанӯз ба дин эҳтиёҷ дорад....

Monday, January 9, 2017

Фейсбук - Чойхонаи пиронсолон дар айёми ҷавонӣ

Хостам имрӯз чанд ҷумла доир ба истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ нависам. Лозим нест ки он Фейсбук аст, ё Одноклассники ва ё ягон шабакаи иҷтимоии дигар. Вале истифода аз онҳо байни мардуми ҷаҳон рӯз то рӯз бештару бештар мегардад. Доир ба хидматҳои бузурги ин шабакаҳо бисёр шунидаем, вале то ҳол надидаам ҷое дар бораи паёмадҳои бади инҳо (агар ин гуна паёмаде бошад) навишта бошанд. Инак чанд моҳест мехоҳам ин маводро бинависам, вале фурсат даст намедиҳад. Чанд моҳе пеш бо яке аз дӯстонам ки қалами хеле хоно дорад дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштем ва хостам ӯ бинависад. Шояд аллакай ҷое навиштаву ман бехабар, маъзур, агар ҳамин тавр бошад! Хуб, қисса кӯтоҳ, бармегардем сари паёмадҳои бади шабакаҳои иҷтимоӣ.

Имрӯзҳо ба бисёрии мо одат шудааст рӯзе камаш 4-5 дафъа зиёрати "Фейсбук" кунем (аз ин пас мо ба ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ шартан ин номро мегузорем). Албатта ҳастанд мардуме ки аслан ба Фейсбук намеоянд шояд аз сабаби он ки телефони Андроид ё АйФон надоранд, ё пули зиёдатӣ надоранд ва ё аслан фурсати бекор надоранд. Ва хуб ҳам мекунанд! Ва ин навишта барои онҳо нест. Хуб, биёед, аввал аз нигоҳи як фарди ҷомеа менигарем. Фарз кардем, ин фард рӯзе 1 соат вақти худро дар Фейсбук мегузаронад. Ин мешавад дар як ҳафта 7 соат ва дар як моҳ 30 соату, соле 365 соат. Ва боз ҳам фарз кардем, ин фард дар як моҳ 800 дуллор барои хонаводааш пайдо мекунад, ки баробар ба ~200 дуллор дар як ҳафта аст ва ~$5 дар як соати корӣ. Ба ин минвол, он фард дар як сол 365 х $5 = $1825 дуллор вақти худро сарфи Фейсбук намудааст. Албатта ҳастанд мардуме ки ба Фейсбук меоянду бизнеси худро ба роҳ меандозанд ва аз он манфиате ҳам мегиранд, вале ин тоифа миқдори хеле камеро ташкил мекунанд (шояд камтар аз 1 дарсад).

Шояд шумо ҳоло ҳисобу китоб кардед ва дидед ки рӯзе ба ҷои як се соат вақти худро дар Фейсбук мегузаронед. Он гаҳ муодили пули он мешавад $5475. Ва шояд шумо дар як моҳ $800 не, $1500 кор мекунед? Пас ин се соати шумо дар соле  ~$10 266.

Ва шояд шумо аслан вақт надоред, дар Тоҷикистон ҳастед, маошатон аз $300 боло нест ва коре ҳам нест битавонед пайдо кунед аз он бештар диҳад ва аз зиқиву зардобӣ сари ҳамин Фейсбук нишастаеду ду соатак ин чизу он чизро мехонед. Ин ҳам мешудааст баробар ба ~$1369.

Бештари зиёраткунандагони Фейсбукро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ биёед бармегардем сари қиссаи он ҷавонмарде ки моҳе $800-и кор мекунаду дар соле $1825 дуллор вақти худро сарфаи Фейсбук кардааст. Бигзор он ҷавон 20 сола бошад. Ва бигзор умре дароз бинаду вале пас аз 60 солагӣ дигар коре накунад. Агар ӯ соле $1825-ӣ сарф намекард, метавонист $73 000 (ҳафтоду се ҳазор дуллор) бештар сармоя ҷамъ кунад.

Хеле рақамбозӣ шуд. Вале мехостам боз як рақами дигареро биёварам то хонанда огоҳ кардад ки то чӣ андоза вақти гаронбаҳои мо сарфи ин "чойхона"ҳост.

Дар айни ҳол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон (шартан кишваре ва албатта метавонад Ӯзбакистон бошад ё Қазоқистон) аз 8 милюн бешанд. Бигзор 2 милён нафар фарди корӣ бошанд ва мисли фарди аввалӣ соле $1825-ӣ сарфи Фейсбук намоянд. Дар як сол ин баробар мешудааст ба $3.65 миллиард доллар. Ана аз куҷо Цукерберг бой мешаваду мо камбағалтар.

Бо ин шумораҳое ки дар боло овардам, хостам хонанда каме ҳам бошад сари вақти гаронбаҳои худ фикр кунад. Агар нохоно буд, бахшиш.

Monday, October 31, 2016

Шаҷараи Хонаводагӣ

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон одатан бештари мардум аз шаҷараи хонаводагии худ хуб бохабар ҳастанд ва метавонанд ҳеҷ не ному насаби 4-5 аҷдоди худро номбар кунанд. Баъзан тааҷҷуб мекунам, оё мардуми мо низ таваҷҷӯҳе бар ин суннат дошта бошанд, ё на.

Фаррух Ҷаббориён
(Фаррухи Ҷабборпури Фаттоҳзод пури Саидназар ибни Ҳоҷӣ Рабия, валади Мулло Ашӯр)

Monday, February 15, 2016

Дувоздаҳ сол сипарӣ гашта...

Ман ошиқам, майпараст, дар кўча по фитода,
Масту аласту беҳол, ёди шаробу бода.
Мебарандам ба ҷое, азми рафтан надорам,
Чандин, ки бор бурданд, доим пои пиёда.
Ҳушёрхона номанд, он ҷо ки ман равонам,
Ҳушёр аз чӣ дорам, оред майро зиёда!
Аз ҷом бода нўшам, то ки шавад нўши ҷон,
Хоҳӣ ки дармони ман, боз ор ҷоми бода.
Қалбе ки ишқ дорад, бечораҳол бошад,
Ишқи ман чун фузун аст, паймона чора дода.
Молу мулке надорам, баҳри халосӣ чунон
Ашк резам мисли дур, барчинӣ шода-шода.
Ҳоло бидеҳ шаробам, ё биёвар ишқи ман,
Ёхуд бимон ба ҳолам, боқӣ намонд ирода. 


(Фаррух Ҷаббориён, соли 2004)