Sunday, January 25, 2009

Боз омадам.

Аз он ки дафъаи охирин ин ҷо навиштам 8 моҳ сипарӣ гаштааст. Ин муддат дар ҳаётам дигаргуниҳои бузург рух доданд. Миёнаи моҳи маи соли гузашта ман хонадор шудам. Ҳамсарам, Зебо, дӯстдоштаам аст ки чандин сол боз ба ҳам аҳду паймон кардаем. Се моҳи аввалро дар Ӯзбекистон гузаронидам. Сипас, бо ҳамроҳии ҳамсарам ба Иёлоти Муттаҳида парвоз намудем. Ин дафъа дар Алумнай Виллаҷ (Рустои Ходимон) манзил гузидем. Бо арзиши 390 доллари амрикоӣ хонаамон аз ду ҳуҷраи хобгоҳӣ, як зал, ошхона ва ду хоначаи амбору либосовезӣ иборат аст.

Моҳи декабри соли гузашта яке аз дӯстонам, Гулмаммад, ки аз Озарбайҷон аст, ба хонаамон ташриф намуда буд. Бо ӯ ба ҷойҳои гуногун сафар намудем. Аз ҷумла, ба Тампа ва ба Сейнт Ҷорҷ Айленд рафтем.

Семестри гузашта, ду фан гирифтам ва чун ҳарвақта вазифаи ТА-иро ба ӯҳда доштам. Аз ҳарду фан ("Физикаи ҷисмҳои чанд" ва "Космолоҷӣ") баҳои аъло гирифтам, яъне ба қавли инҳо "А". Семестри ҳозира бошад, барои хониш танҳо як фан мегирам: "Астрофизикаи ҳаставӣ". Вале аз се фан баҳогузор ҳастам (грэйдер): "Назарияи моддаи квантӣ - Б", "Электродинамика - Б" ва "Механикаи Квантӣ - Б".

Дар ин муддати сипаригашта, раҳбари илмии пешинаам донишгоҳи иёлати Флоридаро тарк гуфт ва аз ин рӯ ман маҷбур шудам дар соҳаи физикаи ҳаставӣ кор кунам. Инак, бо Проф. Хорхэ Пиекаревиц ном физики ҳаставие кор мекунам.

Ба наздикӣ ҳамсарам ба Ӯзбекистон бозмегардад. Билети парвозашро аллакай харидаем. Инак боз рӯзшуморӣ мекунам ки чанд муддати дигар бо ӯ ҳастам. Санаи бозгашти ӯ ба Иёлоти Муттаҳида алҳол маълум нест.