Thursday, March 27, 2008

Шабҳои бехобӣ

Дерест, шабҳо хобам "намебарад". На аз он сабаб, ки бемори хоб ҳастаму дору кор намедиҳад. Ё сабаб дар он нест, ки муаммои зиёд дораму оғуштаи фикру хаёлам то чӣ гуна аз ин муаммоҳо бадар оям. Дуруст аст, ки муаммоҳои ҳаллашон дур аз имкон он қадар зиёд гаштаанд, дигар бароям ба як ҳолати муқаррарӣ баробар гаштаанд.

Ҳафтаи ахир банди вазифаҳои хонагӣ наметавонам дуруст вақти холӣ ёбам то ин ҷо назар афканам. Ин ҳам он тараф истад, вақт намеёбам дурусттар ғанаб кунам. Аз ин сабаб хобам намебарад, хобам намегирад, хоб карда наметавонистагӣ шудаам. Ҳоло низ соат аз 03:42, фардо бояд ба дарс боҳушона рафта иштирок варзид.

Аз рӯи реҷаҳо бояд аз аввали моҳи май дар хона шавам. Боз шоҳиди рӯзҳои қаҳти мардуми худамон хоҳам шуд. Кош, қудрати бузурге медоштам то Замини дигар месохтам ва ба он ҷо фақат аз мардуми бовиҷдон маскан медодам.

"Виҷдон!"

Сабаби асосии ҳамаи муаммоҳои иҷтимоии мардум дар набудани ҳамин виҷдон дар бархи дигари одамон аст, ки одатан ба қавли худашон "жить" мекунанд.

Sunday, March 2, 2008

Зодрӯзат муборак, Шаҳбоз!

Шаҳбоз, таваллудат муборак бод! Аз худованд бароят сад сол умр мехоҳам ва ҳар сонияи ин сад сол бо шодмониҳо гузарад. Дар ҳама кор муваффақ бошӣ!

Ду рӯз пеш падарам низ зодрӯз доштанд. Ба он кас низ саломатии бардавом ва умри дарози пур аз нишот металабам!

Таъми вино

Агарчанде имтиҳонҳои фосилавӣ наздиканду вақт нест ба сархорӣ, имрӯз чӣ ҷин заду хостам шароб нӯшам. Чанд вақт шудааст, нӯшокии спиртӣ нанӯшидаам, боз хона рафта байни бачаҳо нанӯшам хафа нашаванд гуфта, як шиша шароб харидаму аз ҳозир камтар "машқ" карданӣ шудам. Мисли гурги "Ҳоло ист!" бо як азоб шишаро кушодам. Таъмаш хеле хуб будааст (нархаш ҳам гарон $ 5.38), қулт-қулт нӯшидам. Танҳо боре дам гирифтам, мисли об ба меъдаам рафт. Бе ҳамин машқаш ҳам зӯр будаам гӯён ба даст қалам гирифтаму хостам, вазифаи хонагиро ҳал кунам. Вақте ба коғаз назар меафкандам, пай бурдам, сарам каме чарх мезанад. Биё мон, гуфтам, камтар ба интернет нишаста ба ину он хатҳо ҷавоб нависам. Не, нашуд. Ҳатто экрани лаптоп низ меҷунбиду ҳарфҳо низ як ба як ноаён гаштанд. Пас аз ду дақиқаи дигар, ҳатто аз ҷо мехезам гуфта, калавида рафтам. "О, ин шароби пурзӯр будааст-ку!" Дигар ба чашм ҳеҷ чиз намерасид. Ба хонаи хоб гузашта дароз кашидаму он тарафашро намедонам. Пас аз 3 соат хезам, сар мисли центрифуга чарх мезанад. Дил беҳаловат, ба шаробнӯшиам нафрин хондаму боз хоб рафтам. Ин дафъа хобам зиёд тӯл накашид, вале худро маҷбур намуда аз ҷо хестам. Ваазифаи хонагӣ як сӯ, сарам ҳамоно чарх мезаду чарх мезад. Мана, ҳоло аз байн 14 соат гузаштаасту, ҳанӯз худро хуб ҳис намекунам. Ана оқибати машқи шаробнӯшӣ!