Monday, February 18, 2019

20 сол аз ин қабл...

Аз қафои дурру марҷон сарсарӣ
Меравам ман, сарви хандон, таъҷилӣ.
То ки бахшад бўсае аз шаккараш,
Мешитобам баҳри ҷонон, таъҷилӣ.
Накҳати он ёсуман сархуш намуд,
Баҳри накҳат, ҳамчу мастон, таъҷилӣ.
Зулфи анбар нури гавҳар баргирифт,
То харам, ку нури чашмон, таъҷилӣ?
Васли Лайло хоҳаму Маҷнун шавам,
Хезу афтон, дар биёбон, таъҷилӣ.
Соатест чанд ёди ҷонон мекунам,
Раҳм бахшо, эй худоҷон, таъҷилӣ!

(1999 сол)

Sunday, February 3, 2019

Гардиш

Гардиш
         
          Анвар оби ҷўйро ба охирин пайкали ҳамсоя равон сохту худ дасту пой шуста либосҳояшро каме ба тартиб даровард  ва ба хонаи хоб  даромада рўи каташ дароз кашид. Гарчӣ рўзи дароз ҷунбуҷўл карда сахт монда шуда буд, фикру андешаҳои гуногуни бепоён намегузоштанд, то даме ғанаб карда шалпарии рўзонаро аз тан рафъ кунад. Он чӣ ки ў имрўз шоҳидаш гашта буд ва илова ба ин нақлҳое ки модараш дар бораи кампири Саидбибӣ мекард ўро водор сохтанд, то дергаҳ аз олами қайду андешаҳо бадар наояд…
          Ба Саидбибӣ аз шавҳар танҳо ду писар ёдгор монд. Бемории чандрўзаи дарди шикам шавҳари харобу хазонгаштааш Нарзуллоро охир ба коми аҷал кашид. Дар рўзҳои аввал Саидбибӣ аз ночорӣ хуб азият мекашид. Ба маслиҳати ҳамсоягон, ки дубора шавҳар карданашро маъқул мешумориданд, надаромад. «Писаронамро худам калон мекунам» мегуфт. Аз хурдӣ онҳоро бо нозу нуз ва эркагӣ тарбият намуд. Ҳар чизе, ки мехостанд, гирифта дод, ба қавле нонашонро аз даҳонашон наканд. Ёрдампулии аз тарафи давлат медода бошад ночиз буд ва он ҳам дар вақтҳои охир пой аз остонаи онҳо канду яку якбора қатъ гардид; худи Саидбибӣ кор кунад, будааст.
        Рўзе писари калониаш Карим  «велосипед харида диҳед» гўён ба ҳолу ҷони Саидбибӣ намонд ва ў маҷбур шуд аз ҳамсоягон қарз бардошта ба писараш велосипед харад. Аз шодӣ ба куртааш нағунҷидани писарашро дида вай ҳам гўё болу пар баровард. Аммо тангии оила ва нодорӣ Саидбибии беваро маҷбур сохт, то ба колхоз ба кор барояд. Чанд сол дар меҳнатҳои пурмашаққати колхоз хуб корнамоӣ зоҳир кард. Кам дар хона мешуд ва аз аҳволи писаронаш низ дигар дуруст хабар надошт, ки рўзона онҳо ба чӣ корҳое машғуланд. Акояш Саидбек ҳафтае як бор омада аз ҳотаву марзаашон хабар мегирифт, боғашонро ба тартиб оварда аз аҳволи оғилу ҷои гўсфандон огаҳи мешуд. Корҳои боқимондаро бошад худи Саидбибӣ дасташ расад шабона, нарасад саҳарӣ пеш аз ба кор рафтанаш анҷом медод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда писаронаш ба ягон кори хона даст намезаданд, баръакс рўзи дароз дар куҷое сар-сарӣ мегаштанд ва танҳо шабона чун саги дайду баногоҳ пайдо мешуданд.
          Рўзи занги охирини мактаб буд; ҳамсинфони Умар ҳама либосҳои хушнамуд пўшида назди якдигар аз зебоии либоси хеш худнамоӣ мекарданд. Умар низ аз куҷое бо шиму камзўли нави итолиёвӣ омада таваҷҷўҳи ҳозиронро ба худ ҷалб кард ва нуқтаи нави диққату эътибори онҳо қарор гирифт.
          Он бегоҳ тағои Умар Саидбек ба хонаи онҳо омад, то ҷиянашро баҳри ин кораш танбеҳу сарзаниш кунад, чаро ки охир ў аз ҳеҷ кас напурсида ягона гови ҷўшоияшонро фурўхта буд ва он шиму камзўли эътибори ҳамаро афзуда низ аз пули ҳамон буд. Аз ин рў тағояш сахт андўҳгин гашта буд:
          - Ҷиян, охир аз падарат танҳо ҳамин як гови ҷўшоӣ мерос монда буд. Онро аз гўштӣ ба даст оварда буд, раҳматӣ. Қуввати шерро дошт, таҳамтан… - лаҳзае ба сукут рафта боз давом дод: - Акнун, ки пир шуда буд, мо ният доштем ўро фурўхта ба ҷояш ягон модагови ҷавон гирем, ту бошӣ бо сари худат хеста онро фурўхтӣ. Магар дар дўкон дигар либос кам буд магар, ки ту маҳз ҳамин хелашро харидӣ?
          - Писари Абдуллои магазинчиро бинед, падараш барояш аз ин ҳам зўрашро гирифта додааст. Ман бошам, ду сол боз фақат як шимро мепўшам, илова бар ин беҳтар мебуд, ки ба молу дунёи мо кордор намешудед!
          Суханони Умар ба мағз андар мағзи устухони Саидбек  расида қалбашро ба ҷароҳат даровард. Модар, ки то ин дам каноре истода ба гапи байни онҳо гўш меандохт, дарҳол ба «ҳай-ҳай» гўӣ даромада писарашро ором кард, сипас узромезона ба акояш нигариста ўро аз ин ҳолати ногувор бароварданӣ хост.
          - Бача-дия, дилаш кашидааст. Як гов садқаи сар, пул ёбем, боз мегирем…
          Ва боз ким-чиҳо гуфтанӣ буд, ин лаҳза Саидбек даст афшонда бо як оҳанги маслиҳатомезона миёни сухани ўро бурид:
          - Саидбибӣ, аз ҳад берун бепарво будан ҳам аз рўи ақл нест, ба бача бояд аз хурдӣ сахтгирӣ бояд кард, вагарна имрўз говро фурўшад, фардо даст ба хона мезанад ва фадои дигар кӣ медонад боз чӣ гуна «корҳои  олиҷаноб» ро ба сомон мерасонад.
          - Назди ёру дўстон бепадариаш маълум нашавад, мегўям-дия, акаҷон. Набошад худатон дида истодаед, пули аз колхоз гирифта истодаам низ ба ҳеҷ чиз кор намеояд.
          Саидбек аломати маҳзуниеро дар чашмони хоҳараш дида, дилаш ба ҳоли ў сўхт ва дигар дар ин бора дигар сухан накушод…
     Аз рўи нақли модар паиҳам ду тўи пурдабдабаву бошукўҳ гузаронидани кампири Саидбибӣ ўро хонавайрон кардааст. Зеро ў чизу чораи зиёдатие, ё ин ки пули казоие барои ин тўйҳо надошта, ҳамаро аз ҳамсояҳои дуру наздик қарзу қавола карда будааст. Пас аз ҳамон тўйҳо қомати кампири Саидбибӣ дучанд хамида гашта, мўйҳояш низ ба куллӣ сафед гашта ранги ҳозираро гирифта будааст. Хусусан аз воқеоти дирўза, ки то ҳол аз пеши чашмони Анвар дур намерафт, ў то ҳол як хулосаи ҷиддие бароварда наметавонисту ҳайрон буд, шояд ниҳоят қасд ба қасддораш расид, ё ин ки ҳамту…
          Дирўз Анвар аз пеши хонаи Салимино гузашта истода кампири Саидбибиро дид, ки дар лаби ҷўйбор нишаста дар оби он як пора нони хушкшудаи мағорбастаеро тар карда мехўрд. Пойҳои кампир урьёну лойолуд буданд, наздаш каланде хоб мерафт. Аз ин ҳолати кампир дар дили Анвар нисбати ў эҳсоси тараҳҳум пайдо шуд ва назди кампир рафта:
          - Бибиҷон, хезед, ба хона гузаред, як пиёла чои гарм нўшед. Очаам имрўз нон пухта…
        Боқимондаи гапи Анвар дар даҳонаш монд, чунки ин лаҳза аз дарвоза Умари буқа, ҳамон Умаре, ки ҳангоми буқаи колхозро дуздида истоданаш даҳ тан базўр ба ў бас омада буданд баромад ва бо як ваҷоҳати ғазаболуде сўи Анвар нигарист.  Аз чашмони Умар гўё хун мебориду нигоҳаш чун гурги чашмгурусна, ҳамин ҳозир мехўрам, мегуфт. Анвар зуд худро аз он ҷо канора гарифтанро авлотар донист ва ба хонаашон даромада аз тарқиши дарвоза пойид, ку бубинад, ў чӣ кор карданист.
          - То нон хоидана ба обат нигоҳ кунӣ мемурӣ ту, кампири айёр. Ҳар обмонии ту, маккора, барои ман як рўзи наҳс меоварад. Хез аз ҷоят,  ки ҳавлиро об зер кардааст.
          Умар чанди дигар аз ин қабил калимаҳои таҳқиромез сухан гуфта охир рўй ба сўи кўчаи калон оварду калон-калон қадам гузошта ба ҷои ҳамешагиаш, назди мағоза, барои картабозӣ ё ягон бозии дигар, ки ҳамеша дар ин гуна бозиҳо ў дастболо буд, роҳ пеш гирифт. Ба модараш «ту-ту» гуён  муроҷиат кардан ба Умар аз хурдӣ касб шуда буд, аз ин рў ин рафтори ў барои Анвар ҷои тааҷубе надошт.
          Анвар мунтазири тамоман аз он ҷо дур гаштани Умар шуда, дақиқаи дигар дар ҷои пинҳоншудааш истод, пас аз он оҳиста-оҳиста сўи кампири таҳқирдида наздик омад.
          - Бибиҷон, ба дил нагиред, феъли вай ҳ… ҳамин, - мехост ҳайвон гўяд, боз худдорӣ намуд, ҳар кӣ ҳам бошад охир фарзанди ўст. – Шумо ба хона равед, ман худам об мемонам.
          - Ҷони бибеш, ту наметавонӣ, роҳу равишашро намедонӣ.
     - Метавонам, бибиҷон, - исрор мекард Анвар. – Ман об монда метавонам, шумо равед, дам гиред.
          Сиришк дар чашмони кампири Саидбибӣ ҳалқа зад ва ба рўи пурожингаш таровид. «Илоҳӣ, ба сад дароӣ, бачем, рўи камиро набинӣ» гўён дар ҳаққи Анвар дуо кард. Сипас як-як қадам партофта сўи хона акои раҳматиаш Саидбек равон шуд.
          Аз бозе ки писари дуввумиаш ўро аз хона рондааст, кампири Саидбибӣ дар хонаи акояш умр ба сар мебарад. Азбаски дилкашолие ба кори колхоз дорад, гоҳо-гоҳо омада боғу ҳотаашонро об медиҳад, шохҳои дарози дарахтонро қайчӣ мекунад, ҷўйборҳоро ба қадри имкон тоза мекунаду боз  ба манзилаш бармегардад. Ба ивази ин аз писараш фақат дашном мешунаваду халос. Аслан гап ҳамин гапи келини дуввумиаш шуду, писараш ба ҳар як гапу ҳарф ўро озо медодагӣ шуд. Пас аз дуввумбора зан гирифтани писари калонӣ зани писари хурдӣ бо ў муросо карда натавонист ва низое дар байни ҳеварзанон ба вуқўъ пайваст. Гарчанд писари калонӣ хонаву дари алоҳида дошт, зани писари хурдӣ аз ҳар як гапу калоча ғавғое бармесохт. Чун модарарўс хост дами муноқишаи байни онҳоро паст кунад ва рўзе ба мобайн даромад, келини хурдӣ бадтар аланга гирифт. Баҳонае барои ў тайёр шуд, то дар ҳаққи модарарўс назди  шавҳар бо муболиғаҳои зиёд бадгўӣ кунад. Аз худ лофу газоф ҳамроҳ карда гуфт, ки гўё ў зиндагии оромонаи онҳоро намехоста бошад ва маҳз худи ҳамон сабабгори ҷангу ҷидоли ҳаррўза бошад. Шавҳари беақл бошад, бе ҳеҷ як истиҳола модари худро зери шаттаву шаллоқ гирифт.
          Ҳамаи инро Анвар соле пеш аз болои дарахти чормағз медид ва ҳеҷ гумон накарда буд, ки фарзанди одамӣ то бад-ин дараҷа сангдил мешуда бошад. Умари девонаавзоъ кампирро ба як хориву зиллате аз мўяш рў-рўи ҳавлӣ кашола мекард ва аз даҳонаш кафк парронда наъра мезад:
          - Ту, модасаг, тарафи келини навата гирифтӣ? Зани ман дар ин хона ба ту чӣ бадӣ кард, малъуна? Ё осмон хеста ба сарат парў афтод? Ғундор бору бунаатрою каш аз ин ҷо, ки дигар рангатро набинам! Дафъ шав ба ҳамон хонаи келини нават!
          Кампири Саидбибӣ бадани аз зарбу лагад абгоргаштаашро базўр аз ҷой бардошта, нолакунон сар ба сўи осмон боло карду номи писари кайҳо ба ҳолаш гузоштаашро гирфта танҳо чунин нидо кард:
          - Илоҳо аз фарзандонат бинӣ, балам!
    Сипас мўи сарашро қадре дуруст карда тарафи хона калавида-калавида як-ду қадам партофт ва ин дафъа пасттар илова намуд:
      - Дигар ба ту ҳеҷ чиз намехоҳам, фақат он чӣ ки ба ман рафтор намудӣ, аз фарзанди худат бинӣ!
         
          Ин ҳодиса як сол қабл рўй дода буд. Воқеаи дирўза бошад Анварро сахт дар шигифт монд. Тааҷҷуби Анвар бештар аз он буд, ки шояд «оқибат гургзода гург шавад» ро амалан медид ё…
         
          Пас аз рафтани кампири Саидбибӣ Анвар оби ҷўйро, ки банди худро зада рўи ҳавлӣ баромад буд ба роҳи худ равон сохт. Сонӣ ҳар як пайкали обхўрдаро бо дастонаш зер карда қаноат ҳосил карданӣ мешуд, ки марза хуб об хўрдааст, ё не ва пайкали навро барои обмонӣ муҳайё месохт. То   як соат ҷунбуҷўл дошт ва ҳатто надониста монд, ки офтоб ба қиём омада, вақти пешин фаро расидааст. Ҳамин дам садои тараққос зада ба ҳам расидани дари дарвоза шунида шуд. Анвар як қад парида ба он сў нигарист ва Умарро дид, ки авзои аз саҳара ҳам беҷотар дошт ва рост ба сўи писараш Салим меомад, ки парвои дунёро надошта ба дулунҷа задани оши рўи дастархон машғул буд. Аз афташ маълум буд, ки Умар бозии имрўзаро бохтааст ва қасдашро аз дару девор гирифтанист.
          - Салим, чаро имрўз ба мактаб нарафтӣ?
      Салим осмон омада ба замин часпад ҳам бехабар, ҳамон беэътиноёна даҳонро аз ош пур мекард ва суханони падарро, ки ба ў нигаронида шуда буданд, гўё аз як гўш қабул мекарду аз дигар мебаровард.
          - Аз ту мепурсам, лаънатӣ! – ва як шаппотӣ ба рўи Салим фуровард. Салим, ки инро чашмдор набуд, дар лаҳзаи аввал ба ҳайрат афтод, сонӣ аз ҷой хесту то ҳол ҳарфе ҷавоб нагуфта, банохост ба рўи падар мушт кашид ва тирсон аз ҳавлӣ ба берун гурехт.
          Умар биннии хунолудашро боло дошта истода аз қафои ў:
          - Ҳумъ, падарлаънати аз саг шуда! – гўён дашном дода фиристод ва ҳатто пайхас накард, ки ў худ киро дашном медиҳад…

          Анвар дар ҷойгаҳ аз паҳлў ба паҳлў ғелида истода, ҳамаи ин воқеотро чун навори кино як-як аз лавҳи хотир мегузаронид ва ниҳоят байни онҳо як равобите пайдо кард, ки аз гардиши чархи фалак огоҳӣ медод. 

(2001 сол)