Tuesday, February 14, 2017

Оё Инсоният ба Дин Эҳтиёҷе Дорад?

Ҳамин ҳоло видиюеро тамошо мекардам, ки дар он Ричорд Доукинз то чӣ гуна бемантиқу бепоя будани динҳои мавҷударо исбот мекард ва "донишманд"они диниро шарманда. Доукинз бо баҳсҳову мунозираҳои худ ки ҳамеша аз илми табиӣ ҳимоят мекунад ва динро танқид, хеле маъруф аст. Қаблан ман ҳам ҳамфикри Доукинз будам ва мегуфтам чӣ хуб будӣ агар инсоният бо ақлу хирад сари кор гирифт, на бо дин. Вале имрӯз вақте ба ин сӯҳбатҳо гӯш медодам, ба худ гуфтам, шояд беҳтар аст дин ҳанӯз побарҷо монад. Агарчанде дин аз ибтидои худ то ба ҳозир сабабгори милюнҳо муаммо гаштааст ва бар сари инсоният ваҳшонияту харобкориҳои зиёде овардааст, он боз ҳам тавонистааст милюнҳо нафари дигарро аз ин гуна ваҳшоният боздорад. Фарз кардем, аз 7 миллиард инсони рӯи Замин 4 миллиард нафар пайрави кадом як дине ҳастанд. Аз миёни ин 4 миллиард, 20 милюн шояд харобкору қаттолу дузду дигару дигар бошанд (атрофи 0.5%), вале 99.5% дигари пайравони дин, одамони ба қавле "хуб" ҳастанд ва ба назар мерасад, ягона монеъаи ки онҳоро аз "бад" будан бозмедорад, ин фармудаҳои дин аст. Бо як ҷумла, ин тоифа зомбиҳое ҳастанд ки аз чаҳорчӯбаи дин берун намебароянд. Акнун биёед фарз кардем, дин аз байн бардошта шуд (яъне дигар ин чаҳорчӯба нест). Яку якбора ин 99.5% и бо ин мантиқи зомбиёнаи худ дунёро валангор хоҳанд кард, ҳамту не? Пас, фикр мекунам, инсоният ҳанӯз ба дин эҳтиёҷ дорад....

1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

Албатта бо ақлу хирад низ метавон чаҳорчӯбаи дигаре мисли қонунҳои шаҳрвандиӣ сохт ва ин 99.5% ро аз дин гирифту ба чаҳорчӯбаи дигаре даровард. Вале ба ҳар ҳол боиси таассуф аст, ки инсоният ҳанӯз ба чаҳорчӯбаҳо ниёзи сахт дорад.