Wednesday, February 27, 2008

Имтиҳонҳои фосилавӣ барои ман нест.

Чанд дафъа аст имтиҳон ки супоридам, ҳамеша ба ягон хатогие роҳ медиҳам. Агарчанде борҳо санҷида ҳам мебинам, вале дар давоми як соат ба чашм барнамехурад, ки куҷо хато кардаам. Имрӯз ҳам имтиҳон шуд. Ба фикрам аъло кор кардам, вале вақте ки ба берун баромада бинам ба хатогии маҳзе (ки ман онро аслан хатогӣ не саҳв мегуфтам) роҳ додаам. Имтиҳон аз фанни механикаи статистикӣ буд, масъалаҳо то дараҷае осон. Вале ба ҷои он ки баро гармиғунҷоиши хос C = 6 N k гирам, ман аз куҷое 1 и дигарро зам намудаам, ки худам ҳам намефаҳмам ва C = 7 N k навиштаам. Ба болои ин энергия ҳам ҳамин қимати 1 и зиёдатро дорад. Надонам, чанд фоиз мегузошта бошад. 85%? Хеле бад... Мехостам аз инаш 100% дошта бошам, вале мебинам ки намешудагӣ барин.

Tuesday, February 19, 2008

Электродинамика

Аз фанни электродинамика санҷиши аввал баргузор гашт. Масъалаҳо на он қадар душвор буданд, аммо яке аз масъалаҳо хеле найрангӣ буд. Ман, мутаассифона ҳамаи вақтамро ба ҳамон сарф намуда, ба дигараш вақтам нарасид ва баҳои аз миёна паст гирифтам (Ман 63% гирифта бошам, баҳои миёна 66% буд). Ин маънои онро дорад, ки ман дар синф мақоми 17-18 умро мегирам (Ҷамъ 33 нафаранд). Барои назариётчие чун ман албатта ин хеле шармовар аст. Умед дорам, дар санҷишҳои минбаъда баҳои аз ин хубтарро дошта бошам.

Monday, February 11, 2008

Зодрӯзам муборак!!!

Имрӯз зодрӯз дорам. Дурусттараш пас аз як соату 8 дақиқа ба 27 қадам мегузорам. Нисфи умр гузаштааст, аллакай. :)
Ҳафтаи гузашта хеле вазнин омад, шабу рӯз беист кор кардам. Азбаски кам хоб мекунам, анча монда ҳам шудам. Режим ҳам гӯё аз чаҳорчӯбааш баромадааст. Ҳоло соат 03:54, бояд ба хоб рафт. Фардо ду дарси лабораторӣ дорам :(

Кори хонагии электродниамика бошад ҳанӯз маро мунтаазир аст).

Saturday, February 9, 2008

Қиссаи ҳавопаймо

Ҳафтаи гузашта хеле банд будам, аз як ҷониб корҳои хонагии медодаашон дандоншикан баромад, аз ҷониби дигар дарсҳои лабораторӣ ҳам сар шуданд. Дар ӯҳдаи ман се гурӯҳи хонандагон ҷамъ 73 нафар донишҷӯ ҳастанд. Мутаасифона, мисли Ӯзбакистон, танҳо миқдори ками донишҷӯён барои таҳсил омадаанд гӯё. Баъзан аз фаҳмонидани ин ё он ба ноқисулақлон забонатон мӯй мебарорад.

Дишаб пас аз он ки вазифаи Механикаи Квантиро ҳанӯз ба адо расонида натавонистаму хеле монда будам, қарибиҳои соати 20:00 хоб рафтам, то нисфишаб хеста боз бо кор машғул шавам. Вақте ки пас аз 3 соат аз хоб хеста бинам, лаптопам хомӯш гардидааст. Ҳеҷ ба ёд оварда натавонистам, ки кай ман онро хомӯш карда бошам. Дар навбати аввал дилам шуввӣ кард, ки шояд аз кор бозмонда бошад, вале вақте ки мегирондамаш чун пешина хуб кор мекард. Ба ҳайрат афтодам, шояд ба назди ман боз ҳамхона гузошта бошанд?

Инаш хеле бад. То ба ҳол худам якка дар як хонаи дунафара мезистам. Албатта пулашро барои як нафар мепардохтам. Вале имрӯз агар ба ман ҳамхона ёфта бошанд, пас озодӣ аз даст меравад. Бемалол ки нестед, мана мисли ҳозира наметавонед, нисфишаб хеста кори худро кунед.

Не, дар ҳеҷ куҷо аломате аз омадани одами бегонае ба назар намерасид. Ҳамин дам Венкатеш аз google talk садо дод, ки муборак бод бозгашти таъминоти электрӣ. Дар навбати аввал нафаҳимдам. Чӣ Венкатеш омада лаптопи маро хомӯш сохта бошад. Сонитар худи ӯ фаҳмонид, ки ман дар куҷо ҳастам, замоне тамоми Форида ба по омадааст. Ман гуфтам, ки маро бо ин чӣ кор ва боз хоб рафтам.

Пас аз 4 соати дигар мана ҳозир хеста интернетро кушоям, хабареро доир ба ҳалокати ҳавопаймои хусусии якнафараро навиштаанд, ки наздикии хонаи мо дар Окала стрит (аз мо ним километр дуртар) ба садама дучор шудааст ва бо худ тамоми роҳҳои таъминоти барқиро аз байн рабудааст. Худи халабон зарари ҷиддие надидааст, ҳарчанд зуд ба шифохона бурдаанд. Боқимондаи хабарро метавонед аз ин линк батафсилтар хонед: http://www.wctv.tv/home/headlines/15466721.html