Sunday, February 3, 2019

Гардиш

Гардиш
         
          Анвар оби ҷўйро ба охирин пайкали ҳамсоя равон сохту худ дасту пой шуста либосҳояшро каме ба тартиб даровард  ва ба хонаи хоб  даромада рўи каташ дароз кашид. Гарчӣ рўзи дароз ҷунбуҷўл карда сахт монда шуда буд, фикру андешаҳои гуногуни бепоён намегузоштанд, то даме ғанаб карда шалпарии рўзонаро аз тан рафъ кунад. Он чӣ ки ў имрўз шоҳидаш гашта буд ва илова ба ин нақлҳое ки модараш дар бораи кампири Саидбибӣ мекард ўро водор сохтанд, то дергаҳ аз олами қайду андешаҳо бадар наояд…
          Ба Саидбибӣ аз шавҳар танҳо ду писар ёдгор монд. Бемории чандрўзаи дарди шикам шавҳари харобу хазонгаштааш Нарзуллоро охир ба коми аҷал кашид. Дар рўзҳои аввал Саидбибӣ аз ночорӣ хуб азият мекашид. Ба маслиҳати ҳамсоягон, ки дубора шавҳар карданашро маъқул мешумориданд, надаромад. «Писаронамро худам калон мекунам» мегуфт. Аз хурдӣ онҳоро бо нозу нуз ва эркагӣ тарбият намуд. Ҳар чизе, ки мехостанд, гирифта дод, ба қавле нонашонро аз даҳонашон наканд. Ёрдампулии аз тарафи давлат медода бошад ночиз буд ва он ҳам дар вақтҳои охир пой аз остонаи онҳо канду яку якбора қатъ гардид; худи Саидбибӣ кор кунад, будааст.
        Рўзе писари калониаш Карим  «велосипед харида диҳед» гўён ба ҳолу ҷони Саидбибӣ намонд ва ў маҷбур шуд аз ҳамсоягон қарз бардошта ба писараш велосипед харад. Аз шодӣ ба куртааш нағунҷидани писарашро дида вай ҳам гўё болу пар баровард. Аммо тангии оила ва нодорӣ Саидбибии беваро маҷбур сохт, то ба колхоз ба кор барояд. Чанд сол дар меҳнатҳои пурмашаққати колхоз хуб корнамоӣ зоҳир кард. Кам дар хона мешуд ва аз аҳволи писаронаш низ дигар дуруст хабар надошт, ки рўзона онҳо ба чӣ корҳое машғуланд. Акояш Саидбек ҳафтае як бор омада аз ҳотаву марзаашон хабар мегирифт, боғашонро ба тартиб оварда аз аҳволи оғилу ҷои гўсфандон огаҳи мешуд. Корҳои боқимондаро бошад худи Саидбибӣ дасташ расад шабона, нарасад саҳарӣ пеш аз ба кор рафтанаш анҷом медод. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда писаронаш ба ягон кори хона даст намезаданд, баръакс рўзи дароз дар куҷое сар-сарӣ мегаштанд ва танҳо шабона чун саги дайду баногоҳ пайдо мешуданд.
          Рўзи занги охирини мактаб буд; ҳамсинфони Умар ҳама либосҳои хушнамуд пўшида назди якдигар аз зебоии либоси хеш худнамоӣ мекарданд. Умар низ аз куҷое бо шиму камзўли нави итолиёвӣ омада таваҷҷўҳи ҳозиронро ба худ ҷалб кард ва нуқтаи нави диққату эътибори онҳо қарор гирифт.
          Он бегоҳ тағои Умар Саидбек ба хонаи онҳо омад, то ҷиянашро баҳри ин кораш танбеҳу сарзаниш кунад, чаро ки охир ў аз ҳеҷ кас напурсида ягона гови ҷўшоияшонро фурўхта буд ва он шиму камзўли эътибори ҳамаро афзуда низ аз пули ҳамон буд. Аз ин рў тағояш сахт андўҳгин гашта буд:
          - Ҷиян, охир аз падарат танҳо ҳамин як гови ҷўшоӣ мерос монда буд. Онро аз гўштӣ ба даст оварда буд, раҳматӣ. Қуввати шерро дошт, таҳамтан… - лаҳзае ба сукут рафта боз давом дод: - Акнун, ки пир шуда буд, мо ният доштем ўро фурўхта ба ҷояш ягон модагови ҷавон гирем, ту бошӣ бо сари худат хеста онро фурўхтӣ. Магар дар дўкон дигар либос кам буд магар, ки ту маҳз ҳамин хелашро харидӣ?
          - Писари Абдуллои магазинчиро бинед, падараш барояш аз ин ҳам зўрашро гирифта додааст. Ман бошам, ду сол боз фақат як шимро мепўшам, илова бар ин беҳтар мебуд, ки ба молу дунёи мо кордор намешудед!
          Суханони Умар ба мағз андар мағзи устухони Саидбек  расида қалбашро ба ҷароҳат даровард. Модар, ки то ин дам каноре истода ба гапи байни онҳо гўш меандохт, дарҳол ба «ҳай-ҳай» гўӣ даромада писарашро ором кард, сипас узромезона ба акояш нигариста ўро аз ин ҳолати ногувор бароварданӣ хост.
          - Бача-дия, дилаш кашидааст. Як гов садқаи сар, пул ёбем, боз мегирем…
          Ва боз ким-чиҳо гуфтанӣ буд, ин лаҳза Саидбек даст афшонда бо як оҳанги маслиҳатомезона миёни сухани ўро бурид:
          - Саидбибӣ, аз ҳад берун бепарво будан ҳам аз рўи ақл нест, ба бача бояд аз хурдӣ сахтгирӣ бояд кард, вагарна имрўз говро фурўшад, фардо даст ба хона мезанад ва фадои дигар кӣ медонад боз чӣ гуна «корҳои  олиҷаноб» ро ба сомон мерасонад.
          - Назди ёру дўстон бепадариаш маълум нашавад, мегўям-дия, акаҷон. Набошад худатон дида истодаед, пули аз колхоз гирифта истодаам низ ба ҳеҷ чиз кор намеояд.
          Саидбек аломати маҳзуниеро дар чашмони хоҳараш дида, дилаш ба ҳоли ў сўхт ва дигар дар ин бора дигар сухан накушод…
     Аз рўи нақли модар паиҳам ду тўи пурдабдабаву бошукўҳ гузаронидани кампири Саидбибӣ ўро хонавайрон кардааст. Зеро ў чизу чораи зиёдатие, ё ин ки пули казоие барои ин тўйҳо надошта, ҳамаро аз ҳамсояҳои дуру наздик қарзу қавола карда будааст. Пас аз ҳамон тўйҳо қомати кампири Саидбибӣ дучанд хамида гашта, мўйҳояш низ ба куллӣ сафед гашта ранги ҳозираро гирифта будааст. Хусусан аз воқеоти дирўза, ки то ҳол аз пеши чашмони Анвар дур намерафт, ў то ҳол як хулосаи ҷиддие бароварда наметавонисту ҳайрон буд, шояд ниҳоят қасд ба қасддораш расид, ё ин ки ҳамту…
          Дирўз Анвар аз пеши хонаи Салимино гузашта истода кампири Саидбибиро дид, ки дар лаби ҷўйбор нишаста дар оби он як пора нони хушкшудаи мағорбастаеро тар карда мехўрд. Пойҳои кампир урьёну лойолуд буданд, наздаш каланде хоб мерафт. Аз ин ҳолати кампир дар дили Анвар нисбати ў эҳсоси тараҳҳум пайдо шуд ва назди кампир рафта:
          - Бибиҷон, хезед, ба хона гузаред, як пиёла чои гарм нўшед. Очаам имрўз нон пухта…
        Боқимондаи гапи Анвар дар даҳонаш монд, чунки ин лаҳза аз дарвоза Умари буқа, ҳамон Умаре, ки ҳангоми буқаи колхозро дуздида истоданаш даҳ тан базўр ба ў бас омада буданд баромад ва бо як ваҷоҳати ғазаболуде сўи Анвар нигарист.  Аз чашмони Умар гўё хун мебориду нигоҳаш чун гурги чашмгурусна, ҳамин ҳозир мехўрам, мегуфт. Анвар зуд худро аз он ҷо канора гарифтанро авлотар донист ва ба хонаашон даромада аз тарқиши дарвоза пойид, ку бубинад, ў чӣ кор карданист.
          - То нон хоидана ба обат нигоҳ кунӣ мемурӣ ту, кампири айёр. Ҳар обмонии ту, маккора, барои ман як рўзи наҳс меоварад. Хез аз ҷоят,  ки ҳавлиро об зер кардааст.
          Умар чанди дигар аз ин қабил калимаҳои таҳқиромез сухан гуфта охир рўй ба сўи кўчаи калон оварду калон-калон қадам гузошта ба ҷои ҳамешагиаш, назди мағоза, барои картабозӣ ё ягон бозии дигар, ки ҳамеша дар ин гуна бозиҳо ў дастболо буд, роҳ пеш гирифт. Ба модараш «ту-ту» гуён  муроҷиат кардан ба Умар аз хурдӣ касб шуда буд, аз ин рў ин рафтори ў барои Анвар ҷои тааҷубе надошт.
          Анвар мунтазири тамоман аз он ҷо дур гаштани Умар шуда, дақиқаи дигар дар ҷои пинҳоншудааш истод, пас аз он оҳиста-оҳиста сўи кампири таҳқирдида наздик омад.
          - Бибиҷон, ба дил нагиред, феъли вай ҳ… ҳамин, - мехост ҳайвон гўяд, боз худдорӣ намуд, ҳар кӣ ҳам бошад охир фарзанди ўст. – Шумо ба хона равед, ман худам об мемонам.
          - Ҷони бибеш, ту наметавонӣ, роҳу равишашро намедонӣ.
     - Метавонам, бибиҷон, - исрор мекард Анвар. – Ман об монда метавонам, шумо равед, дам гиред.
          Сиришк дар чашмони кампири Саидбибӣ ҳалқа зад ва ба рўи пурожингаш таровид. «Илоҳӣ, ба сад дароӣ, бачем, рўи камиро набинӣ» гўён дар ҳаққи Анвар дуо кард. Сипас як-як қадам партофта сўи хона акои раҳматиаш Саидбек равон шуд.
          Аз бозе ки писари дуввумиаш ўро аз хона рондааст, кампири Саидбибӣ дар хонаи акояш умр ба сар мебарад. Азбаски дилкашолие ба кори колхоз дорад, гоҳо-гоҳо омада боғу ҳотаашонро об медиҳад, шохҳои дарози дарахтонро қайчӣ мекунад, ҷўйборҳоро ба қадри имкон тоза мекунаду боз  ба манзилаш бармегардад. Ба ивази ин аз писараш фақат дашном мешунаваду халос. Аслан гап ҳамин гапи келини дуввумиаш шуду, писараш ба ҳар як гапу ҳарф ўро озо медодагӣ шуд. Пас аз дуввумбора зан гирифтани писари калонӣ зани писари хурдӣ бо ў муросо карда натавонист ва низое дар байни ҳеварзанон ба вуқўъ пайваст. Гарчанд писари калонӣ хонаву дари алоҳида дошт, зани писари хурдӣ аз ҳар як гапу калоча ғавғое бармесохт. Чун модарарўс хост дами муноқишаи байни онҳоро паст кунад ва рўзе ба мобайн даромад, келини хурдӣ бадтар аланга гирифт. Баҳонае барои ў тайёр шуд, то дар ҳаққи модарарўс назди  шавҳар бо муболиғаҳои зиёд бадгўӣ кунад. Аз худ лофу газоф ҳамроҳ карда гуфт, ки гўё ў зиндагии оромонаи онҳоро намехоста бошад ва маҳз худи ҳамон сабабгори ҷангу ҷидоли ҳаррўза бошад. Шавҳари беақл бошад, бе ҳеҷ як истиҳола модари худро зери шаттаву шаллоқ гирифт.
          Ҳамаи инро Анвар соле пеш аз болои дарахти чормағз медид ва ҳеҷ гумон накарда буд, ки фарзанди одамӣ то бад-ин дараҷа сангдил мешуда бошад. Умари девонаавзоъ кампирро ба як хориву зиллате аз мўяш рў-рўи ҳавлӣ кашола мекард ва аз даҳонаш кафк парронда наъра мезад:
          - Ту, модасаг, тарафи келини навата гирифтӣ? Зани ман дар ин хона ба ту чӣ бадӣ кард, малъуна? Ё осмон хеста ба сарат парў афтод? Ғундор бору бунаатрою каш аз ин ҷо, ки дигар рангатро набинам! Дафъ шав ба ҳамон хонаи келини нават!
          Кампири Саидбибӣ бадани аз зарбу лагад абгоргаштаашро базўр аз ҷой бардошта, нолакунон сар ба сўи осмон боло карду номи писари кайҳо ба ҳолаш гузоштаашро гирфта танҳо чунин нидо кард:
          - Илоҳо аз фарзандонат бинӣ, балам!
    Сипас мўи сарашро қадре дуруст карда тарафи хона калавида-калавида як-ду қадам партофт ва ин дафъа пасттар илова намуд:
      - Дигар ба ту ҳеҷ чиз намехоҳам, фақат он чӣ ки ба ман рафтор намудӣ, аз фарзанди худат бинӣ!
         
          Ин ҳодиса як сол қабл рўй дода буд. Воқеаи дирўза бошад Анварро сахт дар шигифт монд. Тааҷҷуби Анвар бештар аз он буд, ки шояд «оқибат гургзода гург шавад» ро амалан медид ё…
         
          Пас аз рафтани кампири Саидбибӣ Анвар оби ҷўйро, ки банди худро зада рўи ҳавлӣ баромад буд ба роҳи худ равон сохт. Сонӣ ҳар як пайкали обхўрдаро бо дастонаш зер карда қаноат ҳосил карданӣ мешуд, ки марза хуб об хўрдааст, ё не ва пайкали навро барои обмонӣ муҳайё месохт. То   як соат ҷунбуҷўл дошт ва ҳатто надониста монд, ки офтоб ба қиём омада, вақти пешин фаро расидааст. Ҳамин дам садои тараққос зада ба ҳам расидани дари дарвоза шунида шуд. Анвар як қад парида ба он сў нигарист ва Умарро дид, ки авзои аз саҳара ҳам беҷотар дошт ва рост ба сўи писараш Салим меомад, ки парвои дунёро надошта ба дулунҷа задани оши рўи дастархон машғул буд. Аз афташ маълум буд, ки Умар бозии имрўзаро бохтааст ва қасдашро аз дару девор гирифтанист.
          - Салим, чаро имрўз ба мактаб нарафтӣ?
      Салим осмон омада ба замин часпад ҳам бехабар, ҳамон беэътиноёна даҳонро аз ош пур мекард ва суханони падарро, ки ба ў нигаронида шуда буданд, гўё аз як гўш қабул мекарду аз дигар мебаровард.
          - Аз ту мепурсам, лаънатӣ! – ва як шаппотӣ ба рўи Салим фуровард. Салим, ки инро чашмдор набуд, дар лаҳзаи аввал ба ҳайрат афтод, сонӣ аз ҷой хесту то ҳол ҳарфе ҷавоб нагуфта, банохост ба рўи падар мушт кашид ва тирсон аз ҳавлӣ ба берун гурехт.
          Умар биннии хунолудашро боло дошта истода аз қафои ў:
          - Ҳумъ, падарлаънати аз саг шуда! – гўён дашном дода фиристод ва ҳатто пайхас накард, ки ў худ киро дашном медиҳад…

          Анвар дар ҷойгаҳ аз паҳлў ба паҳлў ғелида истода, ҳамаи ин воқеотро чун навори кино як-як аз лавҳи хотир мегузаронид ва ниҳоят байни онҳо як равобите пайдо кард, ки аз гардиши чархи фалак огоҳӣ медод. 

(2001 сол)

Monday, January 21, 2019

Mан озодихоҳам, вале на босмачӣ!

На ҳамаи босмачиҳо озодихоҳон будаанд. Дуруст аст ки шуморе кам аз озодихоҳон ба босмачиҳо пайвастаанд вале ин босмачиҳоро ҳаргиз сафед намекунад. Дар ин бора Саттор Турсун романи хеле хонданибоб дорад, "Се рӯзи як баҳор". Ва ё повести "Ятим"и Садриддин Айнӣ ки худ низ озодихоҳ аст аз воқиоти он рӯзҳо ошкоро менависаду босмачиҳоро аён. Аз ин рӯ "озодихоҳ" ва "босмачӣ" ин як чиз нест. Ва мисоли ҳамин, мафкураи ҷомеаи иҷтимоӣ ва мафкураи сталинӣ низ чизҳои аз ҳам тамоман дигаранд. Аз ин рӯ ман озодихоҳам, вале на босмачӣ! Ман тарафдори сохтори ҷомеаи иҷтимоиям ва на сохтори диктотурии сталинӣ.

Wednesday, October 10, 2018

Ёддоште аз полигон - навишта аз шабзиндадорӣ

Бўи ошу гўштбирён ояд ҳаме,
Ёди хўрди макарон ояд ҳаме,
Оби ҷумрак бо ҳама суръатпарӣ,
Дер-деру ҳам ниҳон ояд ҳаме.
Дашт рафтан хуб азобу офатест,
Аз давидан ҳалви ҷон ояд ҳаме.
Ҳафтаву рўз месупорем мо «зачёт»
Бўи пул аз имтиҳон ояд ҳаме.
Сабру тоқат ку дигар, эй дўстон?
Кас тавон бар полигон ояд ҳаме.

(2001 сол)

Monday, September 17, 2018

Доир ба "банда"ву "камина"

Дар адабиёти тоҷик истифода аз вожаҳои "банда" ва "камина" ки ҷойгузини вожаи "ман" ба ҳисоб меравад, ба назар мерасад, гӯё аз андоза каме бештар аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, вақте рӯзноманигоре мехоҳад дар бора худ чизе нависад, аз лиҳози камтарӣ шояд бисёртар аз "банда" ва ё "камина" истифода мебарад. Агарчанде асолатан ин вожаҳо маънии дигар доранд, имрӯз онҳо маънии "ман"-и камтару ҳақиртарро медиҳанд. Бо истифода аз ин вожаҳо нависанда гӯё гуфтанӣ мешавад ки ӯ лофзаниро намеписандад ва худ низ намехоҳад мардум бо овардани номи ӯ аз он хидмате ки кардааст (агар хидмате карда бошад) ёдовар шаванд. Вале вақте ин тавозуне ки байни "ман"у "банда" мавҷуд аст вайрон шуд ва гуфтаву навиштаҳо ҳамеша аз "банда"ву "камина" шурӯъ мегардад он гоҳ ин вожаҳо маънии худро ки "камтар"-и "ман" аст аз даст медиҳанд ва баръакс "ман" ба як вожаи самимӣ мубаддал мегардаду "банда"-ву "камина" ба вожаҳои худситоӣ. Мутаасифона, имрӯзҳо ҳар гоҳе ки аз касе чизе мехонам ва онҳо аз "банда" ва ё "камина" истифода мекунанд ҳаминро эҳсос мекунам, ки гӯё худситоӣ мекарда бошанд. Кош "ман" менависандӣ то навиштаашонро бо завқи тамом бихонам...

Tuesday, February 14, 2017

Оё Инсоният ба Дин Эҳтиёҷе Дорад?

Ҳамин ҳоло видиюеро тамошо мекардам, ки дар он Ричорд Доукинз то чӣ гуна бемантиқу бепоя будани динҳои мавҷударо исбот мекард ва "донишманд"они диниро шарманда. Доукинз бо баҳсҳову мунозираҳои худ ки ҳамеша аз илми табиӣ ҳимоят мекунад ва динро танқид, хеле маъруф аст. Қаблан ман ҳам ҳамфикри Доукинз будам ва мегуфтам чӣ хуб будӣ агар инсоният бо ақлу хирад сари кор гирифт, на бо дин. Вале имрӯз вақте ба ин сӯҳбатҳо гӯш медодам, ба худ гуфтам, шояд беҳтар аст дин ҳанӯз побарҷо монад. Агарчанде дин аз ибтидои худ то ба ҳозир сабабгори милюнҳо муаммо гаштааст ва бар сари инсоният ваҳшонияту харобкориҳои зиёде овардааст, он боз ҳам тавонистааст милюнҳо нафари дигарро аз ин гуна ваҳшоният боздорад. Фарз кардем, аз 7 миллиард инсони рӯи Замин 4 миллиард нафар пайрави кадом як дине ҳастанд. Аз миёни ин 4 миллиард, 20 милюн шояд харобкору қаттолу дузду дигару дигар бошанд (атрофи 0.5%), вале 99.5% дигари пайравони дин, одамони ба қавле "хуб" ҳастанд ва ба назар мерасад, ягона монеъаи ки онҳоро аз "бад" будан бозмедорад, ин фармудаҳои дин аст. Бо як ҷумла, ин тоифа зомбиҳое ҳастанд ки аз чаҳорчӯбаи дин берун намебароянд. Акнун биёед фарз кардем, дин аз байн бардошта шуд (яъне дигар ин чаҳорчӯба нест). Яку якбора ин 99.5% и бо ин мантиқи зомбиёнаи худ дунёро валангор хоҳанд кард, ҳамту не? Пас, фикр мекунам, инсоният ҳанӯз ба дин эҳтиёҷ дорад....

Monday, January 9, 2017

Фейсбук - Чойхонаи пиронсолон дар айёми ҷавонӣ

Хостам имрӯз чанд ҷумла доир ба истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ нависам. Лозим нест ки он Фейсбук аст, ё Одноклассники ва ё ягон шабакаи иҷтимоии дигар. Вале истифода аз онҳо байни мардуми ҷаҳон рӯз то рӯз бештару бештар мегардад. Доир ба хидматҳои бузурги ин шабакаҳо бисёр шунидаем, вале то ҳол надидаам ҷое дар бораи паёмадҳои бади инҳо (агар ин гуна паёмаде бошад) навишта бошанд. Инак чанд моҳест мехоҳам ин маводро бинависам, вале фурсат даст намедиҳад. Чанд моҳе пеш бо яке аз дӯстонам ки қалами хеле хоно дорад дар ин мавзӯъ сӯҳбат доштем ва хостам ӯ бинависад. Шояд аллакай ҷое навиштаву ман бехабар, маъзур, агар ҳамин тавр бошад! Хуб, қисса кӯтоҳ, бармегардем сари паёмадҳои бади шабакаҳои иҷтимоӣ.

Имрӯзҳо ба бисёрии мо одат шудааст рӯзе камаш 4-5 дафъа зиёрати "Фейсбук" кунем (аз ин пас мо ба ҳамаи шабакаҳои иҷтимоӣ шартан ин номро мегузорем). Албатта ҳастанд мардуме ки аслан ба Фейсбук намеоянд шояд аз сабаби он ки телефони Андроид ё АйФон надоранд, ё пули зиёдатӣ надоранд ва ё аслан фурсати бекор надоранд. Ва хуб ҳам мекунанд! Ва ин навишта барои онҳо нест. Хуб, биёед, аввал аз нигоҳи як фарди ҷомеа менигарем. Фарз кардем, ин фард рӯзе 1 соат вақти худро дар Фейсбук мегузаронад. Ин мешавад дар як ҳафта 7 соат ва дар як моҳ 30 соату, соле 365 соат. Ва боз ҳам фарз кардем, ин фард дар як моҳ 800 дуллор барои хонаводааш пайдо мекунад, ки баробар ба ~200 дуллор дар як ҳафта аст ва ~$5 дар як соати корӣ. Ба ин минвол, он фард дар як сол 365 х $5 = $1825 дуллор вақти худро сарфи Фейсбук намудааст. Албатта ҳастанд мардуме ки ба Фейсбук меоянду бизнеси худро ба роҳ меандозанд ва аз он манфиате ҳам мегиранд, вале ин тоифа миқдори хеле камеро ташкил мекунанд (шояд камтар аз 1 дарсад).

Шояд шумо ҳоло ҳисобу китоб кардед ва дидед ки рӯзе ба ҷои як се соат вақти худро дар Фейсбук мегузаронед. Он гаҳ муодили пули он мешавад $5475. Ва шояд шумо дар як моҳ $800 не, $1500 кор мекунед? Пас ин се соати шумо дар соле  ~$10 266.

Ва шояд шумо аслан вақт надоред, дар Тоҷикистон ҳастед, маошатон аз $300 боло нест ва коре ҳам нест битавонед пайдо кунед аз он бештар диҳад ва аз зиқиву зардобӣ сари ҳамин Фейсбук нишастаеду ду соатак ин чизу он чизро мехонед. Ин ҳам мешудааст баробар ба ~$1369.

Бештари зиёраткунандагони Фейсбукро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ биёед бармегардем сари қиссаи он ҷавонмарде ки моҳе $800-и кор мекунаду дар соле $1825 дуллор вақти худро сарфаи Фейсбук кардааст. Бигзор он ҷавон 20 сола бошад. Ва бигзор умре дароз бинаду вале пас аз 60 солагӣ дигар коре накунад. Агар ӯ соле $1825-ӣ сарф намекард, метавонист $73 000 (ҳафтоду се ҳазор дуллор) бештар сармоя ҷамъ кунад.

Хеле рақамбозӣ шуд. Вале мехостам боз як рақами дигареро биёварам то хонанда огоҳ кардад ки то чӣ андоза вақти гаронбаҳои мо сарфи ин "чойхона"ҳост.

Дар айни ҳол шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон (шартан кишваре ва албатта метавонад Ӯзбакистон бошад ё Қазоқистон) аз 8 милюн бешанд. Бигзор 2 милён нафар фарди корӣ бошанд ва мисли фарди аввалӣ соле $1825-ӣ сарфи Фейсбук намоянд. Дар як сол ин баробар мешудааст ба $3.65 миллиард доллар. Ана аз куҷо Цукерберг бой мешаваду мо камбағалтар.

Бо ин шумораҳое ки дар боло овардам, хостам хонанда каме ҳам бошад сари вақти гаронбаҳои худ фикр кунад. Агар нохоно буд, бахшиш.

Monday, October 31, 2016

Шаҷараи Хонаводагӣ

Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон одатан бештари мардум аз шаҷараи хонаводагии худ хуб бохабар ҳастанд ва метавонанд ҳеҷ не ному насаби 4-5 аҷдоди худро номбар кунанд. Баъзан тааҷҷуб мекунам, оё мардуми мо низ таваҷҷӯҳе бар ин суннат дошта бошанд, ё на.

Фаррух Ҷаббориён
(Фаррухи Ҷабборпури Фаттоҳзод пури Саидназар ибни Ҳоҷӣ Рабия, валади Мулло Ашӯр)

Monday, February 15, 2016

Дувоздаҳ сол сипарӣ гашта...

Ман ошиқам, майпараст, дар кўча по фитода,
Масту аласту беҳол, ёди шаробу бода.
Мебарандам ба ҷое, азми рафтан надорам,
Чандин, ки бор бурданд, доим пои пиёда.
Ҳушёрхона номанд, он ҷо ки ман равонам,
Ҳушёр аз чӣ дорам, оред майро зиёда!
Аз ҷом бода нўшам, то ки шавад нўши ҷон,
Хоҳӣ ки дармони ман, боз ор ҷоми бода.
Қалбе ки ишқ дорад, бечораҳол бошад,
Ишқи ман чун фузун аст, паймона чора дода.
Молу мулке надорам, баҳри халосӣ чунон
Ашк резам мисли дур, барчинӣ шода-шода.
Ҳоло бидеҳ шаробам, ё биёвар ишқи ман,
Ёхуд бимон ба ҳолам, боқӣ намонд ирода. 


(Фаррух Ҷаббориён, соли 2004)

Thursday, June 26, 2014

"Тарроҳии Бузург" - Стивен Ҳокинг ва Леонард Млодинов

Қисми Аввал - Асрори Ҳастӣ


Ҳар яки мо арзи вуҷуд дорем, вале ба як муддати кӯтоҳе ва дар ин муддат танҳо бахши кӯчаке аз тамоми оламро кашф мекунем. Аммо инсон гунаи кунҷковест. Мо таъаҷҷуб мекунем, ба дунболи посухҳо мегардем. Дар ин ҷаҳони паҳновар, ки гаҳе меҳрубону гаҳе бешафқат аст зиндагӣ намуда ва ба фалаки беандозаи болои сар нигариста, мардум ҳамвора пурсишҳои бисёре кардаанд: оё чӣ гуна метавон оламеро ки мо худро дар он пайдо кардаем дарк намуд? Олам чӣ гуна рафтор дорад? Моҳияти воқеъият чист? Ҳамаи инҳо аз куҷо пайдо шуданд? Оё олам ниёз ба офаридгоре доштааст? Бисёре аз мо бештари вақти худро сарфи нигаронӣ ба ин пурсишҳо намекунем, аммо қариб ҳамаи мо баъзан аз ин пурсишҳо изҳори нигаронӣ кардаем.

Урфан, ин пурсишҳо барои фалсафаанд, вале фалсафа фаннест мурда. Фалсафа натавонист ҳамгом бо рушди ҷадиди илм, ба вижа физик, бошад. Донишмандон дар талоши дониш ҳомили машъали кашфиёт гардиданд. Ҳадафи ин китоб посухи пурсишҳои болост, ки тариқи кашфиёт ва пешрафтҳои назарии ҷадид пешниҳод гаштаанд. Онҳо моро ба як тасаввури нави олам ва ҷойгоҳи мо дар он ҳидоят менамоянд, ки аз тасаввуроти урфӣ хеле фарқ мекунанд ва ҳатто аз ҳамин тасаввуроте ки як-ду даҳсола аз ин пеш рангубор додаем, тафовут доранд. Ба ҳар ҳол хулосаи аввалини мафҳуми навро метавон тақрибан ба садае аз ин пеш радёбӣ кард.

Мувофиқ ба мафҳуми урфии олам, ашёҳо аз рӯи масирҳои муайян ҳаракат мекунанд ва торихи қатъӣ доранд. Мо метавонем дар ҳар лаҳзаи замон мавқеъи дақиқи онҳоро  мушаххас намоем. Гарчанде ин шарҳ барои аҳдофи рӯзмарра ба таври кофӣ муваффақ аст, дар солҳои 1920-ум мушаххас шуд, ки ин тасаввуроти "клоссикӣ" наметавонад рафтори зоҳиран аҷибу ғариби мавҷудиятро ки дар миқёси атомӣ ва зератомӣ мушоҳида шудааст, шарҳ диҳад. Дар иваз моро зарур омад чаҳорчӯбаи дигареро бо номи физики квантӣ қабул намоем. Маълум гардид, ки назарияҳои квантӣ дар пешгӯии рӯйдодҳои миқёси хурд ба таври ҳайратангез дақиқ буда ва ҳангоми татбиқи он ба олами макроскопии рӯзмарра пешгӯиҳои назарияи клоссикиро айнан такрор мекунанд. Ва аммо физики квантӣ ва клоссикӣ аз рӯи нуқтаи назари тамоман гуногуни воқеъияти физикӣ таъсис ёфтаанд.

Назарияҳои квантиро метавон бо роҳҳои гуногун тавсият кард, вале шояд тавзеҳоти беҳтарини ҳиссии онро Ричард (Дик) Файнман, ки шахсияти рангбаранге буду дар Донишкадаи Текнолоҷии Колифорниё кор мекард ва дар клуби шабонаи поёни роҳ нағораи бонго менавохт, додааст. Мувофиқи Файнман, система на танҳо як торих дорад, балки тамоми торихеро ки имконпазир аст, дорад. Зимне ки мо ба дунболи пурсишҳо мегардем, мо равиши Файманро низ батафсил хоҳем фаҳмонд ва аз он истифода намуда идеяеро кашф хоҳем намуд, ки олам худ торихи ягона ва ё ҳатто як мавҷудияти мустақил надоштааст. Ин ҳатто барои бисёре аз физикдонон як идеяи радикалӣ ба назар мерасад. Дарвоқеъ, мисли бисёр аз мафҳумҳои илми имрӯза, ин ба ақли солим риоя намекунад. Вале ақли солим аз рӯи таҷрубаи ҳаррӯза асос ёфтааст, на аз рӯи олам ки тариқи шигифти фанновариҳо, монанди ононе ки ба мо иҷозаи нигаристан ба умқи атом, ё ақиб ба олами навзодро медиҳанд, ифшо гардидааст.

То қабл аз зуҳури физики замонавӣ, маъмулан тасаввур ин буд ки тамоми дониши дунёро метавон бо роҳи мушоҳидаи мустақим ба даст овард, яъне ашёҳо ончунонеанд, ки тариқи дарк намудани ҳиссиёти мо намудор мешаванд. Вале мувафаққиятҳои диданиву ҷаззоби физики замонавӣ, ки аз рӯи мафҳумҳои бо таҷрубаи рӯзмарра дар тазод таъсис ёфтаанд (мисоли овардаи Файнман), ба мо нишон доданд, ки ин маврид дуруст нест. Аз ин рӯ дидгоҳи соддалавҳонаи мавҷудият бо физики замонавӣ созгор нест. Дар қиболи ин гуна парадоксҳо мо равишеро пеш мегирем, ки ба он воқеъгароии мутаалиқи модел ном мениҳем. Ин аз рӯи идеяи он ки майнаи мо вурудот аз узвҳои ҳиссии моро бо сохтани модели дунё тафсир мекунад, таъсис ёфтааст. Ҳангоме ки ин модел дар фаҳмонидани рӯйдодҳо муваффақ шуд, мо майл мекунем сифати воқеият ё ҳакиқати мутлақро ба он ва ба ҷузъиёту мафҳумҳое ки онро ташкил мекунанд, нисбат диҳем.

(идома дорад... )

P.S. Инак чанд моҳ мешавад, вале то ба ҳол аз нашриёт иҷозаи нашри тарҷумаи тоҷикии ин китобро нагирифтаам. 

Thursday, December 20, 2012

Доир ба сафсатаи "Поёни Дунё"

Чанде пештар дар фикри он будам, ки одамон ба ин сафсата беэътиноёна хоҳанд нигарист. Вале чун соат ба он рӯзи "пешгӯишуда" наздик мерасад, мебинам ки мардуми зиёде дар изтироб ҳастанд. Ин мақоларо барои ононе менависам, ки ҳоло дар тӯли ҷуғрофии 75 и шарқӣ зиндагӣ доранду шояд аз интернет меҷӯянд, ки "поёни дунё" ё "охири дунё" то чӣ андоза ҳақиқат дорад. Пеш аз он ки далоил оварам, аввалан мехоҳам расонам: хотиратон ҷамъ бод, дунёи мо ҳоло барсутун хоҳад монд ва на як асру ду асри дигар, балки милёнҳо соли дигар. Инак дар поин далелҳои илмӣ меоварам, то хотиратон боз ҳам ҷамътар гардад.

Пешгӯиҳои Космолоҷӣ
Аз рӯи мушоҳидоти кайҳонӣ ва шиносоии илмии мо доир ба физикаи ситораҳо ва кайҳоншиносӣ маълум аст, ки Коиноти мушоҳид 13.7 миллиард сол (як миллиард баробар ба ҳазор милён аст) дорад. Бисёрии ситораҳои Коинот айни замон аз 1 то 10 миллиард сол умр доранд. Кӯҳансолтарин ситораи мушоҳид ситораи HE 1523-0901 буда, 13.2 миллиард сол умр дорад. Дар Коиноти мушоҳид тахминан 100 миллиард галактика мавҷуд буда, ҳар як галактика тахминан зиёда аз 100 миллиард ситора дорад. Яке аз он 100 миллиард галактикаҳои мушоҳид ин галактикаи "Роҳи Каҳкашон" мебошад. Офтоби мо яке аз 100 миллиард ситораҳои галактикаи Роҳи Каҳкашон аст. Синни Офтоби мо ба 4.57 миллиард сол баробар буда, синни сайёраҳои атрофи он низ ба ҳамон наздик аст. Аз ҷумла, Замин 4.54 миллиард сол аз ин пеш арзи ҳастӣ кардааст. Замин ягона сайёраи офтобиест, ки аз Офтоб дар масофаи мусоид барои арзи ҳаёт ҷойгир шудааст. Сайёраҳои дигар ё хеле сард ҳастанд, ё хеле гарм ва аз ин рӯ наметавонанд оби моеъ дошта бошанд, ки аз муҳимтарин шароитҳо барои мавҷудияти ҳаёт аст. Офтоб аз ҳисоби реаксияҳои ҳаставӣ арзи вуҷуд дорад. Вақте ки тамоми маводи ҳаставии Офтоб ба поён расид, он фарох мегардад ва ба "Ғӯли Сурх" (ҳолати ситоравӣ) мубаддал мешавад. Он гоҳ Офтоб  чунон фарох мешавад, ки ҳарорати Замин ба ҳазорҳо дараҷаи Селсиус мерасад ва қиёмат қойим мешавад. Вале барои он боз 5 миллиард соли дигар лозим аст.

Солшумории Майя

Пеш аз он ки ба солшумории Майя гузар кунем, мехоҳам чанд сухан аз солшумориҳои худамон оварам. Мо одатан аз солшумории мелодӣ истифода мебарем, ки аз рӯи он як сол ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония иборат аст. Ин гуна солшумориро солшумории шамсӣ меноманд. Ба ғайр аз ин солшуморӣ боз солшумории қамарӣ мавҷуд аст, ки аз рӯи он як сол ба 354.37 шабонарӯз баробар аст. Худи ҳамин солшумориҳо низ аз ҳамдигар бо фарқи солҳо фарқ мекунанд. Масалан, агарчанде ҳам эрониҳо ва ҳам тоҷикон аз солшумории шамсӣ истифода мебаранд, эрониҳо рӯзи аввали ин солшумориро ба рӯзи ҳиҷрати Муҳаммад паёмбар (с) муайян сохта бошанд, тоҷикон рӯзи аввалро аз мавлуди Исо паёмбар (с) сар мегиранд. Ва албатта фарқи он дар 622 сол аст. Новобаста аз ин солшумориҳои гуногун ҳамаи шумораҳои ҳозира аз дастгоҳи даҳӣ сурат мегиранд. Яъне оид ба он мо ҳама аз даҳ рақам истифода мебарем, халос: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9! Ҳамаи ададҳо аз ҳамин даҳ рақам сохта шудаанд. Чун рақами дигар надорем ба ҷои "даҳ" менависем як "1" ва як "0". Ба ҷои "ёздаҳ" - "1" ва "1". Ва ин давом мекунад. Масалан соли 2012 аз шумораҳои 2, 0, 1, 2 сохта шудааст. Ва аз ин рӯ ҳамаи ададҳои сохтаи мо низ 10 карата ҳастанд: даҳ - 10, сад - 100, ҳазор - 1000, ва ҳоказо. Аз ҷиҳати риёзӣ бад ҳам нест, агар як сол ба 100 рӯз баробар мешуд ва ҳисобу китоб ҳам анча осонтар. Вале "сол" таърихи худро дорад, ки пеш аз риёзиёт вуҷуд дорад. Он баробар ба як гардиши Замин дар гирди Офтоб аст. Соли қамарӣ бошад ба 12 гардиши Моҳ дар гирди Замин баробар аст ва маънои тамоман дигарро дорад. Ва боз ҳам, кас метавон аз дигар дастгоҳҳои рақамӣ истифода бурд. Масалан, забони роёнавӣ ин дастгоҳи дуӣ аст. Яъне "На" ва Оре" - "0" ва "1". Пештар дар худи мо (дар замони Хайём) аз дастгоҳҳои шастӣ истифода мебурданд. Ва аз ин лиҳоз аст, ки аълон як соати мо ба 60 дақиқа баробар асту, як дақиқаамон ба 60 сония.

Мардуми Майя ки дар даврони қадим зиндагӣ доштанд, низ дастгоҳи хоси худро доштанд. Аз рӯи он 1 "къин" ба "1" и мо баробар аст ва 1 "винал" ба 20 ва ҳоказо ки ҷадвалашро дар поин меорам:

1 къин = 1 рӯз
1 винал = 20 къин = 20 рӯз
1 тун = 18 винал = 360 рӯз
1 къатун = 20 тун = 7 200 рӯз
1 бъакътун = 20 къатун  = 144 000 рӯз
1 пиктун = 20 бъакътун = 2 880 000 рӯз
1 калабтун = 20 пиктун = 57 600 000 рӯз
1 къинчилтун = 20 калабтун = 1 152 000 000 рӯз
1 алаутун  = 20 къинчилтун = 23 040 000 000 рӯз

ва ҳоказо. Рӯзи 21 уми декабри соли 2012 ба поёни 13 ум бъакътун дуруст меояд, ки ҳеҷ рабте ба поёни дунё надорад.

Албатта Замин поёни умри худро дорад, ки ин танҳо тахминан пас аз 5 миллиард соли дигар аст. Вале хотиратон ҷамъ бод, ки он оши Соли Нави 2013 и моро талх нахоҳад кард. Мову наберагону аберагони мо на ҳазорҳову милёнҳо соли дигар балки миллиардҳо соли дигар дар амон хоҳем буд. Ҳамеша комгору комрон бошед!

Соли Нави астрономӣ (21 декабри соли 2012, соати 11:12 бо вақти Гринвич) бар ҳамаи шумо муборак бод!

Tuesday, December 18, 2012

Шаҳраки Коммерс

"Инак 18 рӯз мешавад ман дар шаҳраки Коммерс иқомат дорам. Пас аз анҷоми сафари якунимрӯза ки аз Таллаҳассӣ оғоз ёфта буд, маро Уилл аз шаҳри Гринвил истиқбол кард ва мо ба хонаи ҷаноби Лоу омадем, ки он ҷо ман инак иҷоранишинам. Утоқи ман дар қабати дуввум, оддияк ва шинам аст. Ба ғайр аз ман дар ин хонаи бузург боз 6 нафари дигар истиқомат доранд: як нафар аз Индонезия, ду нафар чиноӣ, як нафар аз Тайланд ва дуи дигарашро то ба ҳол аз наздик надидаам. Пас аз ҷобаҷо гузоштани бағочҳоям бо Уилл ба сайругашти шаҳрак баромадем. Нуфуси Коммерс ~9000 буда аз деҳаи мо ду баробар калонтар будааст. Се ресторани мексикоӣ доштааст, як чинӣ. Шояд аз он ҳам бисёртар бошад, вале то ба ҳол ҳамин қадарашро дидам.

Бао-Ан пас аз 5 рӯз омад ва пас аз..."

Ин суханони нотамомро наздик ба як сол аз ин пеш кошта будаму дигар ғайрати блогнависиам банохост хомӯш шудааст, ки акнун мебинам. Инак соле мешавад, ки ба Коммерс омадаам. Дар ин муддат дар ҳаётам чанд тағйирот шуд ки мухтасарашро дар поин меорам.

То моҳи май дар хонаи ҷаноби Лоу иҷоранишин будам. Пас аз ҷудоиҳои тӯлонӣ, моҳи май аҳли хонаводаам ба ман пайвастанд. Дар навбати аввал Фаридҷони хурдакак ба ҳайрат афтод ки ин "азимҷусса"и хона кӣ бошад. Вале мо зуд унс гирифтем. Шодиву нишоти моро, алалхусус, Азизҷонро канор набуд. Пас аз чанд рӯзи сайри Ню-Йорк ба Даллас баргаштем ва аз он ҷо ба Коммерс. Сар аз миёнаи моҳи Август Азизҷон ҳамчу хонанда ба синфи аввали (Kindergarten-0 Grade) дабиристони Коммерс қабул шуд. Фаридҷонро бошад ба боғчаи (Pre-School) назди донишгоҳ гузоштем. Дар ин муддат Фаридҷон ҳам забони модариашро ва ҳам кам-кам забони инглисиро балад шуд. Азизҷон бошад аллакай бо забони инглисӣ бурротар аз худи мо сухан мегӯяд. Агарчанде Азизҷон каме тоҷикиро балад аст, вале Фаридҷон ҳанӯз бисёр суханҳоро намедонад. Умедворам, омӯхтани ин ё он барои онҳо муаммое нахоҳад буд, чун ҳарду қобилияти хуби зеҳнӣ доранд.

Корҳои илмиам хуб ба пеш мераванд. Таи ин чанд муддат, мақолаи бо Проф. Пиекаревич навиштаамонро (чун ҳамешагӣ дар Phys. Rev. C) ба нашр расониданд. Бар замми ин бо ҳамкории донишмандони ин донишгоҳ ман боз як мақолаи дигари илмие навиштам, ки онро низ моҳи Август дар худи ҳамон маҷалла ба нашр расониданд. Мақолаи навбатии навиштаамонро умед ҳаст, таи ҳамин рӯзҳо ба нашр расонанд. Ва боз ҳам чанд мақола дармаҷмӯъи мақолоти конфронсӣ чоп намудем, ки аз корҳоям батамом қаноатмандам.

Гуфтагӣ барин, мо як мошини сабукрави сохти "Сузукӣ" гирифтем ки истеҳсоли 2006 мебошад. Бо он бемалол ба ин тараф он тараф саёҳат мекунем. Ягона андӯҳе ки дорем, ин ҳам пазмони диёр асту наметавонем наздики пайвандони худ бошем. Таи ин муддат, бародарам Шаҳбоз хонадор шуд ва ҷиянам Ғолибҷон хатнасур кард. Агарчанде мо натавонистем бевосита ҳузур дошта бошем, вале тавассути видео орзуву хоҳишҳои неки худро расонидем. Шаҳбоз аз Тошканд  хона харид ва инак бо завҷааш дар ҳамон ҷо кор мекунаду зиндагӣ дорад.

Аълон ҳамааш ҳамин. Боз хоҳам навист ва умедворам ин дафъа зудтар. 

Wednesday, December 7, 2011

Мақолаи панҷум

Имшабу рӯзҳо ғарқи навишти мақолаи панҷуми худ ҳастам. Хушбахтона мақолаи навбатиамонро (ки ҳамҷоя бо Хорхэ Пиекаревич навиштем) низ ба маҷаллаи илмии Phys. Rev. C пазируфта онро аллакай мунташир карданд. Пеш аз он ки аз донишгоҳи иёлати Флорида батамом канор равам, мехоҳам мақолаи навбатии худро навишта ба поён расонам. Сипас озими шаҳраки Коммерс хоҳам шуд, ки воқеъ дар иёлати Техас аст. Дар он ҷо бо донишмандони астрофизик Др. Бао-Ан Лӣ ва Др. Виллиам Нютон ҳамҷоя кор хоҳам кард.

Азизҷону Фаридҷон ҳамарӯза бузург мешаванд, ки ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Азизҷон агарчанде дар хона одатан бо забони модариаш сӯҳбат мекунад, бо ман бо тоҷикӣ сухан мегӯяд ва гоҳо аз ибораҳои инглисӣ низ истифода мекунад. Фаридҷон ҳанӯз забон ёд мегирад. Аввалин сухане ки соли пешин пас аз "дада" ва "ая" бошуурона вирди забонаш оварда буд, "гол" буд. Дуввуминаш, "Мессӣ". Ҳоло бемалол "Ассалому алейкум" мегуфтагӣ шудааст. Ҳарду ба боғча мераванду ғайр аз он ки падарашон дар канор нест, аз ҳама чиз қаноатманданд. Ҷони азизам чун ҳамешагӣ онҳоро парасторӣ мекунад ва ба кори ҳаррӯзаи худ равон аст. Ман ҳамаатонро хеле пазмон шудаам.

Боз меоем, сари мақола. Одатан ҳар боре ки сари роёна мешинам, ба даҳҳо имейл ҷавоб менависаму чандин шарҳ дар фейсбук мегузорам ва ба ҳамаи ин ҳамагӣ чанд дақиқа кофист (шояд соате). Инак ҳафтаи дуввум шудааст, ки сари ин макола қарор дорам, вале ҳанӯз панҷ саҳифаашро нанавиштаам. Сабаб дар он аст, ки ҳар дафъае ки мехоҳам нависам, аввал маро мебояд чанд мақолаи дигарро саропо хонда бароям. Ба ин вақти зиёде меравад ва ҳамин ки ба навиштани мақола сар кардам, ё шикам гурусна мемонад, ё баҳонаи дигаре пайдо мешавад :-) Имшаб қарор додам то субҳидам сари роёна нишинам ва боз як ё ду саҳифаи кори илмиамро дар мақолаи худ ҷамъбаст кунам. Пас то бознависӣ!

Sunday, November 27, 2011

Рӯзҳои интизорӣ

Инак зиёда аз як маҳ мешавад кори духтуриамро дифоъ кардааму дигар муаммои "таҳсил" аз сарам фориғ гаштааст. Ин шабу рӯз бо Хорхэ мақолаи панҷуми худро менависем. Умедворам таи ҳамин ҳафтаҳои оянда инашро низ ирсол намоям. Рӯзгорам хеле одатист; кори илмӣ мекунам, кори хонагии донишҷӯёнро санҷида баҳо мегузорам, чанд соъат вақти худро (беҳуда) дар фейсбук мегузаронам. Ва ҳамеша интизори шаб шудани рӯз ҳастам, то ба хона занг занаму бо ҷонам аз таҳи дил сӯҳбат кунам. Имрӯз васоити скайп бо ҳам каме сӯҳбати видеӯӣ доштем. Азизҷон каме шармаш омаду бароям танҳо парчае аз як шеър хонд. Метавонистааст, то адади сӣ (30) шуморад. Фаридҷон ҳоло хеле бозигаро; ба болои батареяи хонагармкунак баромада, аз он ҷо дароз шуда ба скайп нигоҳи худро меафканд. Ҳамаро хеле пазмон шудаам.

Кори пасаздухтуриамро мехоҳам дар донишгоҳи Техас А&М идома диҳам. Ку зудтар он рӯзҳои навин меомаданд. Ҳар рӯзи гузашта маро ба хонаводаам наздиктар месозад. Ният дорам пас аз 7-8 моҳ ба хона баргардам.

Wednesday, October 5, 2011

Озими Нью Йоркам.

Инак дар фурудгоҳи Атланта нишастааму сония мешуморам ки кай ҳавопаймои мо меомада бошад. Ба Нью Йорк сафар дорам. Аз он ҷониб (аз Тошканд) падару модарам бо ҳамроҳии нозанини ман аллакай аз болои уқьёнуси Атлантик парвоз мекунанд. Азизҷону Фаридҷонро дар хона, назди модаркалонаш гузоштем. Онҳоро хеле пазмон шудаам, вале аълон дигар чорае надорем. Сонитар худам баргашта онҳоро низ ба ин ҷо хоҳам овард. Сафари волидайнам ва ҳамсари аз ҷон азизам кӯтоҳмуддат буда, таи ин муддат мехоҳем аз ҷойҳои гуногун дидан кунем. Илова бар ин рӯзи 18-уми ӯктӯбер аз кори духтурии худ дифоъ хоҳам кард. Хеле хурсандам, ки дар ин рӯз маро падару модарам ва ҷони азизам маро дастгирӣ хоҳанд кард.

Wednesday, July 20, 2011

Зодрӯзат муборак, Фаридҷон!

Писари хурдиам, Фаридҷон, имрӯз дусола шуд. Зодрӯзат муборак бод, Фаридҷон! Мисли ҳар як падар ман низ дар дил орзуҳои беҳтаринро бароят мепарварам ва тамманно дорам, ки рӯзе мисоли Искандару Мақдунӣ (20-уми июли 356 пеш аз милод) хирадманд, мисли Имом Бухорӣ (20-уми июли 810) фозил, мисли Франческо Петрарх (20-уми июли 1304) шоир, мисли Грегор Мендель (20-уми июли 1822) донишманд, мисли Тадеуш Райхштайн (20 июли 1897) кимьёгар, мисли Герд Бинниг (20-уми июли 1947) физик ва мисли Алессандро дос-Сантос (20-уми июли 1977) футболист шавӣ!

Wednesday, July 13, 2011

Ёздаҳ саҳифаи кори илмиамро навишта шудам.

Аз рӯи нақша мебоист аллакай 39 саҳифа менавиштам, вале чуноне ки мебинам, навишти диссертация на он қадар кори босуръат будааст. Дар ихтиёр 49 шабонарӯзи дигар дорам ва мехоҳам бо навишти 89 саҳифаи дигар қаноатманд бошам.

Thursday, July 7, 2011

Саҳифаҳои аввалашро менависам.

Шурӯъи кори илмии бузургҳаҷм на он қадар кори осон будааст. Дирӯзи дароз машғули ҷобаҷогузории бобҳои кори илмӣ будам. Каме вақт пайдо карда як саҳифа "оғоз" и боберо ҳам навишта мондам. Имрӯз, насиб бошад, ба таъаннӣ сари миз хоҳам нишаст ва то шомгоҳ 2-3 саҳифаи нав хоҳам навишт.

Дирӯз бо Хорхэ доир ба истиқболи кори минбаъдаи ман низ каме сӯҳбат кардем. Мутаасифона, ҳоло ягон кори хубе ҳам нест, ки ба он ҷо ҳуҷҷатҳои худро тақдим намоям.

Wednesday, July 6, 2011

Ба навиштани кори докторӣ оғоз намудам.

Сар аз имрӯз ман ба навишти диссертацияи докторӣ хоҳам даромад. Таи ин чор соли кори илмӣ се мақолаи илмии худро дар маҷаллаи Physical Review C ба нашр расонидам. Ният дорам, мақолаи чоруми худро низ моҳи оянда ба нашриёт ирсол намоям. Кори илмии докториам низ аз маҷмӯъи ҳамин мақолаҳо иборат хоҳад буд, ки каме густариш дода шудааст. Аз рӯи нақша то охири моҳи август бояд ба навишти диссертация хотима бахшам. Дар ихтиёрам 56 рӯзи дигар боқист. Агар ҳар рӯз атрофи дусаҳифагӣ нависам, насиб бошад як кори илмии садсаҳифагиро ба поён хоҳам расонид.