Thursday, December 20, 2012

Доир ба сафсатаи "Поёни Дунё"

Чанде пештар дар фикри он будам, ки одамон ба ин сафсата беэътиноёна хоҳанд нигарист. Вале чун соат ба он рӯзи "пешгӯишуда" наздик мерасад, мебинам ки мардуми зиёде дар изтироб ҳастанд. Ин мақоларо барои ононе менависам, ки ҳоло дар тӯли ҷуғрофии 75 и шарқӣ зиндагӣ доранду шояд аз интернет меҷӯянд, ки "поёни дунё" ё "охири дунё" то чӣ андоза ҳақиқат дорад. Пеш аз он ки далоил оварам, аввалан мехоҳам расонам: хотиратон ҷамъ бод, дунёи мо ҳоло барсутун хоҳад монд ва на як асру ду асри дигар, балки милёнҳо соли дигар. Инак дар поин далелҳои илмӣ меоварам, то хотиратон боз ҳам ҷамътар гардад.

Пешгӯиҳои Космолоҷӣ
Аз рӯи мушоҳидоти кайҳонӣ ва шиносоии илмии мо доир ба физикаи ситораҳо ва кайҳоншиносӣ маълум аст, ки Коиноти мушоҳид 13.7 миллиард сол (як миллиард баробар ба ҳазор милён аст) дорад. Бисёрии ситораҳои Коинот айни замон аз 1 то 10 миллиард сол умр доранд. Кӯҳансолтарин ситораи мушоҳид ситораи HE 1523-0901 буда, 13.2 миллиард сол умр дорад. Дар Коиноти мушоҳид тахминан 100 миллиард галактика мавҷуд буда, ҳар як галактика тахминан зиёда аз 100 миллиард ситора дорад. Яке аз он 100 миллиард галактикаҳои мушоҳид ин галактикаи "Роҳи Каҳкашон" мебошад. Офтоби мо яке аз 100 миллиард ситораҳои галактикаи Роҳи Каҳкашон аст. Синни Офтоби мо ба 4.57 миллиард сол баробар буда, синни сайёраҳои атрофи он низ ба ҳамон наздик аст. Аз ҷумла, Замин 4.54 миллиард сол аз ин пеш арзи ҳастӣ кардааст. Замин ягона сайёраи офтобиест, ки аз Офтоб дар масофаи мусоид барои арзи ҳаёт ҷойгир шудааст. Сайёраҳои дигар ё хеле сард ҳастанд, ё хеле гарм ва аз ин рӯ наметавонанд оби моеъ дошта бошанд, ки аз муҳимтарин шароитҳо барои мавҷудияти ҳаёт аст. Офтоб аз ҳисоби реаксияҳои ҳаставӣ арзи вуҷуд дорад. Вақте ки тамоми маводи ҳаставии Офтоб ба поён расид, он фарох мегардад ва ба "Ғӯли Сурх" (ҳолати ситоравӣ) мубаддал мешавад. Он гоҳ Офтоб  чунон фарох мешавад, ки ҳарорати Замин ба ҳазорҳо дараҷаи Селсиус мерасад ва қиёмат қойим мешавад. Вале барои он боз 5 миллиард соли дигар лозим аст.

Солшумории Майя

Пеш аз он ки ба солшумории Майя гузар кунем, мехоҳам чанд сухан аз солшумориҳои худамон оварам. Мо одатан аз солшумории мелодӣ истифода мебарем, ки аз рӯи он як сол ба 365 рӯзу 5 соату 48 дақиқаву 46 сония иборат аст. Ин гуна солшумориро солшумории шамсӣ меноманд. Ба ғайр аз ин солшуморӣ боз солшумории қамарӣ мавҷуд аст, ки аз рӯи он як сол ба 354.37 шабонарӯз баробар аст. Худи ҳамин солшумориҳо низ аз ҳамдигар бо фарқи солҳо фарқ мекунанд. Масалан, агарчанде ҳам эрониҳо ва ҳам тоҷикон аз солшумории шамсӣ истифода мебаранд, эрониҳо рӯзи аввали ин солшумориро ба рӯзи ҳиҷрати Муҳаммад паёмбар (с) муайян сохта бошанд, тоҷикон рӯзи аввалро аз мавлуди Исо паёмбар (с) сар мегиранд. Ва албатта фарқи он дар 622 сол аст. Новобаста аз ин солшумориҳои гуногун ҳамаи шумораҳои ҳозира аз дастгоҳи даҳӣ сурат мегиранд. Яъне оид ба он мо ҳама аз даҳ рақам истифода мебарем, халос: 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9! Ҳамаи ададҳо аз ҳамин даҳ рақам сохта шудаанд. Чун рақами дигар надорем ба ҷои "даҳ" менависем як "1" ва як "0". Ба ҷои "ёздаҳ" - "1" ва "1". Ва ин давом мекунад. Масалан соли 2012 аз шумораҳои 2, 0, 1, 2 сохта шудааст. Ва аз ин рӯ ҳамаи ададҳои сохтаи мо низ 10 карата ҳастанд: даҳ - 10, сад - 100, ҳазор - 1000, ва ҳоказо. Аз ҷиҳати риёзӣ бад ҳам нест, агар як сол ба 100 рӯз баробар мешуд ва ҳисобу китоб ҳам анча осонтар. Вале "сол" таърихи худро дорад, ки пеш аз риёзиёт вуҷуд дорад. Он баробар ба як гардиши Замин дар гирди Офтоб аст. Соли қамарӣ бошад ба 12 гардиши Моҳ дар гирди Замин баробар аст ва маънои тамоман дигарро дорад. Ва боз ҳам, кас метавон аз дигар дастгоҳҳои рақамӣ истифода бурд. Масалан, забони роёнавӣ ин дастгоҳи дуӣ аст. Яъне "На" ва Оре" - "0" ва "1". Пештар дар худи мо (дар замони Хайём) аз дастгоҳҳои шастӣ истифода мебурданд. Ва аз ин лиҳоз аст, ки аълон як соати мо ба 60 дақиқа баробар асту, як дақиқаамон ба 60 сония.

Мардуми Майя ки дар даврони қадим зиндагӣ доштанд, низ дастгоҳи хоси худро доштанд. Аз рӯи он 1 "къин" ба "1" и мо баробар аст ва 1 "винал" ба 20 ва ҳоказо ки ҷадвалашро дар поин меорам:

1 къин = 1 рӯз
1 винал = 20 къин = 20 рӯз
1 тун = 18 винал = 360 рӯз
1 къатун = 20 тун = 7 200 рӯз
1 бъакътун = 20 къатун  = 144 000 рӯз
1 пиктун = 20 бъакътун = 2 880 000 рӯз
1 калабтун = 20 пиктун = 57 600 000 рӯз
1 къинчилтун = 20 калабтун = 1 152 000 000 рӯз
1 алаутун  = 20 къинчилтун = 23 040 000 000 рӯз

ва ҳоказо. Рӯзи 21 уми декабри соли 2012 ба поёни 13 ум бъакътун дуруст меояд, ки ҳеҷ рабте ба поёни дунё надорад.

Албатта Замин поёни умри худро дорад, ки ин танҳо тахминан пас аз 5 миллиард соли дигар аст. Вале хотиратон ҷамъ бод, ки он оши Соли Нави 2013 и моро талх нахоҳад кард. Мову наберагону аберагони мо на ҳазорҳову милёнҳо соли дигар балки миллиардҳо соли дигар дар амон хоҳем буд. Ҳамеша комгору комрон бошед!

Соли Нави астрономӣ (21 декабри соли 2012, соати 11:12 бо вақти Гринвич) бар ҳамаи шумо муборак бод!

No comments: