Friday, April 10, 2020

Сурури Замин


Сурури Замин

          Дарёи Аму аз ҳарвақта зиёдтар кафккунон мавҷ бар доман мезад. Овози мурғобиҳое, ки ҳар шаб ин мавзеъро танинандоз буд, имшаб гўё аз хатари ояндае огоҳ бошад, ба гўш намерасид. Баъзан садои буми ваҳмангези лонашин аз сўи дарахтони худрўи лаби дар шунида мешуд, ки ягона халалрасони ин шаби сокин пас аз дарё ҳамон буд.
          Дар чунин шабе ки дарё хурўш мекард, танҳо навбатдорони сарҳади байни Термизу Афғонистон дар пости навбатии худ истода, хизмати ҳарбиро чун пешина ба ҷо меоварданд. Ҷамшед бо ҳамроҳи худ Азамат, ки дар як қисм хизмат мекард, қаиқ ронда истода ғарқи хаёлу андеша гашта буд. Азамат бошад, азбаски навхизмат буд, бори аввал ба ҳаракати пасту баланди мавҷҳое ки сўи соҳил медавиданд, аз наздик назар афканда, ҳаловати хосае мебурд. Аз дур чароғе милт-милткунон аз ивазшавии смена хабар мерасонид. Қаиқи белзан дар рўи об алвонҷ хўрда-алвонҷ хўрда торафт ба соҳил наздик мешуд.
          Нохост дар осмон оташаке афрўхта лаҳзае шаби торро аз зулмат озод кард. Аз равшании ба миён омада ҳатто канораҳои соҳил, ки тахминан панҷсад метр дур буданд, намудор шуд.
          - Барқ! – фарёд кард Азамат ба талвоса афтода. – Ҳозир борон меборад.
          - Одами зудҳаяҷон ҳастӣ, - дар навбати худ гуфт Ҷамшед ва ба сўи осмон нигаристу худ ҳам бетоқатона аз ҷой каме ҷунбид. Ў чашм аз пардаи ситоразор наканда истода ҳаяҷони худро ошкор накарда натавонист ва аз рафиқаш ҳам баландтар фарёд зад:
          - Метеор! Метеори калон!
          Азбаски Ҷамшед қабл аз хизмати ҳарбӣ дар факултаи физика таҳсил гирифта буд, ба метеору астероидҳо завқи калон дошт. Илми нуҷум, ки бо тамоми ҳастӣ вуҷуди ўро фаро гирифта буд, баъзан водор месохт, то як поси шаб дар мушоҳидахонаҳои факулта монда ҳаракати ситораҳоро муоина кунад. Ҳатто кори дипломиашро дар бораи омўхтани сохт ва таркиби ҷирмҳои осмонии байни Муштариву Миррих  карда буд, ки ҳамагон рўзи ҳимояи он ўро бо чапакҳо таҳсин хонда буданд. 
          Имшаб низ ў нуқтаи материалиеро, ки торафт калонтар шуда наздик меомад, метеор гумон карда ду чашм аз осмон намеканд, то ҳаракате аз ҷониби чашмонаш хато нахурад. Азамат ин ҳолати карахти Ҷамшедро дида белҳои аз дастони ў холӣ мондаро зуд ба даст гирифт ва худ бо ҷидду ҷаҳд ба белзанӣ даромад. Ў ҳаросон, хаёлаш худи ҳозир метеор ба боли қаиқи онҳо афтода онро чаппа мекард.
          - Ба осмон нигар! Биё, белзаниро мон, нигар, чӣ чизи аҷоиб! – ҳоло ҳам сар поин накарда фарёд мезад Ҷамшед. Азамат, ки ҳатто ба сар бардоштан маҷолаш намонда буд, ягона умеди худ рацияро ба даст гирифт, то штабро аз ин «воқеаи нодир» огоҳ созад. Вайрон будани рация умеди охирини ўро низ ба пуч баровард ва ҳамин лаҳза садои Ҷамшедро, ки аз вақтхушӣ бароварда буд, аломати хатар фаҳмида бе он ки сар боло кунад, аз ҳуш рафт. Ҷамшед ҳоло ҳам муоинакорирор давом дода истода ин ҳолати рафиқашро пайқас накард.
          Метеори ғайримуқаррарӣ аввал чун танга, сипас баробари лаъли калон шуду дар ҳаво муаллақ монд. Ҷамшед ин ҳолати ғайриоддии метеорро дида аз ҳайрат лаби остин газид. Аввалан метеор набояд бе ягон изи ғафс ба Замин наздик мешуд, хусусан ҳангоми аз атмосфера гузаштани ин гуна метеори калон ҳатман таркише бояд ба вуҷуд меомад, ки дар ин метеор на ин на он ба назар мерасид.
          «Метеор» гўё ин ҳайрати Ҷамшедро пай намуда бошад, аз нав ба ҳаракат даромад. Ин лаҳза ҳайрати Ҷамшед дучанд афзуд, чаро ки метеори ў гумонкарда ба лаълии басо калон шабеҳӣ дошт. Зуд ба хотираш ҳикояву қиссаҳо доир ба лаълиҳои паррони номаълум омаданд, ки аз хурдӣ ин гуна ҳикояҳоро дўст медошт ва дар дил чунин вохўриро бо умед мепарварид. Инак, имшаб орзуи ў аз кадом ҷиҳате ҷомаи амал мепўшид.
          Ҷамшед чун Азамат сару калобаи хешро гум накард, баръакс фуруд омадани «лаълии паррон» ро (Агар ў дар ҳақиқат мефаромада бошад!) мунтазир шуд. Он рост ба сўи қаиқ фуромада истода, даҳ метр болотар дубора дар ҳаво муаллақ монд. Пас қаиқ ба кадом сўе ҳаракат накунад, ў ҳам гўё як қисми он бошад баробари қаиқ рафтан гирифт. Ба санг дакка хўрдани қаиқ Ҷамшедро хаёле ба худ овард ва ў дид, ки ба ҷазираи байни дарё расидааст. «Лаълии паррон» низ дар ҳамин ҷо аз қаиқ ҷудо гашта, дар яке аз ҷойҳои паҳнотари лаби ҷазира фуруд омад. Ин лаҳза Ҷамшед низ хост штабро аз ин воқеаи рўйдодаистода огоҳ созад ва рақамҳои лозимиро чинд. Паз аз он ки рация садои қабулкуниро набароварду ўро аз куҷое ба ёд расид, ки дар ҷои киштии кайҳонии сокинони сайёраи дигар истода асбобҳои мавҷии рўизаминӣ ба кор намедарояд, дигар бо он овора шуданро лозим надонист ва ба сўи «лаълии паррон» назар андохта дид, ки аллакай ду кас аз сокинонаш ба берун баромадаанд.
          Гарчӣ меҳмонон чун заминиён бо ду по меистоданд, валекин дар қаду басти онҳо фарқи куллие аз одамони ин ҷо ба назар мерасид. Ҳарду қади басо паст, яъне тахминан қариб як метр дошта, пойҳояшон нисбатан кўтоҳу борик буд. Сарҳои калону безебашон ба ин гуна қади бачагона тамоман мувофиқат намекард. Яке аз онҳо, ки рўи дароз дошта қадаш низ аз қади ҳамроҳаш як ваҷаб баландтар буд, қадаме пеш гузошт ва бо лаҳҷаи панҷобӣ ба сухан даромад:
          - Салом, аскар! Наздик биё, натарс, ин парвози панҷоҳу ҳафтуми мо ба сайёраи шумост, - гўён дили Ҷамшедро каме нарм карданӣ шуд ва ба сухан давом кард. – Аз афташ дар сменаи навбатдорӣ ҳастӣ?!
          - Ҳа, - кўтоҳакак ҷавоб дод Ҷамшед аз лаҳҷаи онҳо ҳайраташ афзуда ва далертар шуда давом дод. – Аллакай смена иваз шуд.
          - Аҷиб, - гуфт Пакана, ки аллакай Ҷамшед ба назди онҳо расида буд ва бо ангушташ ба сўи автомати дар китфи ў буда ишорат кард: - Дар куҷое ки мо набудем, аз ин яроқи қирони инсон ҳаст. Ҷамъияти ваҳшиён…
          Пакана ҳоло суханашро ба итмом нарасонда Дарозрў эътироз баён кард:
          - Беҳуда танқид макун. Ба ёд ор, ки ҳафтсад сол аз ин пеш аҷдодони худи мо чӣ хел буданд. Ин даври гузариш аст. Ғайр аз ин, Тим, худи мо низ маҳз ҳамин хел вазифаро дар ўҳда дорем.
          Ҳайрати Ҷамшедро дида Дарозрў ба фаҳмонидан даромад:
          - Оре, аз сари мо низ ҳамин хел давр гузаштааст. Мо аз сайёраи Сурури бурҷи Ғўли Кўҳӣ, ки дар шумо ба забони қадимаи грекӣ Кентавр меноманд, мебошем. Дар қисми шимоли Замин он намудор нест. Сайёраи мо низ чун ватани шумо Ўзбекистон дар ихтиёри халқ аст, лекин фақат демократия неву демопланетия.
          - Забони тоҷикиро аз куҷо медонед?
          - Ҳар як аъзои сайёраи мо камаш ҳафт-ҳашт забонҳои сайёраи шуморо медонад. Хусусан, ману Тим аз бозе, ки ба Замин робита дорем, шасту ду забони шуморо аз бар намудем. Забони дарӣ бошад бостонӣ аст. Аҷдодони забонатон Рўдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Саъдӣ ва Синову Беруниро ҳар як фарди ҷамъияти мо на танҳо медонад, балки асарҳои онҳоро бо як шавқи хосае мехонанд.
          Пакана, ки ҳамроҳаш ўро Тим ном бурда буд, мисли Ҷамшед ба ҳар як сухани Дарозрў бодиққат гўш андохта дар охири сухани ў таъкид кард:
          - Эд дуруст мегўяд. Шахсан худи ман ҳам, ки табиб ҳастам, баъзан корҳои мушкиламро бе асарҳои Шайхурраис анҷом дода наметавонам. Ҳатто дар ҳаёти мо чунин олими забардасти замони худ нарасида буд. Дар инқилоби соҳаи тиб хизмати аҷдодат басо бузург аст.
          - Инқилоб?! – ба ин сухани ў сарфаҳм нарафта хитоб кард Ҷамшед.
          - Бале, инқилобе ки маҳз дар зодрўзи ҳазорсолагии Бўалии Сино, бо вақти шумо дар санаи ҳаждаҳуми августи соли ҳазору нўҳсаду ҳаштодум шуда гузаштааст. Бо раҳбарии профессор Эн Си, як гурўҳ  олимони машҳури сайёраи мо бо роҳи начандон мураккаб давои тамоми касалиҳо, аз ҷумла саратонро, ки дар Замин низ то ба ҳол муаммост, ёфта баромаданд. Инқилоб дар муддати кўтоҳ чунон қувваи худро намоиш дод, ки дар сайёра ягон шахси бемор намонд. Эҳтимолияти беморшавӣ бошад дар сад сол ба як кас дуруст меояд, ки ин вақти тўлонист.
          - Магар дар шумо микробу бактерияҳо нестанд? – боз пурсид Ҷамшед, ки сабаби бемориро дар онҳо медонист.
          - Албатта ҳастанд, аммо мо онҳоро аллакай бактерия не, балки «коркунони кўчак» меномем. Азбаски ҳоло дар мо ҳама чиз роботонида шудааст ин гуна коркунони беминнатро пайдо кардан кори осонест. Онҳор метавон дар таркиби хок пайдо кард, ки он дар сайёраи мо низ сероб аст. Атмосфераи мо бошад  аз микроорганизмҳо қариб батамом холӣ аст. Ҳавои онро ҳар рўз бо техникаи нав тоза карда меистанд. Роботҳоро бошад ба мо худи «коркунони кўчак» сохта медиҳанд. Мана аз ин асбоб, - гўён Тим як чизи гирдашаклро ба Ҷамшед нишон дода ба гапаш давом намуд, - «коркунони кўчак» ро бевосита ба меҳнат ҷалб намудан мумкин.
          Ҷамшед ин тараф он тарфи асбобро дида хост боз онро ба меҳмонон баргардонад, ҳамин лаҳза ҳамаро дар ҳайрат гузоштааз осмо содои ғуррише ба гўш расид. Ба боло нигоҳ карда, ў ду чархболи ҳарбии навъи охирин «наҳанги сиёҳ» ро дид, ки бо суръати баланд аз он тарафи дарё ба сарҳад наздик мешуданд. Ҷамшед фурсатро аз даст надода зуд рацияро ба даст гирифт. Вайрон будани он ба ёдаш омада, илтиҷокорона ба меҳмонон нигарист ва пай бурд, ки аллакай Эд ғайб задаст.
          Чархболҳо пасу пеш бо ҳамон суръати баланд торафт наздиктар меомаданд. Ҷамшед хост, аз автомат ба сўи онҳо оташ кушояд, вале Тим ўро аз ин кор боздошт ва бо ишорати даст лозим набудани онро фаҳмонид. Фурсате баъд чархболҳо аллакай дар болои сари онҳо буд. Валекин ҳамин лаҳза ҳодисае сар зад, ки пас аз ин Ҷамшед дер боз аз Суруриён мамнуну миннатдор шуда гашт.
          Чархболҳо гўё касе онҳоро бо дастони номаълум қапида бошад,  дар ҷой шах шуда лаҳзае бесадо монданд. Пас аз он ҳар ду дар болои онҳо се бор чарх зада чуноне ки парида омада буданд, ҳамон тавр бе ҳеҷ як чуну чаро ба ақиб баргашта аз назар ғоиб гаштанд. Ҷамшед, ки чунин ранг гирифтани воқеаро чашмдор набуд аз хурсандӣ дар курта нағунҷида миннатдорона сўи Тим нигарист. Паканаро низ ин ҳолати ў ба ваҷд овард:
          - Ин кори «Сурур». Навъи олитарини асбоби шодибахш. Ин гуна асбобро дар сайёраи мо ба наздикӣ кашф намуданд. Агарчӣ худаш хурдакак аст, вале пульташро ки зер намудӣ, аз он мавҷҳои кўтоҳ баромада ба майнаи инсон таъсир мекунад ва маҷмўаи ҳуҷайраҳои анализатории рўпўсти онро дар як тартиб ҷойгир месозад. Он гаҳ ин асбоби наҷиб водор мекунад, то ҳар як шахс некўкор бошад…
          Меҳмонон боз чанди дигар аз боби сулҳу амният ва осоиштагӣ ҳарф зада, дар охир таъкид карданд, ки супориши онҳо гирифта низ дар ҳамин бора аст. Ҷамшед ба онҳо изҳори сипос баён намуда, онҳоро ба назди одамон даъват намуд. Эд бошад:
          - Барои таклиф ҳазорҳо ташаккур, аммо вақт ночиз мондааст, мо бояд ба назди ёру дўстон баргардем. Ин чизҳо аз мо ба шумо тўҳфа, -  гўён асбоби гирдашакли истеҳсолотро, ки ходимонаш «коркунони кўчак» буданд ва асбоби мусиқимонандеро дароз намуд. – Ба наи тоҷикон хеле монанд. Ин ҳам як намуди асбоби шодибахш, танҳо мусиқии бахту нишотро менавозад.
          Ҷамшед бо чашмони аз фараҳ лабрез ба асбобҳо менигаристу намедонист, чӣ тавр миннатдории худро изҳор намояд. Охир ў акнун метавонад тамоми халқони ҷаҳонро бо воситаи «Сурур» ба дўстиву рафоқат даъват намояд, кулли одамонро аз ҳисси бадбиниву нафрат, ҳирсу тамаъ ва дигар-дигар аъмоли бад пок созад. Сабабгори ҳамаи ин бошад, дўстии халқии сайёраи Сурур хоҳад буд.
        - Ин ёрии неки шуморо мардуми рўи Замин то абад аз ёд фаромўш нахоҳад сохт. – Лаҳзае сукут намуда аз номи халқ илова намуд: - Беҳад миннатдорем, эй халқи наҷиб!
        - Хайр, аскар! Саломат бош!
        - То боздид!
        Суруриён ба ақиб назди киштии худ баргаштанд. Аввал Тим, баъд Эд ба киштӣ ворид гашту дари он аз пас худ аз худ пўшида шуд. «Лаълии паррон» бе ҳеҷ як овоз аз ҷой баланд шуд ва роҳ ба қаъри осмони бекарон, ба сўи дарвозаи бахт - Сурур пеш гирифт. Ҷамшед то дар байни ситораҳо нопадид гаштани киштӣ онро бо нигоҳи гарм гусел намуд, сипас ба назди қаиқ баргашта Азаматро, ки аз ҳуш рафта дер боз мехобид, об зада аз ҷой хезонд. Азамат гўё ҳеҷ воқеае рух надода бошад, саросема худро ба тартиб даровард ва:
        - Эҳ, сабил. Хобам бурда мондааст, - гўён бели қаиқрониро ба даст гирифт. Ҷамшед низ бели худро, ки ҳангоми аз ҳушравӣ Азамат ба дарё афтонда, сипас мавҷ онро ба соҳил афканда буд, гирифта ба Азамат пайравӣ намуд. Қаиқ дар рўи мавҷҳои пурхурўши дарё алвонҷ хўрда ба соҳил торафт наздик мешуд. Аз сўи соҳил бошад ҳамоно чароғе милт-милткунон аз ивазшавии смена хабар медод. 
(1999 сол)
********

1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

Эзоҳ: Ҳангоми донишҷӯӣ ин ҳикояро навишта ба маҷаллаи "Овози Самарқанд" пешкаш намуд будам. Устод Ҳазрат Сабоҳӣ онро каме таҳрир намуда ба он "Суруши Замин" ном ниҳоданд ва гуфтанд ки нашр хоҳанд кард. Вале ҳанӯз намедонам он гоҳ нашр шуд, ё на. Мо бештар бо устод сӯҳбат мекардему ғизои маънавӣ мегирифтем. Дар ҳамон асно дӯстону бародарони зиёде низ пайдо кардам. Аз ҷумла, бо устоду дӯсти азиам Озод Ҳамидзода аз назму наср сӯҳбатҳои тӯлонӣ доштам ва хеле чизҳоро низ омӯхтам. Бо бародари гиромиам Тоҷиддин Ниёзӣ соатҳо доир ба оҳангу мусиқӣ сӯҳбатҳои ҷолиб мекардему менавохтему месурудем. Воқеан, Ҷамшед ва Азамат, ин номҳои ҳамсинфони мактабӣ ва дӯстони мананд. Аз рӯи ҳазл образи Азамати ҳамсинфамро ки ҳамеша хидмати аскариро орзу мекард ва як ҷавони хеле ҷасуру боғайрат буд, ин гуна навишта будам. Ҳикояро хонда хандиду гуфт ки кори хубе накардаам, вале гуфт ки бигзор ҳамон тавр бимонад. Мутаасифона, имрӯз Азамат бо мо нест. Худованд ҷояшро аз пешгаҳи ҷаннат гардонида бошад!