Sunday, August 16, 2009

Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков

Ду ҳафта аз ин пеш дар youtube се саундтрэки фильми "Падари Моҳ" пайдо шуд. Фильм соли 1999 наворбардорӣ шуда, режиссёраш Бахтиёр Худойназаров мебошад ва дар он актёрони номӣ ба мисли Чулпан Хаматова, Ато Муҳаммедҷонов* ва Мориц Блейбтрой иштирок варзидаанд. Маҳбубтаринаш, мусиқии фильмро бастакори маъруфу дӯстдоштаи мо Далер Назаров ва гурӯҳи ӯ бастаанд. Вақте ин се саундтрэкро пайдо кардам, хеле хурсанд гаштам. Ва боз шод аз он гаштам, ки таи як ҳафта аллакай зиёда аз 200 нафар онро шунида бо нидоҳои "санъати олӣ", "олиҷаноб" ва ҳоказо шарҳҳо гузоштаанд. Шарҳгузорандагон асосан аз хориҷи кишвар буда мусиқии тоҷикро шояд бори аввал аз наздик мешуниданд. Худи upload кунанда аз Ҳолланд буда, дар робитаи шахсӣ гуфт, ки вақте ин киноро бори аввал тамошо кардааст, мусиқӣ хеле маъқулаш гаштааст, вале мутаасифона саундтрэки онро аз ҳеҷ куҷо пайдо накардааст ва солҳо дар ҷустуҷӯяш будааст.
Пас аз ҳафтаи онлайн истоданаш мусиқиҳо яку якбора гум шуданд. Ҷавоб дод, ки акнун линки онҳо иваз шудаанду сифати мусиқиро каме сайқал додааст то шавқун аз миён бардошта шавад. Пас аз он ҳам боз чанд бори дигар аз он ҷо бардошта боз бор кардан ниҳоят ба фикрам линки охиринро дирӯз гузошт. Дар давоми як рӯзи охир мардум аллакай аз 200 бор зиёдтар шунида ҳаловат бурдаанд.
Саундтреки аввал "Quiet Soul" - "Ороми ҷон" (ёки чуноне ки мо медонем, "Ай бевафо"), дуввум "Girl From the Village" - "Духтараки деҳотӣ" (ёки "чуноне ки мо медонем, "Духтари деҳқон") ва саввум "Happiness" - "Нишот" (ва ёки версияи худи Далерино "Қандгулаки лабшакар") ном доранд. Марҳамат ҳаловат баред. Умедворем, он дӯсти мо боз бо умеди сайқалдиҳӣ мусиқиҳоро аз байн нахоҳад бардошт.








3 comments:

D said...

Ин филмро дар хамон соли тавлидаш дида будам ва харгиз хаячони он ёдам намеравад. Филмномаи зебо, тахияи олй, бозии кашанги ба вижа Атои шодравон хамрох бо мусикии диловези Далер махшар бапо карда буд. Ёдам хаст, ки баргардони порсии онро "Падари махтобй" гуфта буданд.

Мамнун аз ин ки дубора он хаячонро эчод кардй.

Фаррух Ҷаббориён said...

Ман низ ин фильмро чанд сол пеш тамошо карда будам ва дуруст мегӯед, ки то ба ҳол дар пеши чашмонам манзараҳои он намоён аст. Хурсанд аз онам ки ба шумо линкҳо маъқул гаштаанд. Ташаккур ба Далеру Бахтиёру Иқболу Фирӯзу дигарон!

Unknown said...

Дар Точикистон интернет хело бад буд. Суръати паст ва нархи гарон. Аммо дар Киев дигар. Ман хам аз инет филмро пурра скачать кардаму мазза карда тамошо кардам.
Саундтрекро ва дигар мусикии нотакрори Далерро аз сайти bisoubd скачать кардам.

Далер, Бахтиёр инхо имруз бехтаринхои точик хастанд дар чодаи киною санъат...