Sunday, August 2, 2009

Марҳабо, навзоди мо! :-)

Ду ҳафта аз ин пеш рӯзи 20-уми моҳи июль оилаи мо ба як нафари дигар афзуд. Исмашро Фарид (Фарид Фаррухович Фаттоев) гузоштем, то ки ҳамеша шахси фарид бошад! Хурсандии моро ҳадду канор нест. Модараш низ хеле хурсанд аст. Алахусус Азизҷон (Азиз Фаррухович Фаттоев), ки акнун додар дорад. Модарам ки то ин вақт онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, акнун шояд аз ҳафтаи дигар ба хона баргарданд. Бародари хурдиам, Парвиз, низ ба донишгоҳ супоридааст. Ҷавоби имтиҳонот пас аз 8-10 рӯз муайян мешудааст. Бародари дигарам, Шаҳбоз, низ аз Итолиё баргаштаасту ҳоло дар Тошканд бо онҳо ҳамроҳ аст.
Зиндагӣ ба мароми худ идома дорад. Кори илмиам хуб ба пеш меравад. Ин ҳафта раҳбари илмиам ба Мексико баргаштаасту кори якҳафтаинаро ба дӯшам гузоштааст (аслан худам гирифтам, то омадани ӯ як чӣ дар даст дошта бошам то ҳарчӣ зудтар мақолаи худро чоп кунем).

4 comments:

Шаҳриёристон said...

Congratulations!!!!! Бигзор одаме шавад ки тамомиочикони дуне аз у ифтихор кунанд. Бигзор президент шавад дар Узбакистон ва Самарканду Бухороро ба мо баргардонида бидихад.

Фаррух Ҷаббориён said...

Ташаккур, Абдулфаттоҳ! Аз нийятҳои некатон сипсогузорам. :-)

D said...

Фаррухи гиромй! Худо кунод, ки хамеша хушхабар бошед, бародар! Вуруди як озодамарди дигар ба майдони хастиро ба шумову хонадону пайвандонатон шодбош мегуям. Умедворам ифтихорофарин бошад.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши гиромӣ,
Ташаккур аз суханони нек ва муборакбодӣ! Хеле хурсанд шудам. :) Ва ба шумо низ, дӯстон, ҳамеша шодбошиҳо орзумандам!