Sunday, January 25, 2009

Боз омадам.

Аз он ки дафъаи охирин ин ҷо навиштам 8 моҳ сипарӣ гаштааст. Ин муддат дар ҳаётам дигаргуниҳои бузург рух доданд. Миёнаи моҳи маи соли гузашта ман хонадор шудам. Ҳамсарам, Зебо, дӯстдоштаам аст ки чандин сол боз ба ҳам аҳду паймон кардаем. Се моҳи аввалро дар Ӯзбекистон гузаронидам. Сипас, бо ҳамроҳии ҳамсарам ба Иёлоти Муттаҳида парвоз намудем. Ин дафъа дар Алумнай Виллаҷ (Рустои Ходимон) манзил гузидем. Бо арзиши 390 доллари амрикоӣ хонаамон аз ду ҳуҷраи хобгоҳӣ, як зал, ошхона ва ду хоначаи амбору либосовезӣ иборат аст.

Моҳи декабри соли гузашта яке аз дӯстонам, Гулмаммад, ки аз Озарбайҷон аст, ба хонаамон ташриф намуда буд. Бо ӯ ба ҷойҳои гуногун сафар намудем. Аз ҷумла, ба Тампа ва ба Сейнт Ҷорҷ Айленд рафтем.

Семестри гузашта, ду фан гирифтам ва чун ҳарвақта вазифаи ТА-иро ба ӯҳда доштам. Аз ҳарду фан ("Физикаи ҷисмҳои чанд" ва "Космолоҷӣ") баҳои аъло гирифтам, яъне ба қавли инҳо "А". Семестри ҳозира бошад, барои хониш танҳо як фан мегирам: "Астрофизикаи ҳаставӣ". Вале аз се фан баҳогузор ҳастам (грэйдер): "Назарияи моддаи квантӣ - Б", "Электродинамика - Б" ва "Механикаи Квантӣ - Б".

Дар ин муддати сипаригашта, раҳбари илмии пешинаам донишгоҳи иёлати Флоридаро тарк гуфт ва аз ин рӯ ман маҷбур шудам дар соҳаи физикаи ҳаставӣ кор кунам. Инак, бо Проф. Хорхэ Пиекаревиц ном физики ҳаставие кор мекунам.

Ба наздикӣ ҳамсарам ба Ӯзбекистон бозмегардад. Билети парвозашро аллакай харидаем. Инак боз рӯзшуморӣ мекунам ки чанд муддати дигар бо ӯ ҳастам. Санаи бозгашти ӯ ба Иёлоти Муттаҳида алҳол маълум нест.

9 comments:

D said...

Дуруд бар шумо, Фаррух.

Агар мумкин аст, лутфан бифармоед, ки шумо ахли Точикистонед ё Узбакистон?

Аз пеш сипосгузорам

D said...

Фаррухи гиромй. Сипосгузорам аз паёме, ки дар торнигори ман навиштаед. Ман Дориюшам аз Точикистон. Бисёр хурсандам, ки хамзабонони мо дар Узбакистон тавонистаанд сарфи назар аз мушкилоти фаровон забони порсиро хифз кунанд ва ба ин зебои матлаб бинависанд. Умедворам дустимон пойдор бошад. Комраво бошй.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дориюши гиромӣ,
Аз ошноӣ хеле хурсандам ва ташаккур барои суханони нек. Чун адади форсизабонони Ӯзбекистон аз 6-7 милён нафар кам нест, ин ҳам шояд ҳамон инерсияест, ки забони омӯхтаи мо аз солҳои 1990 ум ин ҷониб дигаргун нашудааст ва балкӣ коста ҳам гаштааст. Ногуфта намонад, ки баъзан аз дониши форсидониам хеле дилгир мешавам, ки монанди забони навиштаи дигарон ҷолибу дилкаш нест. Ва боз ҳам андӯҳгинтар мешавам, ки танҳо камтар аз 1 милён нафар ӯзбекистонӣ бо форсӣ бурро ҳарф мезананду боқӣ ҳама дар нутқи худ аз пайвандакҳо, калимаҳо ва ибораҳои ӯзбекӣ истифода мебаранд.

D said...

Фаррухи гиромй,

Комилан мутаваччехи нукоти паёми шумо хастам. Боъиси андухи фаровон аст, ки дастрасии мо ба хамдигар дар ду кишвари хаммарз бисёр махдуд ва хатто такрибан номумкин шудааст. Аммо Худоро сипос, фанноварихои нав ба монанди Интернет хамаи саддхо ва марзхоро убур мекунад. Орзумандам, ки ба зудй милюнхо тан аз порсигуёни дигар дар Узбакистон хам битавонанд ба монанди шумо дар Интернет хузур ёбанд ва ба шевоии шумо матлаб бинависанд. Пойдор бошеду сарбаланд.

FONUS said...

Salom Farrukh,

der boz khabare as shumo nest. Umed doram, ki tansihat va obod hasted.

Fonus

Шаҳриёристон said...

Izdivoj muborak boshad, Farrukh,

Yagon jiyancha dorem yo ne?

Vokean, man holo dar iyolati Indiana hastam.

Фаррух Ҷаббориён said...

Ташаккур, Абдулфаттоҳ!

Ҷиянча ба омадан ба дунёи нав омодагӣ мебинад. Уммедворем, пас аз ягон ду ҳафта ба дидори аксаш мушарраф гардем.

Шумо ба чанд муддат дар иёлати Индиана хоҳед буд (ва аз кай бозе)? Чуноне ки медонед, ман низ қариб ду сол боз аст, ин ҷо аз фанни физика докторӣ мекунам. Нийят ҳаст то ҳимояи диплом ин ҷо монам. Чун хароҷоти парвоз хеле баланд аст, реҷаи бозгаштро ҳарчӣ бисёртар ба ақиб партофтан дуруст меояд.

Дар ҳама кор муваффақ бошед!

Фаррух

Шаҳриёристон said...

Man karib 1 moh boz in jo hastam, va khudo khohad 1 mohi digar khoham mond,

mutaassifona, bino bar tangii vakt va pur budani barnoma nametavonam ba didoraton musharraf gardam, vale agar tavoniested marhamat, mehmoni mo shaved, man dar shahri Bloomington va shumorai telefonam 1 812 855 4862

kulbai shohona nadorem, vale darash baroi duston boz ast,

kablan tabrik meguyam, umedvoram nakhustin nafar shuda bosham ki tabrik gufta bosham va ba jiyancha tamomi nekihoro orzu doram,

Фаррух Ҷаббориён said...

Салом Абдулфаттоҳ,

Сипосгузорам аз нийятҳои некатон. Оре, шумо нахустин табриккунанда ҳастед. :) То зодрӯзи писарча низ ҳафтае боқӣ монд.

Айни ҳол ман ҳам ғарқи кори илмӣ ҳастаму шояд имкони як-ду рӯз ҷавоб гирифта ба зиёрати шумо рафта нашавад. Вале албатта занг хоҳам зад. Ҳамеша комгор бошед!

Фаррух