Thursday, April 24, 2008

Имтиҳони дуввуми марравӣ низ шуда гузашт.

Аз имтиҳони фанни электродинамика баромада аввал як ношто кардаму дарлаҳза омада хоб кардам. Анча монда шудаам шояд, тахминан 4 соат дар хоб будам. Имтиҳон мисли пешина барои ман на он қадар табъи дил анҷомид. Суоли охиринаш, ки мебоист ман пурратар ҷавоб менавистам (ва суоли осонтарин шояд аз ҷониби Др. Воля буд, ки мехост, бачаҳо холи пас нагиранд) бетамом гузошта шудааст. Беэътиборӣ кардаму дурусттар надидам, ки магнитнокӣ якҷинса буд ва тақсимоти қувваи ҷараён дар дохили цилиндр на ин ки танҳо ротор аз магнитнокӣ (c*curl M) ва балки боз ба сифр ҳам баробар буд. Болои ин қувваи ҷараёни сатҳӣ низ вуҷуд дошт. Эҳ, каллаварам!

Масъалаи аввалро пурра кор кардам, дуюмаш нимкола, сеюмашро кор кардам, вале ҳоло вақте ки месанҷидам он ҳам хатогӣ дорад. Чорумаш мана ҳамин хел шармандагӣ. Бачаҳо низ бисёр хуб кор накардаанд. Ба ҳар ҳол Андрэ аз ман беҳтар кор кардааст (Мо зиёда аз 30 нафарем). Агар ҳамааш хуб анҷомад, шояд ба "А-" гирифтан муваффақ шавам, вагарна, ин баҳо низ "В+" ро мемонад. Натиҷааш пас аз 6 рӯз маълум хоҳад гашт. Коре карда, алъон як "В-" ва як "В+" мегирифтагӣ баринам. Лекин барои он ки дигарон (ононе ки аз ман бадтар кор кардаанд) аз аспирантура хориҷ нагарданд, одатан баҳои моро ба як хат меоранд, яъне ба онҳо холи иловагӣ ки доданд, ба мо низ каме аз холҳои иловагӣ хоҳанд дод. Ку, бубинем, бо чӣ меанҷомад.

Гуфтагӣ барин, фаррдо имтиҳони марравии охирин!

1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

Натиҷаи имтиҳони фанни электродинамика баромад. Аз 40 хол 27 то ҷамъ овардаам (67.5%). Ва баҳои умумиам бо 82.5% ба "А-" рост омад. Андрэ низ "А-" гирифтааст, ки хеле хафа менамуд. Танҳо се нафар тавонистаанд ба "А" гирифтан муваффақ шаванд. Ва албатта ҳастанд ононе ки, "В" ву "С" низ гирифтаанд.