Friday, January 25, 2008

Акнун бемалол кори илмӣ кунам мешавад.

Имрӯз натиҷаи имтиҳоноти квалификационии доктории мо баромад. Навиштаанд, ки "мо аз иттилоъи он ки Шумо аз бахши хаттии имтиҳоноти докторӣ гузаштед, хурсанд ҳастем..." ва ҳоказову ҳоказо. Анча руҳам болида гашт. Вале аз он ки бисёрии донишҷӯёни дигар муваффақ нашудаанду боз бахти худро дар тобистон хоҳанд санҷид, руҳияти ҳамаи дӯстонам он қадар хуб нест.

Дигар, аз навигариҳо, ман як гитор харидам. Ба 130 $, аз бранди Ямаҳа. Ду рӯз боз аст, ҳамин ки як ду дақиқа бекор ки шудам, ҳатман гиторро ба даст мегирам. Навои хеле дилнишине дорад. Суруду филми "Овора" ро навохта бинам, аз он ки Далер менавозад фарқе надорад гӯиё.

Аз рӯзи душанбе оғоз намуда ман бояд ҳафтае 3 дарси лабораторӣ гузарам. Аслан ҳар як ТА (ассистенти донишомӯз) бояд аз дуто зиёд дарс нагирад, лекин чун ба ман ин рӯзҳо пул хеле лозиманд, ман маҷбур шудам дарси иловагӣ гирам. Албатта аз ӯхдааш хоҳам баромад.

Дар ҳаёти шахсиам муаммоҳои бисёре мавҷуданд. Онро чуноне ки гуфта будам, дар саҳифаи дигар хоҳам навишт.

Sunday, January 20, 2008

Рӯзи севум

Албатта ин рӯзи севум нест, шояд рӯзи панҷуму шашум бошад, лекин чун ин ҷо сухан дар болои рӯзи ман дар блог меравад, пас рӯзи севум аст ки ман ин ҷо қалам медавонам (ба ростӣ, қаламдавонӣ ин пасмондагӣ аст, ман ҳуруф мечинам).

Хуб, чӣ хабар дар олами маъонӣ?

Аз навигариҳо, ман имрӯз ба калисои насроние рафтам. Аз ҳама чизаш ба ман мусиқанавозиашон маъқул гашт. Хайр ин ҳам як таҷриба. Шояд дигар наравам :)

Вазифаҳои хонагӣ низ анча бисёр шудаанд. Гуфтагӣ барин имрӯз чӣ тавр навиштани "баёнияи мухтасар" ро низ ёд гирифтам. Ин барои мақолаи мо хеле зарур аст. Аз тариқи интернет як гитор ҳам харидам, насиб бошад, пас аз 5 рӯз ҳамсоягонам ба дод хоҳанд омад.

Thursday, January 17, 2008

Рӯзи дуввум

Ҳамин тавр, аз рӯи ваъдагӣ мана боз омадам ман, то як-ду парча ин ҷо нависам. Хуб, имрӯз муаллими электродинамика проф. Александр Воля ба дарс наомад. Ду рӯз боз аст, "прогуль" мекунад. Аз ин баръакс, вақти ҳамаи бачаҳо хуш; дангосагӣ ба кӣ намефорад? Воля аз Эстония аст, аслан. Вале мо бо ҳамдигар боре ҳам русӣ мулоқот накардем. Дарси дуюм аз проф. Оскар Вафек буд, инаш намедонам шояд немис бошад, дарсро хеле хуб мегузарад, офарин. Лекин ҳамин вазифаи хонагии медодааш ба дили ҳама задааст. Мана рӯзи дароз танҳо ду масъаларо кор кардаму боз дутои дигарро то фардо бояд ҳал намоям. Семестри аввал аз ҳар ду муаллим баҳои ба қавли америкоиҳо "А-" гирифтам. Ин ба "5-" и худамон дуруст меояд.

Имрӯз аз Зебо низ нома гирифтам. Ба фикрам ҳанӯз аз бисёр чизҳои ҳаёт хаставу дилгир асту метарсад, ки боз ягон бозии дигаре набозад ин зиндагӣ. Бо ӯ сари вақт мулоқот карда истодаам. Албатта мепурсед, ки кӣ бошад ин духтар. Вай номзади ман аст. Ҳикоёти мову ӯ тамоман як таърихи дигар, дар бораи он дар ягон ҷои дигар менависам.

Бо Равшан низ сӯхбати телефонӣ доштем. Вай дӯстам аз Ӯзбакистон аст, ки алҳол донишҷӯи докторӣ дар Уструлиё мебошад ва дар соҳаи пароканиши ҳаставӣ кор мекунад. Маро ҳам таклиф карда буд ба он соҳа, лекин он қадар дилкашолӣ надорам. Албатта замоне ки Космолоҷӣ маро ин ҷо мунтазир аст, чӣ ҷои масъалаҳои пароканишӣ!

Саҳарӣ Асрор (рафиқам, донишҷӯи докторӣ дар донишкадаи физикаи ҳаставӣ) хабар дод, ки ду рӯз пеш падари дӯстамон Шӯҳрат (ӯ ҳам донишҷӯ докторӣ дар Дубна, назариётчии ҳаставӣ) аз олам даргузаштааст. Дер боз бемор буд падараш. Шояд ҳаминаш ҳам хуб аст, бечора анча азоб мекашид, тамоми узви баданаш аз миён поин кор намекард. Шӯҳрат ҳамоно аз Дубна ба Тошканд ва аз он ҷо ба Нукус паридааст.

Wednesday, January 16, 2008

Рӯзи аввал

Салом азизон,

Пас рӯзи аввалини блогнависиро оғоз менамоем. Дуруд ба ҳамаи ононе ки маро мехонанд. Ман 26 сол дорам ва ба наздикӣ худо хоҳад ба 27 қадам мегузорам. Табиист, ки тоҷикам вагарна шумо ин ҷо ҳоло ҳарфҳои аҷу-биҷиро медидеду ин хатҳои ман низ нохоно мегашт. Хуб аз шиносоии худам сар кунем. Исмам Фаррух, донишҷӯи соли аввали доктории донишгоҳи давлатии Флорида ҳастам. Ба ҷузъиёти ҳаётам намегузарем аз рӯзи аввал. Боқӣ ҳамаашро ба ҳамин ҷо омада хондан мегирем.

Хуб, имрӯз аз дарс баромада рост ба факулта гузаштам, то ки папкаи баҳогузории донишҷӯёни семестри аввалро бинам, ки маро ҳамчу инструктор баҳо мондаанд. Аз 33 нафар дутоаш маро ба фикрам хеле бад медидааст: Инструктор забони англисиро хуб намедонад ва ба мо аз физика дарси хуб нагузашт навиштаанд. Дигарон ҳама ба дарсгузариам баҳои баланд гузоштаанд. Умуман гирем бад не. Якеаш "ҷавони ширинак" ҳам навиштааст, духтар албатта. Як қабат гӯшт гирифтам. :)

Аз он ҷо ба хона омадам, то дарсҳои имрӯзу дирӯз гузаштаамро такрор кунам. Механикаи статистикиву
Электродинамикаро хонда шудам. Боз ҳам ҳанӯз Механикаи квантӣ маро мунтазир аст. Ба болои ин бояд 5 то кори хонагиро ҳамин шабу рӯз кор кард вагарна ду даст дар бинӣ роҳ ба сӯи хона!

Ҳа-я, ин Ҳоукинг имрӯз ид дорад ба фикрам, номгӯи цитатаҳояш ба 22222 расидааст. Аз они ман танҳо 1 (як). Шармандагӣ! Ростӣ, бисёрии мардуми мо (физикони Тоҷикистони Ӯзбакистон) аз 100 зиёд цитата надоранд. Ман, хуб, ҳоло акнун сар кардам. Ку, канӣ бинем, ман ҳам мисли онҳо дангосаам, ё аз ман ягон чӣ мебаромада бошад. Барои ҳамин ин ҷо як "рӯзи аввал" ро оғоз намудам. Сонитар бо кори илмӣ машғул хоҳам шуд. Имрӯзҳо ҳанӯз дарс мехонему дарс медиҳем.

То боздид, ба хамаи шумо муваффақият орзумандам!