Thursday, January 17, 2008

Рӯзи дуввум

Ҳамин тавр, аз рӯи ваъдагӣ мана боз омадам ман, то як-ду парча ин ҷо нависам. Хуб, имрӯз муаллими электродинамика проф. Александр Воля ба дарс наомад. Ду рӯз боз аст, "прогуль" мекунад. Аз ин баръакс, вақти ҳамаи бачаҳо хуш; дангосагӣ ба кӣ намефорад? Воля аз Эстония аст, аслан. Вале мо бо ҳамдигар боре ҳам русӣ мулоқот накардем. Дарси дуюм аз проф. Оскар Вафек буд, инаш намедонам шояд немис бошад, дарсро хеле хуб мегузарад, офарин. Лекин ҳамин вазифаи хонагии медодааш ба дили ҳама задааст. Мана рӯзи дароз танҳо ду масъаларо кор кардаму боз дутои дигарро то фардо бояд ҳал намоям. Семестри аввал аз ҳар ду муаллим баҳои ба қавли америкоиҳо "А-" гирифтам. Ин ба "5-" и худамон дуруст меояд.

Имрӯз аз Зебо низ нома гирифтам. Ба фикрам ҳанӯз аз бисёр чизҳои ҳаёт хаставу дилгир асту метарсад, ки боз ягон бозии дигаре набозад ин зиндагӣ. Бо ӯ сари вақт мулоқот карда истодаам. Албатта мепурсед, ки кӣ бошад ин духтар. Вай номзади ман аст. Ҳикоёти мову ӯ тамоман як таърихи дигар, дар бораи он дар ягон ҷои дигар менависам.

Бо Равшан низ сӯхбати телефонӣ доштем. Вай дӯстам аз Ӯзбакистон аст, ки алҳол донишҷӯи докторӣ дар Уструлиё мебошад ва дар соҳаи пароканиши ҳаставӣ кор мекунад. Маро ҳам таклиф карда буд ба он соҳа, лекин он қадар дилкашолӣ надорам. Албатта замоне ки Космолоҷӣ маро ин ҷо мунтазир аст, чӣ ҷои масъалаҳои пароканишӣ!

Саҳарӣ Асрор (рафиқам, донишҷӯи докторӣ дар донишкадаи физикаи ҳаставӣ) хабар дод, ки ду рӯз пеш падари дӯстамон Шӯҳрат (ӯ ҳам донишҷӯ докторӣ дар Дубна, назариётчии ҳаставӣ) аз олам даргузаштааст. Дер боз бемор буд падараш. Шояд ҳаминаш ҳам хуб аст, бечора анча азоб мекашид, тамоми узви баданаш аз миён поин кор намекард. Шӯҳрат ҳамоно аз Дубна ба Тошканд ва аз он ҷо ба Нукус паридааст.

No comments: