Wednesday, January 16, 2008

Рӯзи аввал

Салом азизон,

Пас рӯзи аввалини блогнависиро оғоз менамоем. Дуруд ба ҳамаи ононе ки маро мехонанд. Ман 26 сол дорам ва ба наздикӣ худо хоҳад ба 27 қадам мегузорам. Табиист, ки тоҷикам вагарна шумо ин ҷо ҳоло ҳарфҳои аҷу-биҷиро медидеду ин хатҳои ман низ нохоно мегашт. Хуб аз шиносоии худам сар кунем. Исмам Фаррух, донишҷӯи соли аввали доктории донишгоҳи давлатии Флорида ҳастам. Ба ҷузъиёти ҳаётам намегузарем аз рӯзи аввал. Боқӣ ҳамаашро ба ҳамин ҷо омада хондан мегирем.

Хуб, имрӯз аз дарс баромада рост ба факулта гузаштам, то ки папкаи баҳогузории донишҷӯёни семестри аввалро бинам, ки маро ҳамчу инструктор баҳо мондаанд. Аз 33 нафар дутоаш маро ба фикрам хеле бад медидааст: Инструктор забони англисиро хуб намедонад ва ба мо аз физика дарси хуб нагузашт навиштаанд. Дигарон ҳама ба дарсгузариам баҳои баланд гузоштаанд. Умуман гирем бад не. Якеаш "ҷавони ширинак" ҳам навиштааст, духтар албатта. Як қабат гӯшт гирифтам. :)

Аз он ҷо ба хона омадам, то дарсҳои имрӯзу дирӯз гузаштаамро такрор кунам. Механикаи статистикиву
Электродинамикаро хонда шудам. Боз ҳам ҳанӯз Механикаи квантӣ маро мунтазир аст. Ба болои ин бояд 5 то кори хонагиро ҳамин шабу рӯз кор кард вагарна ду даст дар бинӣ роҳ ба сӯи хона!

Ҳа-я, ин Ҳоукинг имрӯз ид дорад ба фикрам, номгӯи цитатаҳояш ба 22222 расидааст. Аз они ман танҳо 1 (як). Шармандагӣ! Ростӣ, бисёрии мардуми мо (физикони Тоҷикистони Ӯзбакистон) аз 100 зиёд цитата надоранд. Ман, хуб, ҳоло акнун сар кардам. Ку, канӣ бинем, ман ҳам мисли онҳо дангосаам, ё аз ман ягон чӣ мебаромада бошад. Барои ҳамин ин ҷо як "рӯзи аввал" ро оғоз намудам. Сонитар бо кори илмӣ машғул хоҳам шуд. Имрӯзҳо ҳанӯз дарс мехонему дарс медиҳем.

То боздид, ба хамаи шумо муваффақият орзумандам!


1 comment:

Фаррух Ҷаббориён said...

12 сол сипарӣ гашт... Дар ин мобайн номгӯи цитатаҳои ман ба 1331 расиду (4-уми жонвие, 2020) аз они Ҳоукинг ба 95984. Ҳоукинг аз олам чашм пӯшиду мағзаш пӯсида, дили мо ҳанӯз тапиш дораду мағз нимпӯсида...