Wednesday, December 7, 2011

Мақолаи панҷум

Имшабу рӯзҳо ғарқи навишти мақолаи панҷуми худ ҳастам. Хушбахтона мақолаи навбатиамонро (ки ҳамҷоя бо Хорхэ Пиекаревич навиштем) низ ба маҷаллаи илмии Phys. Rev. C пазируфта онро аллакай мунташир карданд. Пеш аз он ки аз донишгоҳи иёлати Флорида батамом канор равам, мехоҳам мақолаи навбатии худро навишта ба поён расонам. Сипас озими шаҳраки Коммерс хоҳам шуд, ки воқеъ дар иёлати Техас аст. Дар он ҷо бо донишмандони астрофизик Др. Бао-Ан Лӣ ва Др. Виллиам Нютон ҳамҷоя кор хоҳам кард.

Азизҷону Фаридҷон ҳамарӯза бузург мешаванд, ки ба дилҳо фараҳ мебахшанд. Азизҷон агарчанде дар хона одатан бо забони модариаш сӯҳбат мекунад, бо ман бо тоҷикӣ сухан мегӯяд ва гоҳо аз ибораҳои инглисӣ низ истифода мекунад. Фаридҷон ҳанӯз забон ёд мегирад. Аввалин сухане ки соли пешин пас аз "дада" ва "ая" бошуурона вирди забонаш оварда буд, "гол" буд. Дуввуминаш, "Мессӣ". Ҳоло бемалол "Ассалому алейкум" мегуфтагӣ шудааст. Ҳарду ба боғча мераванду ғайр аз он ки падарашон дар канор нест, аз ҳама чиз қаноатманданд. Ҷони азизам чун ҳамешагӣ онҳоро парасторӣ мекунад ва ба кори ҳаррӯзаи худ равон аст. Ман ҳамаатонро хеле пазмон шудаам.

Боз меоем, сари мақола. Одатан ҳар боре ки сари роёна мешинам, ба даҳҳо имейл ҷавоб менависаму чандин шарҳ дар фейсбук мегузорам ва ба ҳамаи ин ҳамагӣ чанд дақиқа кофист (шояд соате). Инак ҳафтаи дуввум шудааст, ки сари ин макола қарор дорам, вале ҳанӯз панҷ саҳифаашро нанавиштаам. Сабаб дар он аст, ки ҳар дафъае ки мехоҳам нависам, аввал маро мебояд чанд мақолаи дигарро саропо хонда бароям. Ба ин вақти зиёде меравад ва ҳамин ки ба навиштани мақола сар кардам, ё шикам гурусна мемонад, ё баҳонаи дигаре пайдо мешавад :-) Имшаб қарор додам то субҳидам сари роёна нишинам ва боз як ё ду саҳифаи кори илмиамро дар мақолаи худ ҷамъбаст кунам. Пас то бознависӣ!

Sunday, November 27, 2011

Рӯзҳои интизорӣ

Инак зиёда аз як маҳ мешавад кори духтуриамро дифоъ кардааму дигар муаммои "таҳсил" аз сарам фориғ гаштааст. Ин шабу рӯз бо Хорхэ мақолаи панҷуми худро менависем. Умедворам таи ҳамин ҳафтаҳои оянда инашро низ ирсол намоям. Рӯзгорам хеле одатист; кори илмӣ мекунам, кори хонагии донишҷӯёнро санҷида баҳо мегузорам, чанд соъат вақти худро (беҳуда) дар фейсбук мегузаронам. Ва ҳамеша интизори шаб шудани рӯз ҳастам, то ба хона занг занаму бо ҷонам аз таҳи дил сӯҳбат кунам. Имрӯз васоити скайп бо ҳам каме сӯҳбати видеӯӣ доштем. Азизҷон каме шармаш омаду бароям танҳо парчае аз як шеър хонд. Метавонистааст, то адади сӣ (30) шуморад. Фаридҷон ҳоло хеле бозигаро; ба болои батареяи хонагармкунак баромада, аз он ҷо дароз шуда ба скайп нигоҳи худро меафканд. Ҳамаро хеле пазмон шудаам.

Кори пасаздухтуриамро мехоҳам дар донишгоҳи Техас А&М идома диҳам. Ку зудтар он рӯзҳои навин меомаданд. Ҳар рӯзи гузашта маро ба хонаводаам наздиктар месозад. Ният дорам пас аз 7-8 моҳ ба хона баргардам.

Wednesday, October 5, 2011

Озими Нью Йоркам.

Инак дар фурудгоҳи Атланта нишастааму сония мешуморам ки кай ҳавопаймои мо меомада бошад. Ба Нью Йорк сафар дорам. Аз он ҷониб (аз Тошканд) падару модарам бо ҳамроҳии нозанини ман аллакай аз болои уқьёнуси Атлантик парвоз мекунанд. Азизҷону Фаридҷонро дар хона, назди модаркалонаш гузоштем. Онҳоро хеле пазмон шудаам, вале аълон дигар чорае надорем. Сонитар худам баргашта онҳоро низ ба ин ҷо хоҳам овард. Сафари волидайнам ва ҳамсари аз ҷон азизам кӯтоҳмуддат буда, таи ин муддат мехоҳем аз ҷойҳои гуногун дидан кунем. Илова бар ин рӯзи 18-уми ӯктӯбер аз кори духтурии худ дифоъ хоҳам кард. Хеле хурсандам, ки дар ин рӯз маро падару модарам ва ҷони азизам маро дастгирӣ хоҳанд кард.

Wednesday, July 20, 2011

Зодрӯзат муборак, Фаридҷон!

Писари хурдиам, Фаридҷон, имрӯз дусола шуд. Зодрӯзат муборак бод, Фаридҷон! Мисли ҳар як падар ман низ дар дил орзуҳои беҳтаринро бароят мепарварам ва тамманно дорам, ки рӯзе мисоли Искандару Мақдунӣ (20-уми июли 356 пеш аз милод) хирадманд, мисли Имом Бухорӣ (20-уми июли 810) фозил, мисли Франческо Петрарх (20-уми июли 1304) шоир, мисли Грегор Мендель (20-уми июли 1822) донишманд, мисли Тадеуш Райхштайн (20 июли 1897) кимьёгар, мисли Герд Бинниг (20-уми июли 1947) физик ва мисли Алессандро дос-Сантос (20-уми июли 1977) футболист шавӣ!

Wednesday, July 13, 2011

Ёздаҳ саҳифаи кори илмиамро навишта шудам.

Аз рӯи нақша мебоист аллакай 39 саҳифа менавиштам, вале чуноне ки мебинам, навишти диссертация на он қадар кори босуръат будааст. Дар ихтиёр 49 шабонарӯзи дигар дорам ва мехоҳам бо навишти 89 саҳифаи дигар қаноатманд бошам.

Thursday, July 7, 2011

Саҳифаҳои аввалашро менависам.

Шурӯъи кори илмии бузургҳаҷм на он қадар кори осон будааст. Дирӯзи дароз машғули ҷобаҷогузории бобҳои кори илмӣ будам. Каме вақт пайдо карда як саҳифа "оғоз" и боберо ҳам навишта мондам. Имрӯз, насиб бошад, ба таъаннӣ сари миз хоҳам нишаст ва то шомгоҳ 2-3 саҳифаи нав хоҳам навишт.

Дирӯз бо Хорхэ доир ба истиқболи кори минбаъдаи ман низ каме сӯҳбат кардем. Мутаасифона, ҳоло ягон кори хубе ҳам нест, ки ба он ҷо ҳуҷҷатҳои худро тақдим намоям.

Wednesday, July 6, 2011

Ба навиштани кори докторӣ оғоз намудам.

Сар аз имрӯз ман ба навишти диссертацияи докторӣ хоҳам даромад. Таи ин чор соли кори илмӣ се мақолаи илмии худро дар маҷаллаи Physical Review C ба нашр расонидам. Ният дорам, мақолаи чоруми худро низ моҳи оянда ба нашриёт ирсол намоям. Кори илмии докториам низ аз маҷмӯъи ҳамин мақолаҳо иборат хоҳад буд, ки каме густариш дода шудааст. Аз рӯи нақша то охири моҳи август бояд ба навишти диссертация хотима бахшам. Дар ихтиёрам 56 рӯзи дигар боқист. Агар ҳар рӯз атрофи дусаҳифагӣ нависам, насиб бошад як кори илмии садсаҳифагиро ба поён хоҳам расонид.

Sunday, May 8, 2011

Лаҳҷаҳои нав

Аз як чиз дар ҳайратам: чаро тамоми рӯзноманигорони тоҷик ки берун аз кишвар фаъолият доранд ва бархе аз ононе ки дар дохили кишвар сарукор доранд, дар навишти калимаву ибораҳо аз лаҳҷаи эронӣ фаровон истифода мебаранд. Таърихан забони форсӣ дар минтақаҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҳамдигар фарқи бузурге надоштааст. Бо мурури замон марзҳои сиёсӣ дар нашъунамои забони форсӣ таъсири худро нагузаронида намондааст. Масалан, агар эрониҳо дар забони гуфтугӯии худ аз калимаҳои фаронсавӣ ва арабӣ бисьёр истифода баранд (мерсӣ, лисонс ва ҳоказо), тоҷикҳои минтақаҳои собиқшӯравӣ аз баъзе калимаҳои русӣ (самолёт, вертолёт ва ғайра) фаровон истифода мебаранд. Ман албатта тарафдори онам, ки ингуна калимаҳо ба забони форсиашон иваз карда шаванд (масалан, ҳавопаймо ба ҷои самолёт, чархбол ба ҷои вертолёт ва ё сипосгузорам ба ҷои мерсӣ). Дар ин роҳ пешравии зиёде дида мешавад. Вале ноомади кор дар ин нест. Сухан дар бораи он меравад, ки чаро рӯзноманигорони тоҷик яку якбора аз калимаҳои арабии хоси лаҳҷаи эронӣ истифода мебурдагӣ шудаанд. Забони форсии дарӣ ҳама вақт (аз ҳамон давраи Фирдавсӣ) тоза буда олудаи забони арабӣ набудааст. Модоме, ки чунин аст пас чаро мо онро бо забони олудаи форсии эронӣ иваз намоем?

Биёед дур намеравему ба мақолаҳои радиёи Озодӣ назар меафканем. Баъзе аз мақолаҳо хеле хонданбобанду баъзеи дигарашон чунон бо суханҳои арабии пурпечутобанд, ки барои фаҳмиданашон хонандаро зарур меояд бо худ луғати арабӣ-тоҷикӣ дошта бошад. Охир метавон ба ҷои калимаҳои "нав"и арабӣ аз синоними тоҷикиашон истифода бурд. Аз шарҳҳои хонандагон намоён аст, ки бисьёриҳо аз ин гуна калимаҳо дилгир шудаанд.

Масъалаи дуюм ин навиштори номҳои байнанмиллалӣ аст. Биёед аз худи забони форсӣ сар кунем. Агарчӣ тарзи навишти калимаҳо дар забони форсӣ (бо хати арабӣ) дар ҳама ҷо як хел аст, вале талаффузи он дар Эрон ва дигар минтақаҳо ба дараҷа фарқ мекунад. Масалан, калимаи "Ман меравам" аслан дар навиштори арабӣ "мн мирвм" навишта мешавад. Дар талаффуз форсизабонони ғайриэронӣ онро "Ман меравам" гӯянд, форсизабонони эронӣ "Ман миравам" талаффуз мекунанд, ки фарқ танҳо дар ҳарфи "е/и" аст. Акнун бингаред ба калимаи "наметавонам" ки дар арабӣ "нми тв онм" ёки "нми ту онм" навишта мешавад. Вобаста аз навишташ эрониҳо онро "немитунам" мегӯянд, ки аз шакли дариаш батамом фарқ мекунад.

Тарзи навишти дарие ки дар шакли кириллӣ навишта мешавад, ҳангоми ҳарф ба ҳарф тарҷумасозии калимаҳои байнанмиллалӣ ба монеъае дучор намешавад; ба ҳар як овоз як ҳарф рост меояд. Муаммо дар он сар мезанад, ки дар навишти арабӣ бисьёрии садонокҳо навишта намешаванд, ё аз рӯи лаҳҷаашон садои гуногун доранд. Аз ин рӯ он шахсе ки бо навишти арабӣ сару кор дорад калимаҳоеро ки дар навишти лотинӣ навишта шудаанд хоси худ тарҷума мекунад. Биёед менигарем ба як мисол.

Барои мисол номи президенти Амрико "Obama" ро мегирем. Барои кириллинавис "O" и лотинӣ "О" асту "b" - "б", "a" - "а", "m" - "м". Пас ин ном "Обама" навишта мешавад, ки тарзи дурусти навишташ ҳам чунин аст. Шумо метавонед, тарзи талаффузашро аз ин ҷо шунавед: http://inogolo.com/pronunciation/d455/Barack_Hussein_Obama Хуб, аз тарафи дигар, ин хоси эрониҳост, ки "oo" ро (ва бисёррии вақт як худи "o" ро) "у" талаффуз мекунанду "aa" ро (ва инчунин "a" ро) "о", ки барои ман хеле нофаҳмост. Дар натиҷа "Obama" ба ҷои он ки "Обама" талаффуз шавад (дурусташ ҳамин аст), "Убомо" талаффуз мешавад (ки шакли нодурусти он аст). Мутаасифона, рӯзноманигорон аз ҳамин гуна шаклҳои нодуруст хеле фаровон истифода мекунанд, ки боиси ғамангезии ман нисбати забони форсии дарӣ гаштааст.

Sunday, March 13, 2011

Хушбахтӣ чист?

Ба суоли он ки "хушбахтӣ чист?" ва ё "хушбахтӣ дар чист?" дерест ҷавоб меҷӯяму вале натиҷааш мубҳам мемонад. Суоли аввала моҳияти васеътареро дар бар мегирад, ки ҷавобаш ҳам аз нуқтаву назарҳои гуногун шояд ҳархела бошад. Ба суоли дувум, ки ҷавобаш бисьёртар назари як шахси алоҳидаро ифода мекунад, каме рӯшанӣ меафканам.

Солиёни пеш замоне ки ҳанӯз шӯравӣ барҷо буд, ман худро хеле хушбахт меҳисобидам. Хушбахт аз он ки дар як мамлакати бузурге зиндагӣ дорам, одамонаш қатъи назар аз инсу ҷинсаш ба ҳамдигар меҳру рафоқати бародарона доштанд. Хушбахт будам, ки аз молиёти зиндагӣ парво надоштам, ҳама чиз бароям арзон буд. Хушбахт будам, ки атрофиёнам ҳама дар лаб табассуме доштанд, доимӣ. Вале он лаҳзаҳо хеле ҷавон будаму 9 сола. Шояд мисли кӯдаке.

Айёми наврасиам дар замоне гузашт, ки вазъи молӣ дар Оисёи Марказӣ хеле танг гашта буд. Барои як қути лоямут ҳафтаҳо дар ҳотаҳои боён кор мекардам. Рӯзҳои зиёд мешуд, ки танҳо бо як нони ҷуворӣ рӯзгузаронӣ мекардем. Шикам базӯр сер мешуду, танҳо як курта ба тан доштам ва он ҳам даридаву тугма надорад. Вале оилааму дӯстонам ҳамеша ҳамроҳам буданд ва зиндагӣ бо онҳо хушбахтона буд. Якҷоя кор мекардем, дарс мехондем, бозӣ мекардем, механдидем. Худро хушбахт меҳисобидам. Орзуҳои бузург доштам ва ёди он орзуҳо маро хурсанд месохт.

Дар айёми ҷавониам вазъи молӣ аз пешина анча беҳтар шуд, вале муаммоҳо низ ба назар зиёдтар: акнун хона харидан даркор, оила буньёд намудан лозим, кори хуб ёфтан ва ҳоказо. Эҳсос намудам, ки муаммоҳои зиёде дорам ки маро дилхаста мекунанд. Вале аз ҷониби дигар дӯстдошта пайдо кардам ва зиндагӣ бароям ширин менамуд. Хаёли ӯ, нишаст бо ӯ, сӯҳбати ӯ маро сармаст менамуд ва ман худро хеле хушбахт меҳисобидам.

Инак муаммоҳои молиам анча сабуктар гаштааст, агарчӣ аз оилаву дӯстдоронам дур ҳастам, аз дӯстони пешина дар канор. Дӯстони нав дорам, кори доимӣ. Вале як чиз аён аст, ки туфайли ин солҳо миқдори хушбахтиам (агар онро чен намудан мумкин бошад) ба назарам каме зиёд ёкӣ кам нашудааст. Дар ҳама замон эҳсос намудаам, ки ба болои он ҳама хушбахтие ки дорам чизе намерасад ва орзуи ҳамон чиз маро хушбахттар месохт ва водор мекард, ки...

Ҳамааш дурӯғ! Мехостам ин ҷо каме фалсафабозӣ кунаму фикри худро рӯи роёна баёну ифшо намояам. Тавонистам баён созам, вале ифшо не. Хостам ба савол ҷавоб кобам, вале ба ҷои он ҳис мекунам, ки худфиребӣ мекунаму халос. Ё шояд ин тавр нест...