Sunday, May 8, 2011

Лаҳҷаҳои нав

Аз як чиз дар ҳайратам: чаро тамоми рӯзноманигорони тоҷик ки берун аз кишвар фаъолият доранд ва бархе аз ононе ки дар дохили кишвар сарукор доранд, дар навишти калимаву ибораҳо аз лаҳҷаи эронӣ фаровон истифода мебаранд. Таърихан забони форсӣ дар минтақаҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҳамдигар фарқи бузурге надоштааст. Бо мурури замон марзҳои сиёсӣ дар нашъунамои забони форсӣ таъсири худро нагузаронида намондааст. Масалан, агар эрониҳо дар забони гуфтугӯии худ аз калимаҳои фаронсавӣ ва арабӣ бисьёр истифода баранд (мерсӣ, лисонс ва ҳоказо), тоҷикҳои минтақаҳои собиқшӯравӣ аз баъзе калимаҳои русӣ (самолёт, вертолёт ва ғайра) фаровон истифода мебаранд. Ман албатта тарафдори онам, ки ингуна калимаҳо ба забони форсиашон иваз карда шаванд (масалан, ҳавопаймо ба ҷои самолёт, чархбол ба ҷои вертолёт ва ё сипосгузорам ба ҷои мерсӣ). Дар ин роҳ пешравии зиёде дида мешавад. Вале ноомади кор дар ин нест. Сухан дар бораи он меравад, ки чаро рӯзноманигорони тоҷик яку якбора аз калимаҳои арабии хоси лаҳҷаи эронӣ истифода мебурдагӣ шудаанд. Забони форсии дарӣ ҳама вақт (аз ҳамон давраи Фирдавсӣ) тоза буда олудаи забони арабӣ набудааст. Модоме, ки чунин аст пас чаро мо онро бо забони олудаи форсии эронӣ иваз намоем?

Биёед дур намеравему ба мақолаҳои радиёи Озодӣ назар меафканем. Баъзе аз мақолаҳо хеле хонданбобанду баъзеи дигарашон чунон бо суханҳои арабии пурпечутобанд, ки барои фаҳмиданашон хонандаро зарур меояд бо худ луғати арабӣ-тоҷикӣ дошта бошад. Охир метавон ба ҷои калимаҳои "нав"и арабӣ аз синоними тоҷикиашон истифода бурд. Аз шарҳҳои хонандагон намоён аст, ки бисьёриҳо аз ин гуна калимаҳо дилгир шудаанд.

Масъалаи дуюм ин навиштори номҳои байнанмиллалӣ аст. Биёед аз худи забони форсӣ сар кунем. Агарчӣ тарзи навишти калимаҳо дар забони форсӣ (бо хати арабӣ) дар ҳама ҷо як хел аст, вале талаффузи он дар Эрон ва дигар минтақаҳо ба дараҷа фарқ мекунад. Масалан, калимаи "Ман меравам" аслан дар навиштори арабӣ "мн мирвм" навишта мешавад. Дар талаффуз форсизабонони ғайриэронӣ онро "Ман меравам" гӯянд, форсизабонони эронӣ "Ман миравам" талаффуз мекунанд, ки фарқ танҳо дар ҳарфи "е/и" аст. Акнун бингаред ба калимаи "наметавонам" ки дар арабӣ "нми тв онм" ёки "нми ту онм" навишта мешавад. Вобаста аз навишташ эрониҳо онро "немитунам" мегӯянд, ки аз шакли дариаш батамом фарқ мекунад.

Тарзи навишти дарие ки дар шакли кириллӣ навишта мешавад, ҳангоми ҳарф ба ҳарф тарҷумасозии калимаҳои байнанмиллалӣ ба монеъае дучор намешавад; ба ҳар як овоз як ҳарф рост меояд. Муаммо дар он сар мезанад, ки дар навишти арабӣ бисьёрии садонокҳо навишта намешаванд, ё аз рӯи лаҳҷаашон садои гуногун доранд. Аз ин рӯ он шахсе ки бо навишти арабӣ сару кор дорад калимаҳоеро ки дар навишти лотинӣ навишта шудаанд хоси худ тарҷума мекунад. Биёед менигарем ба як мисол.

Барои мисол номи президенти Амрико "Obama" ро мегирем. Барои кириллинавис "O" и лотинӣ "О" асту "b" - "б", "a" - "а", "m" - "м". Пас ин ном "Обама" навишта мешавад, ки тарзи дурусти навишташ ҳам чунин аст. Шумо метавонед, тарзи талаффузашро аз ин ҷо шунавед: http://inogolo.com/pronunciation/d455/Barack_Hussein_Obama Хуб, аз тарафи дигар, ин хоси эрониҳост, ки "oo" ро (ва бисёррии вақт як худи "o" ро) "у" талаффуз мекунанду "aa" ро (ва инчунин "a" ро) "о", ки барои ман хеле нофаҳмост. Дар натиҷа "Obama" ба ҷои он ки "Обама" талаффуз шавад (дурусташ ҳамин аст), "Убомо" талаффуз мешавад (ки шакли нодурусти он аст). Мутаасифона, рӯзноманигорон аз ҳамин гуна шаклҳои нодуруст хеле фаровон истифода мекунанд, ки боиси ғамангезии ман нисбати забони форсии дарӣ гаштааст.

8 comments:

Dariush said...

Фаррухи гиромӣ, сипос аз изҳори назаратон дар мавриди мавзӯъе, ки муддатҳост зеҳни манро ҳам ба худ машғул дошта буд, аммо на аз мавзеъи шумо. Дар воқеъ, пӯшида нест, ки ман бо мавзеъи шумо ҳамнаво нестам ва шояд дар мавридҳое манзури шумо навиштаҳои ноқобили ман будааст. Аммо ин баҳси забониро наметавон дар чанд ҷумлае хулоса кард ва танҳо ба далели ин ки гӯиши хоссе мавриди писанди ман ё шумо нест, саросема ва шитобзада захмӣ кунему ба роҳкоре нарасем. Дар ин мақола шумо мақулаи гӯишҳоро (ки ба арабӣ "лаҳҷа" мешавад) бо мақулаи забони меъёр дарҳам омехтаед. Вагарна дар Теҳрон "ман меравам" мешавад "ман мирам", дар Кӯлоб "ма мерм", дар Фалғар "ман мрам" ва ғайра. Ва ҳамин тавр "метавонам", ки тарзи баёни адабист, дар Теҳрон мешавад "митунам", дар Кӯлоб "метонум" ва дар Фалғар "мтунам"... Инҳо ҳама гӯишҳои як забонанд, на чанд забон, мусалламан. Агар шумо гӯиши теҳрониро забоне муҷаззо ва ба дур аз порсии Осиёи Миёна бидонед, дар ин сурат гӯиши ҳар рустое мешавад як забон. Забони порсии Осиёи Миёна тайи солҳои истеъмори Русия ба андозае осеб дидааст, ки ба он наметавон содатарин андешаҳоро ба шевае дурусту дақиқ баён кард. Ин масъаларо бояд эътироф кард ва пазируфт, ки Эрон аз шароити беҳтаре барои нигаҳдорӣ аз забони мо бархурдор будааст. Аз ин рӯ чи бихоҳему чи нахоҳем, агар қарор аст ҳувияти миллии тоҷикиро ҳифз кунем, бояд ба забони дурусти порсӣ (пеш аз ҳамлаи рус) ҳарф бизанем ва онро ба асолати порсиаш баргардонем. Мусалламан, таъсироте ҳам ки забони мо аз забонҳои дигар пазируфтааст, боқӣ хоҳад буд, аммо на ба шевае, ки забони моро нозо ва бехосият кунад. Дар ин бора ахиран дар Як Дарвеш ҳам чизаке навиштам ва умедворам боз ҳам бинависему бо ҳам баҳс кунем, то шояд ба роҳкоре дуруст даст ёбем. Хубу хуш бошед.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши гиромӣ, сипосгузорам аз он ки ба баъзе аз фикрҳои ғалати ман рӯшанӣ андохтед. Нуқтаи назари ман аслан аз забони меъёрӣ буд, вале дуруст мегӯед ба назар мерасад, ман ҳардуро ба ҳам омехтаам. Ва аз ҷиҳати забони меъёрӣ бояд ба як қароре омад. Бовар кунед, шеваву гӯишу лаҳҷаҳо дар худи як ноҳия даҳҳо намуд аст. Вале забони адабӣ (оне ки дар китоб мехонед, аз он дарсҳо мегиред) дар ҳама ҷо як хел аст. Ин забон ки дар тамоми мардуми форсизабони шарқӣ, мисли Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон қариб як хел садо медиҳанд, дар Эрон тамоман дигар хел садо медиҳад. Назари ман он буд, ки чаро яку якбора мо аз гӯиши хоси эронӣ истифода мебурдагӣ шудаем. Охир ба он шева (забон?) ҳеҷ яке аз тоҷикистонӣ ошно нест. Ва дуруст мегӯед, ки ин масъалаи баҳсӣ аст ва бояд сари як қароре омад, то мардум аз як телевизион ё радиё як гӯишеро ва аз дигаре дигар гӯишро шунида аз "забонашон" дилхаста нашаванд. Ман изҳори назаратонро дар Як Дарвеш хондам, ки дар он ҷо масъалаи хеле муҳимро мавриди баҳс қарор додаед. Умедворам, дар инкишофи забони форсӣ ва дар сайқал додани он мо ба ин наздикиҳо ба як нуқтаи эътидол мерасем, то забон пароканда набошад. Хушу фирӯз бошед!

Dariush said...

Фарруxи гиромӣ, ҳеч шакке нест, ки забони мо ҳамон забонест, ки дар Эрон ҳам роиҷ аст ва ба наҳви беҳтаре ҳифз шудааст, ҳарчанд он ҳам эродҳои худро дорад. Дар тӯли солҳои дурӣ аз хатти форсӣ ва "ислоҳ"у русисозии сохтори забони форсӣ дар Осиёи Миёна натиҷа он шудааст, ки имрӯз мо фикр мекунем ба забонҳои гуногун суҳбат мекунем. Дар воқеъ, мушкил аз они мост, на онҳо. Мо ҳастем, ки дониши форсиамонро бояд беҳбуд бахшем ва ба забони модариамон ба дурустӣ суҳбат кунем, на ба шеваи кӯча-бозорӣ ё хонагӣ. Бояд дар ин дарёи бекарон саҳим шавем ва аз он файз бибарем ва ба густаришаш мусоъидат кунем. Забони форсӣ дар Осиёи Миёна ба сатҳе суқут кардааст, ки наметавон як фикри содаи илмиро бо он баён кард. Барои зинда нигоҳ доштани ҳувияти тоҷикӣ донистани хатти форсӣ ва суҳбат ба забони дурусти форсӣ ҳатмӣ ва ногузир аст.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши азиз,
Ман шарҳи дуввуми шуморо ки чанде пеш гузошта будед, хондам, вале бо сабаби носозӣ дар блоггер (ё гугл) мутаасифона ҳамаи шарҳҳои таи ду рӯз гузоштаамонро аз ин ҷо рӯфтаанд. Вале хушбахтона дишаб ман тавонистам шарҳи гузоштаатонро хонам ва то ба имрӯз илоҷи ҷавобнависӣ надоштам, чун худи фаъолияти торнамо аз ҷониби гугл қатъ гардида буд.
Бале, ман ҷонибдори фикри шумо ҳастам, ки забон якест, чӣ дар Эрону чӣ дар Афғонистон, вале хониши он, ё садои он ҳар хел. Аз ин рӯ ман масъалаи Обама ро оварда будам. Аз тариқи телевизиони инглисӣ мо ҳама медонем, ки он Обама садо медиҳад, пас чаро радиёи ББС онро Убомо мегӯяд, барои ман ҳамон нофаҳмо боқӣ мемонад. Варианте ки ман дар торнамо овардам, ба ҳақиқат дуруст аст ва ин хато аз навишти арабӣ сар мезанад.
Дигар ман сад дар сад ҷонибдори фикри шумо ҳастам, хусусан ҷонибдори фикри шумо ки дар торнамои худ овардаед. Ҳамеша хушбахту фирӯз бошед! Эҳтиромона, Фаррух

Dariush said...

Фаррухи гиромӣ, тарзи талаффузи вожаҳо дар забонҳои мухталиф тобеъи қоъидаҳои он забонҳост. Масалан, номи шуморо ҳеч инглисизабоне ба шакле, ки мову шумо талаффуз намекунем, наметавонад адо кунад. Забонҳое, ки қоъидаҳои он тобеъи забоне дигар бошад, истиқлоли худро аз даст додааст. Дигар ин ки "о"и форсӣ дар тамоми навиштаҳо (пеш аз ҳамлаи Шӯравӣ) бо "а"и лотин баён мешуд. Ба монанди рӯзномаи "Тоҷикистони сурх", ки унвони онро ба хатти лотин "Tajikistani Surx" навишта буданд. Пас аз дахолати русҳо дар фарҳанги забонию овошиносии форсӣ дар Осиёи Миёна ба шакли ғалате "о" ба ҷои "а" омад. Масалан, калимаи "дом"и русӣ (ба маънои "хона")ро бо калимаи "дом"и форсӣ ( ба маънои "қапқон) талаффуз кунед ва бибинед, ки садои "о" дар русӣ ва форсӣ чи қадр аз якдигар мутафовитанд. Аз ин рӯ Итолиё мегӯем, на Италия, Бритониё мегӯем, на Британия ва Убомо мегӯем, на Обама. Инҳо ҳама пайрави як қоъидаи мушаххаси талаффуз дар забони порсист. Поянда бошед, дӯсти гиромиам. Барои шумо орзуи беҳрӯзию шодкомӣ дорам.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши азиз,

Гуногунфикрии мо низ дар ҳамин аст. Дар он шеваҳои тоҷикии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ман шунидаам, "дом" (қапқон) у "дом" (хона) як хел талаффуз карда мешаванд. Ва ҳол он ки худи ҳамин калима дар шеваи эронӣ мисоли "daam" талаффуз карда мешавад. Барои мисол, ба ин ҷадвал нигоҳ кунед: http://en.wikipedia.org/wiki/Tajik_language#Vocabulary


Tajik
моҳ (mōh)
нав (naw)
модар (mōdar)
хоҳар (xͮōhar)
шаб (šab)
бинӣ (bīnī)
се (se)
сиёҳ (siyōh)
сурх (surx)
зард (zard)
сабз (sabz)
гург (gurg)

Persian
ماه māh
نو now
مادر mādar
خواهر xāhar
شب šab
بينى bīnī
سه se
سياه siyāh
سرخ/قرمز qermez/sorx
زرد zard
سبز sabz
گرگ gorg

Дар он ҷо month и инглисӣ mōh и тоҷикист ва māh и эронӣ. Агарчӣ дар он сомона низ ба ҷои эронӣ - форсӣ навиштаанд, ки хатост.

Чуноне ки пештар низ таъкид кардам, забон якест ва он ҳам форсӣ ном дорад, вале гӯишашон гуногун - тоҷикӣ ва эронӣ, ё дурусттараш, форсии дарӣ ва форсии эронӣ. Забони тоҷикони Афғонистон дар таҳти таъсири шӯравӣ ва навиштори кириллӣ набудааст, вале талаффузи калимаҳо дар забони дарии Афғонистон айнан ба талаффузи тоҷикиашон монанд аст, на ба талаффузи эронӣ.

Аз ин рӯ нисбати талаффузи номи Обама, ман ҳанӯз дар фикри худ ҳастам. Ва агр аз ҳар як эроние пурсидед, онро ҳатман Убомо мегӯяд ва аз ҳар як тоҷик пурсидед, Обама ҷавоб медиҳад.

Дар мақолаи имрӯза http://www.ozodi.org/content/article/24093762.html номи террористи рақами аввал дар се ҷо се хел зикр шудааст: "бин Лодин", "бин Лодан" ва "бен Лодан". Дар як мақола се шева. Ба фикри ман, тарзи дурусти он "бин Лодин" мебошад.

Сарафроз бошед!

D said...

Фаррухи гиромӣ, агар талаффузи "дом"и русӣ ва "дом"и форсӣ (тоҷикӣ) яксон буд, тоҷикҳо ба ҳангоми суҳбат ба русӣ лаҳҷа намедоштанд. Лаҳҷаи тоҷикӣ дар забони русӣ ғолибан ба хотири ҳамин тафовутҳо ва надонистани ин тафовутҳост. Масалан, як тоҷики рустоӣ вақте мегӯяд "Как дела?" "а"и ӯ башиддат кашидатар ва бозтар аз "а"и русист. Ва вақте мегӯяд "я дома", "о"и тоҷикӣ боз ҳам кашидатар ва бозтар аз "о"и русист. Ҳамин тафовутҳо боъиси бурузи чизе ба номи "таджикский акцент" дар забони русӣ мешавад. Ва хелеҳо мутаваҷҷеҳи ин тафовутҳо нестанд, чун дар алифобои сириллик ин садоҳо бар ғалат баробари "а" ва "о"и русӣ дониста шудаанд.

Шумо фармудед, ки тоҷикони Афғонистон талаффузи яксон бо тоҷикони Осиёи Миёна доранд, ки дар бисёре аз мавридҳо дуруст аст. Агар ба лотиннигории тоҷикҳои Афғонистон таваҷҷуҳ кунед, мебинед, ки онҳо ҳам "афғон"ро "Afghan" менависанд, на "Afghon" талаффузи номи Obama дар Афғонистон ҳам "Убомо"ст. Пас он тофтаи ҷудобофта мо ҳастем, на онҳо. Мо ҳастем, ки бар асари тағйири алифбо дучори сардаргумӣ дар талаффуз шудаем.

Поянда бошед, дӯстам.

Фаррух Ҷаббориён said...

Дариюши азиз,

Ташаккури зиёд, аз баёни андешаҳоятон. Дар мавриди "таджикский акцент" ман ҳамфикри шумо ҳастам. Албатта хониши садонокҳои тоҷикӣ (форсии дарӣ) батамамом ҳамсони муодили русиашон нест. Фарқияте ки шумо овардаед вуҷуд дорад, вале ба фикрам на бад-он дараҷае ки ин фарқият байни хониши эрониву русист. Ба фикри ман, "дом" дар русӣ "dom" хонда мешаваду дар тоҷикӣ "dōm" ва дар эронӣ "dām". Ва ман ҳамеша дар фикри он будам, ки "ō" и тоҷикӣ ба "о" и русӣ наздиктар аст, нисбат ба "ā" и эронӣ. Шояд мо дар ин ҷода ҳамфикр набошем.

Албатта дар торнамо овоз навишта намешавад. Ман имрӯз аз дӯстони амрикоиам хоҳиш намудам, ки бароям номи президенташонро баръало талаффуз кунанд. Ва сонӣ ман низ аввал "Убомо", баъд "Обама" талаффуз кардаму пурсидам, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздиктар аст. Ҷавоби онҳо ин буд, ки "Обама". Зимни он дақиқаҳо якеашон ба ман гуфт, ки ин хатои навишти арабӣ аст, ки ба мо "Усома" ро низ "Osama" навиштаанд ва мо ба ҷои ин ки "Usoma" гӯем, онро хато талаффуз кунем.

Ин гуна муаммоҳои лаҳҷавӣ бисьёранд. Вақте ки тоҷике "о" менависад, он "ō" ро дар назар дорад, на "ā" ро. Ва албатта чуноне ки шумо овардед "ин баҳси забониро наметавон дар чанд ҷумла хулоса кард ва танҳо ба далели ин ки гӯиши хоссе мавриди писанди ман ё шумо нест, саросема ва шитобзада захмӣ кунему ба роҳкоре нарасем".

Шояд тарзи беҳтари ба як қарор расидан он аст, ки моро бояд аз ҷумлаи зиёди тоҷикони минтақаҳои Осиёи Марказӣ хониши ин садоҳоро пурсид ва статистикае ҷамъ оварда онро таҳлил бояд кард.

Ман ҳамфикри "тофтаи ҷудобофта" гии тоҷикие ки овардед нестам. Дуруст, алифбои кириллӣ шояд саҳми бузурге доштааст, вале айни ҳол мо бо лаҳҷае сӯҳбат мекунем, ки аз лаҳҷаи эронӣ дур аст, агарчанде ҳамдигарро хуб мефаҳмем. Ман бовар дорам, ки мо ҳамеша дар лаҳҷаи ҳозираамон сӯҳбат кардаем ва айни ҳол маҷбуран ба лаҳҷаи ношиноси эронӣ "баргаштан"и мо кори хатое мебуд.

Дӯсти азиз, боз ҳам ташаккури бепоён аз сӯҳбатҳои ҷолибатон. Ҳамеша сарбаланд бошед!