Saturday, January 4, 2020
Филмҳои тоҷикӣ
Чанд соле аз ин пеш, фикр кунам 14-15 сол аз ин қабл, ҳангоме ки интернет акнун густарда мешуду, Ютуб ҳанӯз моли Гугл набуд, як сомонае ба ном http://baxtier.mylivepage.ru фаъолият мекард, ки дар он филмҳои зиёди истеҳсоли "Тоҷикфилм" гузошта мешуд. Аз рӯи сомона маълум буд, ки соҳиби ин архиви филмҳо ҷавонмарде бо ном "Бахтиёр" буда, аз дӯстдорони филмҳои "Тоҷикфилм" буд. Мутаасифона, чанд солест ин сомона дигар кор намекунад. Гарчанде чанде аз филмҳои гузоштаи ин ҷавонмардро ҳоло дар ин ҷову он ҷо метавон пайдо кард, бештари ин филмҳо дигар дар сафҳаҳои интернет нестанд. Аз ҷумла, филми "Фиғонаи Нафрат" ро, ки чандест боз меҷӯяму наметавонам пайдо кардан. Ба худ гуфтам, ин ҷо як қайдномае нависам, шояд ин бузургмард ба мо номаи ошкоро бинависаду ин филмҳоро боз ба ширкат гузорад. Қаблан хеле сипосгузорам!
Subscribe to:
Post Comments (Atom)
No comments:
Post a Comment