Ман ошиқам,
майпараст, дар кўча по фитода,
Масту аласту
беҳол, ёди шаробу бода.
Мебарандам ба
ҷое, азми рафтан надорам,
Чандин, ки
бор бурданд, доим пои пиёда.
Ҳушёрхона
номанд, он ҷо ки ман равонам,
Ҳушёр аз чӣ
дорам, оред майро зиёда!
Аз ҷом бода нўшам,
то ки шавад нўши ҷон,
Хоҳӣ ки
дармони ман, боз ор ҷоми бода.
Қалбе ки ишқ
дорад, бечораҳол бошад,
Ишқи ман чун
фузун аст, паймона чора дода.
Молу мулке
надорам, баҳри халосӣ чунон
Ашк резам
мисли дур, барчинӣ шода-шода.
Ҳоло бидеҳ
шаробам, ё биёвар ишқи ман,
Ёхуд бимон ба
ҳолам, боқӣ намонд ирода.
(Фаррух Ҷаббориён, соли 2004)