Sunday, August 16, 2009

Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков

Ду ҳафта аз ин пеш дар youtube се саундтрэки фильми "Падари Моҳ" пайдо шуд. Фильм соли 1999 наворбардорӣ шуда, режиссёраш Бахтиёр Худойназаров мебошад ва дар он актёрони номӣ ба мисли Чулпан Хаматова, Ато Муҳаммедҷонов* ва Мориц Блейбтрой иштирок варзидаанд. Маҳбубтаринаш, мусиқии фильмро бастакори маъруфу дӯстдоштаи мо Далер Назаров ва гурӯҳи ӯ бастаанд. Вақте ин се саундтрэкро пайдо кардам, хеле хурсанд гаштам. Ва боз шод аз он гаштам, ки таи як ҳафта аллакай зиёда аз 200 нафар онро шунида бо нидоҳои "санъати олӣ", "олиҷаноб" ва ҳоказо шарҳҳо гузоштаанд. Шарҳгузорандагон асосан аз хориҷи кишвар буда мусиқии тоҷикро шояд бори аввал аз наздик мешуниданд. Худи upload кунанда аз Ҳолланд буда, дар робитаи шахсӣ гуфт, ки вақте ин киноро бори аввал тамошо кардааст, мусиқӣ хеле маъқулаш гаштааст, вале мутаасифона саундтрэки онро аз ҳеҷ куҷо пайдо накардааст ва солҳо дар ҷустуҷӯяш будааст.
Пас аз ҳафтаи онлайн истоданаш мусиқиҳо яку якбора гум шуданд. Ҷавоб дод, ки акнун линки онҳо иваз шудаанду сифати мусиқиро каме сайқал додааст то шавқун аз миён бардошта шавад. Пас аз он ҳам боз чанд бори дигар аз он ҷо бардошта боз бор кардан ниҳоят ба фикрам линки охиринро дирӯз гузошт. Дар давоми як рӯзи охир мардум аллакай аз 200 бор зиёдтар шунида ҳаловат бурдаанд.
Саундтреки аввал "Quiet Soul" - "Ороми ҷон" (ёки чуноне ки мо медонем, "Ай бевафо"), дуввум "Girl From the Village" - "Духтараки деҳотӣ" (ёки "чуноне ки мо медонем, "Духтари деҳқон") ва саввум "Happiness" - "Нишот" (ва ёки версияи худи Далерино "Қандгулаки лабшакар") ном доранд. Марҳамат ҳаловат баред. Умедворем, он дӯсти мо боз бо умеди сайқалдиҳӣ мусиқиҳоро аз байн нахоҳад бардошт.








Sunday, August 2, 2009

Марҳабо, навзоди мо! :-)

Ду ҳафта аз ин пеш рӯзи 20-уми моҳи июль оилаи мо ба як нафари дигар афзуд. Исмашро Фарид (Фарид Фаррухович Фаттоев) гузоштем, то ки ҳамеша шахси фарид бошад! Хурсандии моро ҳадду канор нест. Модараш низ хеле хурсанд аст. Алахусус Азизҷон (Азиз Фаррухович Фаттоев), ки акнун додар дорад. Модарам ки то ин вақт онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, акнун шояд аз ҳафтаи дигар ба хона баргарданд. Бародари хурдиам, Парвиз, низ ба донишгоҳ супоридааст. Ҷавоби имтиҳонот пас аз 8-10 рӯз муайян мешудааст. Бародари дигарам, Шаҳбоз, низ аз Итолиё баргаштаасту ҳоло дар Тошканд бо онҳо ҳамроҳ аст.
Зиндагӣ ба мароми худ идома дорад. Кори илмиам хуб ба пеш меравад. Ин ҳафта раҳбари илмиам ба Мексико баргаштаасту кори якҳафтаинаро ба дӯшам гузоштааст (аслан худам гирифтам, то омадани ӯ як чӣ дар даст дошта бошам то ҳарчӣ зудтар мақолаи худро чоп кунем).

Saturday, July 4, 2009

Мулоқоте бо Олег Фезов

Хиромон Бақозода

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо ҳунарманди шинохтаи тоҷик Олег Фезов, ки дар Олмон ба сар мебарад.



Олег, чаро шумо Тоҷикистонро тарк кардед?



- Оилаи ман кайҳо боз дар Олмон буд. Дар Душанбе дигар имконияти кору зиндагӣ набуд. Вақте имкони мувофиқ даст дод, мо ба Олмон куч бастем.

Дар бораи оилаатон чанд ҷумла бигуед.

- Ҳамсарам Лола Туйғуншоева. Шояд уро аз руи филми "Субҳи ҷавонии мо" дар ёд дошта бошанд, вай дар филм нақши асосӣ "Нисо"-ро бозида буд. Фарзандони мо дар Душанбе ба дунё омадаанд. Мо як оилаи оддии душанбегӣ дорем.

Дар хона ба кадом забон ҳарф мезанед?

- Ба русӣ

Оё шумо дар Олмон ҳам, мусиқӣ эҷод мекунед?

- Бале, аммо то имруз чизеро нашр накардаам. Феълан мо омодагӣ мегирем, зеро ҳануз маводе нест, ки омодаи пахш бошад. Ман худро овозхони касбӣ намешуморам, ман бештар ҳаваскорам. Ҳофизи касбӣ аз ҳаваскор бо он фарқ мекунад, ки мутахассис дар ҳама шароит ва ҳар замон кори худро анҷом дода метавонад. Ман, мутаассифона, хаваскорам. Агар ман илҳоми овозхонӣ надошта бошам, ҳеҷ хонда наметавонам.

Вале шумо ишора кардед, ки дар аввал кушиш намудед, касби овозхониро дар Олмон ҳам идома диҳед?

- Дар аввал мо хостем ин корро дар студияҳо анҷом диҳем, вале имкон нашуд, ки ман ҳамзамон бо оҳангсозиву овозхонӣ машғул бошам ва ба ҳаёти нав, забону қавонини нав одат кунам. Аз ин ру ба қароре омадам, ки бояд чунин як студияи сабтро дар хона бунёд кунам. Вале барои ин ҳам, вақт, пул ва имконият даркор аст. Аз ин ру ҳамаи ин корҳо дар сатҳи омодагӣ мебошанд.

Баъди ба Олмон рафтан шумо чӣ кор кардед?

- Ман таҳсил кардам, коллеҷи наққошиву тарроҳии шаҳри Дарштатро хатм кардам. Дар моҳи майи соли ҷорӣ дипломамро ҳимоя кардам. Акнун ман соҳиби дипломи олмонӣ ҳастам ва давраи таҷрибаомузиам ҳам дар як оҷонсии реклама шуруъ мешавад. Яъне ин касбе мешавад, ки оилаи маро мехуронад. Бо таронаҳои тоҷикӣ дар Аврупо ман зиндагиро пеш бурда наметавонам. Аз ин ру ман бояд коре мекардам.

Ҳолатон имруз чӣ тавр аст. Оё изҳори таассуф намекунед?

- Табъам хеле хуш аст. Чаро ман бояд афсус хурам. Ман шаҳрванди Тоҷикистонам, ҳам ин ки оилаи ман феълан дар шароити нисбатан беҳтар ба сар мебарад. Мо аз ватани худ ру нагардондаем, мо худро Тоҷикистонӣ меҳисобем. Оилаҳои зиёд ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя кучиданд, ба Маскав. Ман дар ин ягон фоҷиаеро намебинам.

Оё Тоҷикистонро ёд мекунед?

- Албатта баъзе ҳолатҳо нороҳат мешавед, ки онҳо ба вазъи руҳӣ вобастаанд. Албатта, шумо ки дур аз ватан афтодед. Вале агар дар паллаи тарозу гузоред, воқеияти шароити феълии ман бурд мекунад. Ман имкони фаротари амалӣ шудани барномаҳои зиндагии худро дорам. Агар ман дар Душанбе бошаму имкони амалӣ шудани омолҳоямро надошта бошам, ман аз ин ягон манфиат намебинам. Одам бояд бо коре машғул бошад, аз ин ру, ин як ҳолати маъмулӣ аст. Солҳое буд, ки ман дар як ҳайати эҷодӣ кор мекардам, бо як идда одамони воқеан ҳам ҷолиб. Онҳо ҳам инсони хуб буданд, ҳам мутахассиси ҳунари худ, аксари онҳо дар рустоҳои дури куҳӣ ба дунё омада буданд. Вале ҳар яки онҳоро як вақте мерасид, ки Душанберо тарк карда, ба Маскав ё Тошканд мерафтанд, баргашта боз дар пойтахт кор мекарданд. Вале дар қалби ҳар яки онҳо ватани хурди онҳо, намедонам, дар ноҳияи Ашт ё Ғонҷӣ боқӣ мемонад. Яъне тағйири макони зист як давраи навест дар зиндагии инсон, аз ин ру, дар ҳолати ман ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ нашудааст.

Оё шумо аз мусиқии имрузи тоҷик хабар доред?

- Мутаассифона, ба ман ҳамеша ваъда мекунанд, ки мусиқиҳои тозаэҷодро мефиристанд, вале ҳар чизе ки ман шунидам пораҳои сурудҳост. Кам-кам аз ҳар ҷой шунидам, вале як маълумоти пурра надорам. Вале ман пайваста аз интернет маълумоти мухталифро дастрас мекунам, ки ҷавонони тоҷик ба сафарҳои ҳунарӣ мераванд, дар Олмон консертҳо буданд. Далер Назаров як "Си Ди"-и нави худро дар Фаронса баровард. Ҳар чизи наве, ки рух медиҳад, маро хурсанд мекунад. Сатҳи мусиқӣ баланд аст, ба ҳар ҳол он чизе ки ман имкони шуниданашро доштам. Ва умуман ман бояд бигуям, ки дар ин масъала ман ҳеҷ гоҳ шаке надоштам, бубинед, тоҷиконро ҳар қадар азият надиҳед, вале истеъдоди ҳунарии мардуми тоҷикро гирифта намешавад. Ин мардум танҳо барои эҷод кардан офарида шудааст, аз ин ру, дар ин масъала, худоро шукр, ҳама хуб аст.

Кадом мусиқиро бештар меписандед?

- Ман мусиқии классикиву халқиро гуш мекунам.

Аз мусиқии тоҷикӣ-чӣ?

- Аз мусиқии тоҷикӣ ман сабтҳои садои Саодат Гулбековро дорам, мусиқии инструменталии Таваллоевҳоро. Инҳо овозхонони хубанд. Баъд, мусиқии зиёди мардумии Бадахшонро дорам. Ба қарибӣ ман сабти садои танбури Уротеппаро дарстрас кардам. Умуман, ҳама ин аз ҳолати мушаххас бастагӣ дорад, ман метавонам мусиқии ба истилоҳ сиёҳро ҳам гуш кунам. Мусиқӣ, медонед, ҳадду канор надорад.

Аз Далер Назаров чӣ хабар доред? Шумо замоне зиёд ҳамкорӣ доштед.

- Бо Далер ман кайҳо боз суҳбат накардаам. Бори охир ман бо у телефонӣ гап задам будам, вақте вай дар ҳамин қарибиҳо буд, дар Австрия, ба фикрам. У мусиқии филми Бахтиёр Худойназаров "Падари маҳтобӣ"-ро таҳия мекард. Ба фикрам ҳатто 3 сол пеш буд ин суҳбати мо. Мо бо у телефонӣ гап задему бо ҳамин тамоми робитаҳои мо қатъ шуданд. Ман аз дустонам шунидам, ки у дар Алматӣ зиндагӣ мекунад, вале кадом маълумоти дигаре дар бораи у надорам, на суроғааш, чизе надорам.

Дар гуфторҳои тоҷикии радиои Озодӣ мо барномаи вижаи ҷавононро ба роҳ мондем. Шумо чӣ муроҷиате доред ба ҷавонони тоҷик.

- Фикр мекунам, ҳар чӣ зудтар бояд суоли аҷиберо, ки зиндагии кулли сарзамини моро табдил кард, фаромуш шавад. Ин суол "Аз куҷойӣ ту?" Ин хеле бад аст. Вақте мо ниҳоят ба сатҳе мерасем, ки аз ҳамдигар напурсем, ту аз шимолӣ ва ё ҷануб, ҳамаи масъалаҳо ҳал мешаванд. Ман вақти зиёде доштам, ки дар ин бора фикр кунам. Ман дар солҳои душвортарин дар Душанбе будам. Ман сабақи зиёдеро дар зиндагӣ омухтам, ки посухи ҳамаи онҳо ҳамин буд: ин як аблаҳие, буд ки ба сари мардуми мо омад ва агар ҳар чӣ зудтар мо аз он раҳойӣ ёбем, ҳамон қадар зудтар зиндагии мо ру ба беҳбуд меорад. Зеро ки мо будем ва ҳастем - "МО ЯК МИЛЛАТЕМ"

Олег, ташаккур барои мусоҳиба ва мо бароятон муваффақият мехоҳем, дар ҳар куҷо, ки бошед.

- Ман хеле ҳам шод шудам, ки шумо бароям занг задед ва маро ҳануз дар ёд доранд. Ин воқеан ҳам ба онҳое ки дур аз ватан ба сар мебаранд хеле зарур аст. Зеро ки на ватан дар мо, балки мо ба ватан эҳтиёҷ дорем. Аз ин ру чунин мулоқотҳо хеле заруранд. Ташаккури зиёд ба шумо.

Sunday, January 25, 2009

Боз омадам.

Аз он ки дафъаи охирин ин ҷо навиштам 8 моҳ сипарӣ гаштааст. Ин муддат дар ҳаётам дигаргуниҳои бузург рух доданд. Миёнаи моҳи маи соли гузашта ман хонадор шудам. Ҳамсарам, Зебо, дӯстдоштаам аст ки чандин сол боз ба ҳам аҳду паймон кардаем. Се моҳи аввалро дар Ӯзбекистон гузаронидам. Сипас, бо ҳамроҳии ҳамсарам ба Иёлоти Муттаҳида парвоз намудем. Ин дафъа дар Алумнай Виллаҷ (Рустои Ходимон) манзил гузидем. Бо арзиши 390 доллари амрикоӣ хонаамон аз ду ҳуҷраи хобгоҳӣ, як зал, ошхона ва ду хоначаи амбору либосовезӣ иборат аст.

Моҳи декабри соли гузашта яке аз дӯстонам, Гулмаммад, ки аз Озарбайҷон аст, ба хонаамон ташриф намуда буд. Бо ӯ ба ҷойҳои гуногун сафар намудем. Аз ҷумла, ба Тампа ва ба Сейнт Ҷорҷ Айленд рафтем.

Семестри гузашта, ду фан гирифтам ва чун ҳарвақта вазифаи ТА-иро ба ӯҳда доштам. Аз ҳарду фан ("Физикаи ҷисмҳои чанд" ва "Космолоҷӣ") баҳои аъло гирифтам, яъне ба қавли инҳо "А". Семестри ҳозира бошад, барои хониш танҳо як фан мегирам: "Астрофизикаи ҳаставӣ". Вале аз се фан баҳогузор ҳастам (грэйдер): "Назарияи моддаи квантӣ - Б", "Электродинамика - Б" ва "Механикаи Квантӣ - Б".

Дар ин муддати сипаригашта, раҳбари илмии пешинаам донишгоҳи иёлати Флоридаро тарк гуфт ва аз ин рӯ ман маҷбур шудам дар соҳаи физикаи ҳаставӣ кор кунам. Инак, бо Проф. Хорхэ Пиекаревиц ном физики ҳаставие кор мекунам.

Ба наздикӣ ҳамсарам ба Ӯзбекистон бозмегардад. Билети парвозашро аллакай харидаем. Инак боз рӯзшуморӣ мекунам ки чанд муддати дигар бо ӯ ҳастам. Санаи бозгашти ӯ ба Иёлоти Муттаҳида алҳол маълум нест.